Гузоришҳо: Ҷамшед Ёров ба ифшои сирри додгоҳ муттаҳам шудааст

Наздикони Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ иддао мекунанд, ки пас аз як рӯзи нопадид шудан, ӯ расман боздошт шудааст.

Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш рӯзи 23 август, баъди як рӯзи нопадид шудан бо онҳо телефонӣ дар тамос шуд ва хабар дод, ки дар бинои Додситонии кулл қарор дорад ва ба боздоштгоҳи муваққатии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе интиқол меёбад.

Хосият Ёрова гуфт, ки дар ин сӯҳбати телефонӣ Ҷамшед гуфтааст, ки Додситонии кулл ӯро дар интишор додани нусхаи ҳукми Додгоҳи олӣ дар нисбати аъзои раёсати ҲНИТ айбдор мекунад. Аммо мақомоти

Хосият Ёрова

Додситонии кулл дар иртибот ба ин масъала иттилое надоданд, аз ҷумла ин хабарро расман тасдиқ ё инкор накарданд. Санҷиши дурустии ин хабар феълан имкон надорад, ҳеҷ як аз сохтори қудратии Тоҷикистон омода нашуд, ки ин қазияро барои матбуот шарҳ диҳад.

Вале ба иддаои Хосият Ёрова, ки бо такя ба занги кӯтоҳи телефонии бародараш Ҷамшед Ёров сӯҳбат мекард, алайҳи бародараш бо моддаи 311 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ифшои маълумоти дорои сирри давлатӣ аз ҷониби шахсе, ки ин маълумот ба ў бовар карда шудааст ё вобаста ба хизмат ё кор ба ў маълум гардидааст, агар ин маълумот дастраси дигар шахсон шуда, дар ин кирдори ў нишонаҳои хиёнат ба давлат мавҷуд набошад), айб эълон карда шуд.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон се сол маҳрум кардан аз озодӣ ва маҳрум шудан аз ишғоли мансабҳои муайян то се солро, пешбинӣ мекунад. Бар пояи қонун, агар ин амал боиси сар задани оқибатҳои вазнин шавад, шахси муттаҳам аз панҷ то даҳ сол ҳукми зиндон мегирад ва то панҷ сол аз фаъолият дар мақомҳом муайян маҳрум мешавад.

Хосият Ёрова, хоҳари Ҷамшед Ёров таъкид мекунад, ки бародараш дар баҳси қазияи додгоҳии аъзои раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ танҳо аз Муҳаммадалии Ҳаит ҳимоят мекард ва нусхаи ҳукми Додгоҳи

Бузургмеҳр Ёров

Олиро дар даст надошт. Ҷамшед бародари Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшиноси дигар аст, ки ҳоло дар додгоҳ аз рӯи иттиҳоми «барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ва инчунин қаллобӣпосух медиҳад. Худи ӯ аз оғоз ин иттиҳомотро беасос номида рад кардааст.

Айни замон, аз рӯи иттилои хешовандони Муҳаммадалии Ҳаит, ҳамсар ва писари ӯ, ки ду рӯз нопадид буданд, шоми рӯзи 23 август озод шуданд. Хабари нопадидшавии онҳо ду рӯз пеш пахш шуд, аммо маншаи ин боздошт маълум набуд. Аз рӯи иттилои хешовандон, Савриннисо Ҷӯраева - ҳамсар ва Фирӯз - писари 17-солаи сиёсатмадори зиндонӣ дар озодӣ ҳастанд, вале омода нестанд бо хабарнигорон сӯҳбат кунанд. Аз ҷумла, бозгашти модару бародарро духтари ноболиғи Муҳаммадалии Ҳаит тасдиқ кард, вале то ҳол ба хабарнигорон имкон даст надод, ки онҳоро бубинанд.

Савриннисо Ҷӯраева

Хабари боздошти кӯтоҳмуддати ҳамсар ва писари Ҳаит баъди он пахш шуд, ки Савриннисо Ҷӯраеваро Додгоҳи олӣ рӯзи 20 август иҷозат дод бо ҳамсараш дар боздоштгоҳ мулоқот кунад. Баъди ин ӯ ба матбуот гуфт, ки овозаҳо дар бораи эҳтимоли шиканҷа шудани ҳамсараш ҳақиқат надорад ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бо ӯ муносибати дуруст мекунанд. Ин аввалин мулоқоти Ҳаит бо ҳамсараш баъди моҳи январи соли ҷорӣ буд. Ҳамингуна ҳамсари сардабири нашрияи “Наҷот” ҳам ду ҳафта пеш баъди мулоқот бо шавҳараш овозаҳо дар бораи эҳтимоли шиканҷа шудан ва ҳам гуруснанишинӣ эълон кардани Ҳикматулло Сайфуллозодаро дар зиндон рад кард. Ин хабарҳоро қаблан сайти марбут ба ҲНИТ дар хориҷи Тоҷикистон нашр карда буд.

Рӯзи 24 август Садриддин Шарифзода, сардори боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ хабари шиканҷа шудани маҳбусони ҲНИТ-ро рад кард ва онро “як иғво дар остонаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳ ба қазияи онҳо” номид. Вай гуфт, ки то ҳол ҳеҷ нафар ин боздоштшудаҳо дар бораи шиканҷа шудани худ шикоят накардаанд ва дар сурати ворид шудани шикоят, прокурори назоратӣ бояд ин қазияро баррасӣ бикунад.

Як фаъоли ҳуқуқи башар гуфт, ки аз рӯи иттилои онҳо, феълан ҳеҷ созмони масъули зиндонҳо, ҳуқуқшиносон ва ё дипломатҳои хориҷӣ бо

Надежда Атаева

ҳеҷ нафаре аз зиндониёни ҲНИТ дидор накардаанд. Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ дар мукотибаи фейсбукиаш ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи иттилои онҳо, “маҳкумшудаҳои ҲНИТ танҳо таҳти муроқибати табибони зиндон қарор доранд, ки имконияти маҳдуд доранд”. Атаева дар робита бо боздошти Ҷамшед Ёров гуфт, ки боздошти Ҷамшед Ёров “тасдиқи дигарбораи он аст, ки Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи душманҳои дохилӣ мегардад”. Вай аз Ёров ба ҳайси як вакили дифои касбӣ ситоиш кард ва гуфт, ки “ӯ яке аз камтарин адвокатҳоест, ки на танҳо кӯмаки ҳуқуқии босифат анҷом медод, балки системаи сиёсии кишварашро хуб дарк мекард”.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ як сухангӯи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Швейсария гуфт, ки то ҳол ҳеҷ як дархости ин созмон барои дидорбинӣ бо зиндониён дар Тоҷикистон натиҷа надодааст. Ҷенифер Тобиас, масъули равобит бо ҷомеаи ин созмон дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ рӯзи 24 август гуфт, ки бори охир намояндагони ин созмон соли 2004 вориди зиндони Тоҷикистон шуда, бо зиндониён мулоқот кардаанд. Баъди ин ҳеҷ дархости онҳоро барои дидор бо зиндониён, бахусус онҳое, ки дар нисбаташон матбуот ва гузоришҳои ҳуқуқи башар изҳори ташвиш кардаанд, мақомоти тоҷик қабул накарданд.

Ҳидоят Бишчевич

Дар ҳамин ҳол, раҳбари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон Ҳидоят Бишчевич гуфт, ки моҳи сентябр ният дорад мавзӯи зиндониҳои ҲНИТ-ро дар як мулоқот бо сафирони кишварҳои узви ин иттиҳодия дар Душанбе баррасӣ кунад. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ аз Хорватия Бишчевич гуфт, ки дар оғози моҳи сентябр дар шаҳри Брюссел қарор аст бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо “чандин мулоқоти муҳим” баргузор карда, аз ҷумла ин мавзӯъро бо онҳо дар миён гузорад. Илова ба ин, гуфт ӯ, “дафъатан баъди бозгашт ба Тоҷикистон дар моҳи сентябр ман мулоқоти сафирони кишварҳои узви ИА-ро баргузор карда, ин мавзӯъро бо онҳо дар миён мегузорам. Баъдан ба қароре мерасем, ки дар ин вазъият чӣ мешавад кард?”.

Ҳидоят Бишчевич гуфт, ки мавзӯи зиндониҳо дар Тоҷикистон дар муколамаи ахири ҳуқуқи башари миёни Иттиҳодияи Аврупо ва ҳукумати Тоҷикистон ҳам яке аз масоили калидии мавриди баррасӣ буд. “Мо дар баробари ҷараёни мурофиаҳои додгоҳӣ аз назари низоми додгустарӣ инчунин ба шароити нагаҳдории маҳкумшудаҳо дар зиндон ҳам таваҷҷӯҳ кардем. Ин масъалаи хеле ҷиддӣ аст ва мо нигарониҳои худро баён кардем”, гуфт ӯ.

Додситонии кулл ва Додгоҳи олии Тоҷикистон аз ин пеш гуфтаанд, ки аз рӯи қазияи ошӯби мусаллаҳонаи 4 сентябри порсол, ки масъулияти ташкили онро ба дӯши муовини вақти вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва маблағгузориашро ба дӯши ҲНИТ вогузор кардаанд, 170 нафар боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Ин мурофиаҳо махфӣ ва пӯшида сурат гирифта, вакилони дифоъ, хешовандон ва дигар шоҳидону ширкатдорони додгоҳҳо баёния додаанд, ки ҷузъиёти ин қазия ошкор намешавад. Вале рӯзи 4 август дар сайти марбут ба ҲНИТ нусхаи 90-саҳифаии ҳукми додгоҳии 17 узви баландпояи ҲНИТ суолҳоеро дар заминаи тарзи берун рафтани ин мавод эҷод кард.