Ҷанҷол барои як порча замин дар Суғд сабаби "бонги хатар" шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед

Як соҳибкор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои бозпас гирифтани боғаш ба ниҳодҳои интизомии минтақа "бонги хатар" задааст. Вай дар номаи хеш ба мақомот иддао кардааст, ки масъулони ҳукумати маҳаллӣ ва Идораи замин бархилофи қонун боғи ӯро ба як соҳибкори дигар медиҳанд.

Зарифхоҷа Музаффаров ва аъзои оилааш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қариб сеюним гектар боғ доранд, аммо як номаи Идораи замин онҳоро ҳайратзада кард.

Ӯ мегӯяд, "инҷо ҳудуди бист сол боз моликияти мост, вале мегӯянд, ки 50 сотихи заминро ба “Сарват Капитал” аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ медиҳед. Ман корманди пешини Кумитаи андоз ҳастам ва инҳоро аз рӯйи қоида хуб мефаҳмам”.

Хонаводаи Музаффаровҳо дар ин боғ 540 бех зардолу, зиёда аз 1000 бех сафедор, 200 бех ангур ва даҳҳо шафтолую олую анор шинонда, як чоҳ кандаанд. Мегӯянд, барои ҳалли қазия ба раисҷумҳур ва раҳбарони ниҳодҳои дигар муроҷиат карда, аммо посух нагирифтанд. Ҳоло бо фиристодани як номаи эътирозӣ ба мақомоти интизомӣ аз худдифоӣ хабардор кардаанд.

Зарифхоҷа Музаффаров гуфт: "Рӯзи 22-юми сентябр аризаро бо номи “Бонги хатар” ба Додситонии вилоят, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилии Суғд ва Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супоридам. Гуфтам, ки пеш аз фалокат пешгирӣ кунед. Давлат барои ҳимоят аз моликиятам ба ман кафолат додааст. Расман ягон ҷавоб нест."

Дар дувумин ноҳияи калонтарини Тоҷикистон баҳси замин торафт бештар мегардад. Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар нишасти қаблии матбуотияш гуфта буд, ки даҳҳо қарори раисони собиқро дар мавриди замин бекор кард, вале боз ҳам баҳс нотамом монд.

“Комиссия бояд кор кунад. Комиссияе, ки замин тақсим мекунад, бояд ҷавобгариро ҳис кунад,” – гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки оилаи Музаффаровҳо худи раиси ноҳияро барои ба ширкати “Сарват Капитал” ҷудо намудани замин сабабгор медонанд. Онҳо тақозо доранд, ки ба масъалаашон ҷиддӣ бархӯрд шавад. Вокуниши мақомоти ноҳия феълан дастрас нест.

Тақсими замин дар минтақаҳои Тоҷикистон чанд сол боз ба як мавзӯи доғу баҳсӣ дар сатҳи болотарини ҳукумат табдил ёфтааст. Даъвогарон аксар вақт аз ғайриқонунӣ гирифта шудани заминҳояшон ва ришваситонӣ дар ин соҳа нигаронӣ мекунанд.

Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2020 нишон дода буд, ки шуморе аз сокинон бо роҳи шубҳаовар ва осон дар ноҳияи Рӯдакӣ, канори шаҳри Душанбе, соҳиби қитъаи замин шудаанд. Баъзе аз онҳо ба раиси онвақтаи ноҳия наздикӣ доштанд.