Қ.Мурувват: Лаҳни мансабдорони қирғиз ҳоло нармтар шудааст

Қодиршоҳи Мурувват

Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Бишкек мегӯяд, дар номае аз вазорати маорифи ин кишвар хостааст, ки барои аз марз гузаштани донишҷӯёни тоҷикзабони Қирғизистон кӯмак кунанд.
Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Бишкек мегӯяд, дар номае аз вазорати маорифи ин кишвар хостааст, ки барои аз марз гузаштани донишҷӯёни тоҷикзабони Қирғизистон кӯмак кунанд, то донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон иҷозаи гузаштан аз марзи миёни ду кишварро пайдо кунанд. То ҳол ҷамъияти тоҷикон ба ин нома ҷавоби расмӣ нагирифтааст ва ҳукумати Қирғизистон низ барои гузаштани донишҷӯён аз марз иҷоза надодааст.

Бино ба маълумоти ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон, дар донишгоҳҳои Тоҷикистон бештар аз 200 донишҷӯ таҳсил мекунанд ва аз онҳо 58 нафар дар давраи таътили зимистона пеш аз тирандозии 11 январ дар марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон ба назди падару модарони худ ба Қирғизистон омада буданд. Ҷамъияти тоҷикон мегӯяд, бо вуҷуди набуди иҷозаи расмӣ баъзе аз ин донишҷӯён ба таври хусусӣ аз роҳҳое ба Тоҷикистон баргаштаанд ва акнун таҳсили худро идома медиҳанд.

Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон мегӯяд, вақтҳои охир ин ҷамъият фаъолтар шудааст ва баъд аз рӯйдодҳои ахир шӯъбаҳои созмони ътоҷикони ин кишвар дар минтақаҳои тоҷикнишин мулоқотҳо баргузор мекунанд ва баъд аз якуним соли таваққуф шумораи нави нашрияи тоҷи4кони Қирғизстон бо номи “Паёми Алатоу” аз чоп баромад.

“Паёми Алатоу” аз моҳи сентябри соли 2008 ба нашр мерасид, вале дар соли 2011 аз чоп монд. Дар мусоҳибае бо Қодиршоҳи Мурувват - муовини раиси ҷамъияти тоҷикон пурсидам, дар шумораи нави “Паёми Алатоу” чӣ матолиб ба нашр расидааст?

Қодиршоҳи Мурувват: Навгониҳое, ки вақтҳои охир дар ҷамъияти тоҷикон ба вуқуъ пайваст, онҳо нашр гардиданд. Дар ин шумора сафҳаи адабӣ низ ҳаст, матолибе дар бораи дӯстии мардумони тоҷику қирғиз ҷой дода шудааст. Акнун баъд аз ин мо ният дорем, ки ба муносибати Наврӯз шумораи баъдиро ба нашр омода кунем ва ҳамин тавр, чопи ин рӯзнома дар оянда идома хоҳад ёфт.

Озодӣ: Оё дар нашрияи шумо мақолаҳо аз минтақаҳои тоҷикнишини Қирғизистон чоп мешаванд?

Қодиршоҳи Мурувват: Бале ин нашрия мақолаҳоро дар бораи зиндагии тоҷикони минтақаҳои мухталифи ин кишвар дар бар мегирад. Мо дар ин минтақаҳо аз ҷумлаи муаллимону намояндагони фарҳанг ва тоҷикони маҳаллӣ хабарнигорони худро дорем. Онҳо ҳамвора ба мо мақолаҳои худро мефиристанд.

Озодӣ: Шумо рӯзномаи худро дар байни аҳолӣ чӣ тавр тақсим ё пахш мекунед?

Қодиршоҳи Мурувват: Дар ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишин мо шӯъбаҳои созмони тоҷиконро дорем. Ба ин созмонҳо ва ҳатто ба деҳаҳои алоҳидаи тоҷикнишин рӯзномаамонро мефиристем ва онҳо миёни худ онро тақсим мекунанд.

Озодӣ: Оё барои тақсим ё пахши ин рӯзнома аз тарафи мақомоти зидахли Қирғизистон мушкил пеш намеояд, чун рӯзнома ба ҳар ҳол ба забони тоҷикист?

Қодиршоҳи Мурувват: Дар 5 соле, ки мо ин рӯзномаро таҳия ва пахш мекардем, мушкиле пеш наомадааст, чунки рӯзномаи мо дар вазорати адлияи Қирғизистон зери шумораи мушаххас сабти ном шудааст ва ба таври расмӣ чоп мешавад.

Озодӣ: Баъд аз ҳодисае, ки дар марз рух дод, оё дар таҳсили кӯдакон ё масалан дар чопи рӯзнома ё тақсими он маҳдудияте мушоҳида нашудааст?

Қодиршоҳи Мурувват

Қодиршоҳи Мурувват: Пеш аз сӯҳбати мову шумо дар осорхонаи миллии Қирғизистон дар Бишкек намоишгоҳи нашрияҳо ва китобҳои ақвоми сокини ин кишвар баргузор шуд ва мо дар он ширкат доштем. Намояндагони порламон, ҳукумат ва аз дафтари раёсати ҷумҳурӣ, аз Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон дар он ҳузур доштанд. Ман дар он ҷо дар бораи чопи нашрияи “Паёми Алатоу” сӯҳбат кардам. Дар бораи тарҷумаи осори Чингиз Айтматов ба забони тоҷикӣ ва чопи онҳо сӯҳбат кардам, ба онҳо гуфтем, ки барои мактабҳои тоҷикӣ китобҳои дарсиро дар Қирғизистон бо назардошти вижагиҳои миллии ин кишвар таҳияву чоп кардам. Ин клорҳо мавриди ризояти намояндагон қарор гирифт ва эътиқоди моро ба ояндаи тоҷкони Қирғизистон таҳким мебахшад.

Озодӣ: Оё дар байни мардум баъд аз ин ҳодисаҳо ва бастани марзҳову посгоҳҳо рӯҳияи зиддитоҷикӣ эҳсос мешавад?

Қодиршоҳи Мурувват: То он ҳадде, ки ман хабар дорам, дар минтақаҳое, ки тоҷикон ба таври дастаҷамъӣ зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ ҳодисае пеш наомадааст. Дар Қирғизистон сохторе ҳаст бо номи Кумитаи давлатии ҳокимияти маҳаллӣ ва муносибатҳои миллӣ. Бо ташаббуси ин кумита як гурӯҳи корӣ таъсис гардидааст, ки дар миёни онҳо намояндаи созмони тоҷикони Қирғизистон ҳам буд. Ин гурӯҳ дар минтақаҳои наздимарзӣ дар маҳаллоте, ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд, як мониторинг анҷом дод. Ин мониторинг нишон дод, ки дар миёни тоҷикон ва қирғизҳое, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, муносибатҳо дар ҳолати муътадил ва аввалия қарор дорад ва мо умедворем, ки бо хуб шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя ин нигарониҳои мо низ аз байн хоҳанд рафт. Ба хусус баъд аз мулоқоти ахири ҳайати расмии Тоҷикистон дар Бишкек, ки чанд рӯз пеш баргузор шуд, мақомоти масъули Қирғизистон ва матбуоти ин кишвар лаҳни сӯҳбати худро гармтар кардаанд. Умед ин аст, ки дар мулоқоти Душанбе вазъ беҳтару хубтар мешавад.