Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи 160 дузду қотил ва мухолифони ҳукумат тавассути Интерпол


Мақомоти Тоҷикистон аз тариқи Интерпол дастикам 160 нафарро ҷустуҷӯ мекунанд. Дар байни онҳо дар баробари ҷангҷӯён, қаллобон, қотилон ва ғоратгарон, мухолифини сиёсии ҳукумат низ ҳастанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравии узви Интерпол, бештар аз ҳама аз имконоти ин созмон дар таъқибу ҷустуҷӯи гумонбарон 6 кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия, Украина, Беларус ва Озарбойҷон – истифода мекардаанд.

Бино ба омори расмии Интерпол, феълан тавассути ин созмон дар маҷмӯъ 8 507 нафар таҳти ҷустуҷӯ гузошта шудаанд. Чоряки ин афрод, ё 2399 нафарро кишварҳои пасошӯравӣ аз тариқи Интерпол таъқиб мекунанд.

Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия, Украина, Беларус ва Озарбойҷон ҳар кадом дастикам 160 нафарро тавассути Интерпол таҳти таъқиб гузоштаанд. Гурҷистон(дар ҷои 5-ум) – 135 нафар, Узбакистон (11-ум) – 96, Қазоқистон (23-юм) – 63, Молдова(28-ум) - 54 нафар ва Арманистон, ки дар раддабандии ғайрирасмии Интерпол аз ҷиҳати теъдоди афроди таҳти таъқиб дар зинаи 33-юм меояд, 43 нафарро тавассути ин ниҳоди пулиси байналмилалӣ ҷустуҷӯ мекунанд.

Аз кишварҳои дигари Шӯравии собиқ Литва 22 нафар, Эстония 10 нафар ва Латвияву Туркманистон 7-нафариро барои ҷустуҷӯ ба Интерпол додаанд.

Рӯйхати афроде, ки Интерпол бар асоси дархости мақомоти Тоҷикистон таҳти таъқиб гузоштаанд, бо аксу нуқоти асосии айбномаи зидди онҳо дар ин нишонӣ қобили дастрасист:

"Рӯйхати сиёҳ"-и Интерпол

Интерпол, марказаш дар Лиони Фаронса, як ниҳоди пулиси байналмилалист ва тибқи муқаррароташ, ҳар кишвари узви ин созмон муваззаф аст, афродеро, ки дар рӯйхати афроди таҳти таъқиби он қарор доранд, ба муҷарради вуруди онҳо ба қаламрави кишварҳои узв дастгир кунад ва ба кишваре, ки таъқиби онҳоро хостааст, бисупорад.

Тоҷикистон моҳи октябри соли 2004 дар иҷлоси 73-юми Маҷмаи умумии Интерпол дар Канкуни Чин расман ба узвияти пулиси байналмилалӣ пайваст. Ин ниҳод дар ҳоли ҳозир 190 кишвари дунёро муттаҳид мекунад.

160 нафаре, ки бино ба рӯйхати Интерпол, бо дархости мақомоти Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ гузоштаанд, ба ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла ба ҷиноятҳои иқтисодӣ, фасоду ришва, куштору ғоратгарӣ ва ҳамин тавр, ба узвият дар гурӯҳҳои ифротиву ҷангҷӯ айбдор мешаванд.

Бори охир Интерпол дар поёни соли гузашта исми дастикам 25 нафари дигарро бо дархости Душанбе ба “рӯйхати сиёҳ”-аш шомил кард. Инҳо афродеанд, ки дар Тоҷикистон ба “зархаридӣ” ва “узвият дар гурӯҳи террористӣ” айбдор мешаванд. Аз шарҳи кӯтоҳи парвандаҳои ин 25 нафар дар сомонаи Интерпол бармеояд, ки ин 25 нафар зоҳиран ҷангҷӯёне мебошанд, ки дар Сурияву Ироқ ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд.

Аммо дар солҳои охир Интерпол аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои он танқид мешавад, ки ҳукуматҳои худкома ин пулиси байналмилалиро ба як василаи таъқиби мухолифини худ ва дигарандешон табдил додаанд.

Дар чанд маврид бо дастури Интерпол дар кишварҳои хориҷӣ мухолифини сиёсии ҳукумати кунунии Тоҷикистон низ дастгир шудаанд.

Абдумалик Абдуллоҷонов дар додгоҳи Киев
Абдумалик Абдуллоҷонов дар додгоҳи Киев

Аз ҷумла раҳбари Конгресси нирӯҳои созандаи Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоҳ ду дафъа – як бор дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав ва бори дувум дар фурудгоҳи пойтахти Гурҷистон – тибқи рӯйхати Интерпол дастгир шуд. Сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов 7 феврали соли 2013 дар фурудгоҳи Бориспол дар канори пойтахти Украина низ бо дастури Интерпол боздошт шуд ва қариб 2 моҳро дар интизори баррасии парвандаи истирдодаш дар боздошт ба сар бурд.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” низ ду дафъа – дар солҳои 2013 ва 2014 – ибтидо дар Душанбе ва бори дувум бо ҷамъе аз тарафдоронаш дар Истамбул бо дархости Интерпол дастгир шуд. Ҳамин тавр, шарики Қувватов - Шарофиддин Гадоевро тобистони соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания ва муовини раиси ин созмон Собир Валиевро дар моҳи августи соли 2015 дар фурудгоҳи Кишинёв, пойтахти Молдова низ бо дастури Интерпол гирифтанд, вале Гадоев баъди як ҳафта ва Валиев баъди 40 рӯзи боздошт раҳо ёфтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ парвандаҳои зидди ин нафаронро сиёсӣ унвон мекунанд ва кишварҳои узви Интерпол – Русия, Гурҷистон, Украина, Имороти Араб, Туркия, Испания ва Молдова – дар ниҳоят аз истирдоди онҳо ба Душанбе худдорӣ карданд.

Дар моҳи сентябри соли 2015 бархе манобеи наздик ба мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, ки асноди лозим барои таҳти таъқиби Интерпол гузоштани Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро низ омода карда истодаанд. Вале то ҳол исми кабирӣ дар "рӯйхати сиёҳ"-и Интерпол пайдо нашудааст.

Шарофиддин Гадоев - дар рӯйхати Интерпол
Шарофиддин Гадоев - дар рӯйхати Интерпол

Аммо исми Шарофиддин Гадоев, раҳбари кунунии "Гурӯҳи 24" дар рӯйхати Интерпол ҳанӯз боқист. Дар шарҳи ҳоли ӯ гуфта мешавад, ки Гадоев аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ба қаллобӣ айбдор шудааст.

Кишварҳои пасошӯравӣ дар амри таъқиби гумонбарон як қарордоди алоҳида ҳам доранд, ки дар чорчӯби СНГ амал мекунад. Ин паймон соли 1993 дар пойтахти Беларус имзо шудааст ва ба ин далел паймони Минск ном дорад. Бар асоси он, кишварҳои узви СНГ бояд афроди гумонбарро, ки дар яке аз кишварҳои узв таҳти таъқиб қарор дорад, бояд дастгир ва ба он кишвар истирдод кунанд. Истирдоди гумонбарон бар асоси ин паймон, осонтар сурат мегирад ва зиёдтар мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG