Савринисо Ҷӯраева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи имрӯз, 20 август бо шавҳараш ҳудуди як соат дар Боздоштгоҳи муваққатии вазорати адлия мулоқот дошт.
Ба дунболи пахши хабарҳо дар бораи шиканҷа ва маъюб шудани Маҳмадалӣ Ҳаит ва нигаронии наздикони ӯ аз вазъи саломатиаш, Додгоҳии олии Тоҷикистон рӯзи гузашта ба Савринисо Ҷӯраева иҷоза дод, ки бо шавҳараш мулоқот кунад.
"Хубай шукри Худо, овозаҳо дурӯғ буданд. Аз наздик дидамаш. Саломатиаш хуб буд. Ягон ҷои нигаронӣ ва шикоят нест. Баромадем, хурсанд шудем.”- гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.
Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамзамон афзуд, ки шавҳараш аз рӯҳияи хуб бархӯрдор аст ва гуфтааст, ки кормандони боздоштгоҳ бо ӯ рафтори муносиб доранд ва сари вақт хӯрокро ба ӯ мерасонанд.
Тибқи қонун, наздикони Маҳмадалӣ Ҳаит ҳаққ доранд, ки ҳар шаш моҳ як бор бо ӯ мулоқот кунанд. Хонум Ҷӯраева мегӯяд, ки қарор буд чаҳор моҳ баъд бо шавҳараш мулоқот дошта бошад, аммо бинобар нигарониҳо дар мавриди шиканҷа шудани ӯ, Додгоҳи олии Тоҷикистон иҷозаи мулоқотро ба онҳо дод.
Ду рӯз пеш вебсайтҳои мухолифони тоҷик дар хориҷа хабар доданд, ки Маҳмадалӣ Ҳаит ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ шуда, бар асари шиканҷа вазъи саломатиаш бад шудааст.
Аммо масъулони Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди шиканҷа шудани муовини раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Маҳмадалӣ Ҳаит дар боздоштгоҳро рад карданд.
Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлия ба Озодӣ гуфт, "ин овозаҳо ҳеҷ асос надоранд ва агар наздикони Маҳмадалӣ Ҳаит муроҷиат кунанд, мо баррасӣ хоҳем кард."
Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, моҳи сентябри соли гузашта бо ҷурми терроризм боздошт ва баъдан барои як умр равонаи зиндон шуд. Худи Ҳаит дар баҳсҳои додгоҳӣ ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомро эътироф накардааст.