Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истеъфо!” як сокини Қубодиёнро ба пушти панҷара бурд


Бинои додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
Бинои додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Як сокини ноҳияи Қубодиён барои пайравӣ аз созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" ва талаби истеъфои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон панҷ сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Ҳукми Ҳ.С.Д. аз сӯи додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар охири ҳафтаи гузашта содир шуда, ҷузъиёташ тоза ба дасти Озодӣ расид.

Масъулони додгоҳ мегӯянд, ки боздошти ин сокини Қубодиён баъди бозгашташ аз муҳоҷират дар оғози моҳи январи соли ҷорӣ сурат гирифтааст: "Санаи 22.11.2015 бо ҳадафи идома додани иштирокаш дар созмони экстремистии “Гурӯҳи 24” ба зодгоҳаш ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон омада, 1 январи соли 2016 боздошт шудааст. Ҳ.С.Д. бо моддаи 307, қисми 2­и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд."

Ин сокини Қубодиён панҷ соли муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард. Талоши мо барои пайдо кардани наздикони Ҳ.С.Д. то ин дам бенатиҷа буд ва маълум нест, ки онҳо аз болои ин ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба зинаҳои болотар шикоят хоҳанд бурд, ё не.

Вале додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар хулосаи худ мегӯяд, ин сокини Қубодиён соли 2014 дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба "Гурӯҳи 24" пайваста, дар ҳамоишҳои зидди ҳукумати Тоҷикистон ва талаби истеъфои Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст. "Ҳ.С.Д. дар толори кинотеатри “Стрела”­-и шаҳри Екатеринбург дар маҷлиси аъзои ташкилоти экстремистии "Гурӯҳи 24" иштирок кардааст. Дар ин маҷлис чанд нафар баромад карда, аз иштирокдорон даъват кардаанд, ки ба Тоҷикистон рафта, дар Душанбе бо ҳадафи ғасби ҳокимият гирдиҳамоӣ баргузор кунанд. Онҳо дар баромадҳои худ нисбат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои қабеҳ гуфта, бо овози баланд “Истеъфо”, “Истеъфо”, “Истеъфо Эмомалӣ Раҳмон” гуфтаанд ва Ҳ.С.Д. бо дигар муҳоҷирони тоҷик аз қафои он нафарон “Истеъфо”, “Истеъфо”, “Истеъфо” гуфтааст,” -- таъкид шудааст дар қарори додгоҳ.

Дар қарори додгоҳи Исмоили Сомонӣ номи Маҳмадов Ҷамолиддин Ҳақназарович, маъруф бо тахаллусҳои «Дод» ва «Муборизи Ватан» ва Амиршоҳ оварда шудааст, ки онҳо барои ҷалби Ҳ.С.Д. ба "Гурӯҳи 24" муттаҳам мешаванд.

Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, то имрӯз беш аз 20 нафар дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ, ки тарафдорони “Гурӯҳи 24”-ро асосан бар пояи ҳамин модда ба додгоҳ мекашонанд, маҳкум шудаанд. Танҳо дар Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ 12 нафар бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Аз ҷумла, Собир Валиев соли гузашта дар Молдова тақрибан 40 рӯз ва Шабнам Худойдодова дар Беларус аз моҳи июни соли 2015 то феврали соли 2016 беш аз 8 моҳро дар боздошт ба сар бурданд, вале дар ҳарду маврид Кишинёв ва Минск дархости истирдоди онҳо ба Душанберо напазируфтанд ва онҳоро раҳо карданд. Ҳамин тавр, як узви дигари “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” Сулаймон Ҷобиров моҳи сентябри соли 2015 аз боздоштгоҳи Самара ба озодӣ баромад.

Баъди раҳоии Фирӯзшоҳ Лоиқов, аз тарафдорони “Гурӯҳи 24” танҳо ду нафар - Меҳрубон Сатторов ва Султон Шарифов – дар Русия дар боздошт боқӣ мемонанд. Султон Шарифов 33 сол дошта, аз ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи яке аз наздиконаш, Султон Шарифов дар Тоҷикистон низ бар асоси моддаи 307-уми Кодекси ҷиноӣ парванда дорад.

“Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" аз созмонҳои мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон мебошанд. Ин ду созмон дар тобистон ва баҳори соли 2014 дар чанд шаҳри Русия ҷамъомадҳои муҳоҷирини тоҷик алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ташкил карда, аз мардум хостанд, ки рӯзи 10 октябри ҳамон сол дар майдони марказии шаҳри Душанбе барои ширкат дар як эътирози зидди ҳукумат гирди ҳам биоянд.

Ин тазоҳурот доир нашуд, вале ба мавҷи таъқиби аъзо ва тарафдорони “Гурӯҳи 24” ва созмонҳои шарикаш оғоз гузошт. Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 фаъолияти "Гурӯҳи 24"-ро манъ кард ва онро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” баъди ду талоши нокоми истирдодаш аз Иморот ва Туркия шаби 5 марти соли гузашта бар асари як сӯиқасд дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ибтидо моҳи декабри соли 2014 дар шаҳри Маскав корд хӯрд ва дар моҳи январ ба таври мармуз ғайб зад. Танҳо дар тобистони соли 2015 мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки Иброҳимов дар Душанбест ва дар моҳи июн бо ҳукми додгоҳ ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

XS
SM
MD
LG