Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат Боғи фароғатии Хоруғро аз Бунёди Оқохон бозпас гирифт


Шоҳзода Карим Оқохон бори охир моҳи апрели соли 2012 ба Тоҷикистон омада буд.
Шоҳзода Карим Оқохон бори охир моҳи апрели соли 2012 ба Тоҷикистон омада буд.

Ҳукумати вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғро, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил додааст.

Манобеи Радиои Озодӣ дар Хоруғ хабар доданд, ки кормандони Идораи замин ба ҳуҷҷатгузории ин тағйир сар кардаанд, вале намояндагони Бунёди Оқохон аз шарҳи масъала худдорӣ намуданд.

Ин боғ соли 2003 ба Бунёди Оқохон дода шуд. Таъмир ва азнавсозии он аз соли 2004 то 2009 тӯл кашид ва тибқи иттилои расмӣ 4 миллион доллар барои ин тарҳ масраф шудааст.

Ризо Назарзода, раиси шаҳри Хоруғ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 9-уми август ин хабарро тасдиқ ё рад накард, аммо як манбаъ аз ҳукумати шаҳр бо шарти зикр накардани номаш гуфт, феълан як гурӯҳ аз Идораи замини шаҳр ба омода кардани санадҳои нави боғ машғул ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, мутахассисони Идораи замин вазифадор шудаанд, ки тарҳи низоми нигоҳдорӣ ва истифодаи боғро омода ва ба мақомот пешниҳод кунанд.

Як корманди собиқи Бунёди Рушди Оғохон дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чанд соле, ки боғи мазкур зери сарпарастии бунёд буд, барои нигоҳдорӣ ва беҳбуди он маблағи ҳангуфт сарф шудааст. "Дар Боғи фароғатӣ даҳҳо сокин барои назорати боғ кор мекарданд ва музд мегирифтанд. Ҳар сол аз ҷониби Бунёди Оқохон барои боғ маблағ ҷудо мешуд. Ҳадафи аслии аз дасти бунёд гирифтани ин боғ маълум нест, вале ин тарзи муносибати мақомоти шаҳри Хоруғ ба суди кор нахоҳад буд,"--гуфт ӯ.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ду сол қабл як тарҳи дигари Бунёди Оқохон, ки ба хотири рушди деҳ бо номи "ГАҶА" дар ҳар деҳоти Бадахшон ба роҳ монда шуда буд, низ аз тарафи мақомоти амниятии вилоят баста шуд ва сабабашро ҳам шарҳ надодаанд.

"ГАҶА", яке аз усулҳои қавӣ намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ аз назари иқтисодӣ дар сатҳи маҳал, кӯча ва деҳа аст. Бар асоси ин тарҳ аъзоён ҳар моҳ миқдори муайяни маблағро ҷамъ мекунанд ва ҳар як аъзо ҳақ дорад, бо фоизи паст аз ин пул истифода карда, боз онро баргардонад. Ин системаро дар нуқоти мухталифи ҷаҳон истифода мебаранд ва дар Бадахшон онро тариқи Шабакаҳои Оқохон омӯхтанд ва баъдтар пиёда карданд.

"Бар асоси ин тарҳ дар ҳар деҳа сандуқи пулӣ аз ҳисоби мардум дуруст карда шуд. Дар он мардуме, ки тавон дошт, маблағ мегузошт ва афроди ниёзманд кумак мегирифтанд. Баъди иҷрои корашон боз дубора бармегардонданд. Аз ҳамин сандуқҳо дар ҳар деҳа ба афроди фақир кумаки пулӣ расонида мешуд. Ин чӣ бадӣ дошт, ки мақомот онро аз байн бардоштанд,"-- гуфт, ҳамсуҳбати мо.

Бунёди Рушди Оғохон, яке аз созмонҳои байналмилалии моливияст, ки дар татбиқи чандин барномаҳои иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми маорифи ҳукумати Тоҷикистон ширкат дорад. Бунёди Оғохон махсусан ба аҳолии вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки умдатан аз пайравони мазҳаби исмоилия мебошанд, кумакҳои башарӣ ва ҳамчунин қарзҳои камфоиз дода, дар бунёди муассисоти таълимӣ ва бо компютер таъмин кардани ин муассисот мадад расонидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG