Зимни як сӯҳбати вижа Равшанбек Собиров ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт: «Ман аз партияи «Ота Макон» худро номзад пешбарӣ кардам. Дар интихобот партияи «Ота Макон» 18 ҷой гирифт. Ҳамаи мо хурсандем. Доимо тоҷикони Қирғизистон орзу мекарданд, ки дар парлумон як вакили худро дошта бошанд ва, иншооллоҳ, роҳ ба сӯи парлумон барои тоҷикон ҳам кушода шуд».
Талош барои ҳуқуқи ҳамзабонон
Раиси созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон мегӯяд, таълиму тадриси фарзандони мардуми тоҷиктабори кишвараш ислоҳ мехоҳад. Ба гуфтаи ӯ, аз байн рафтани синфу мактабҳои зиёди тоҷикӣ дар Қирғизистон ба рушди забону фарҳанг ва суннатҳои тоҷикӣ таъсири манфӣ ба бор овардааст.
Равшанбек Собиров мегӯяд: «Мақсади асосии ман хизмат ба ватан ва мардуми Қирғизистон аст. Дар баробари ин, проблемаҳои тоҷиконро ҳам ба миён гузошта, дар ҳал намудани он кӯшиш мекунам. Ман мактаби қирғизиро тамом кардаам ва ин забонро нағз медонам. Аммо як масъалаи хеле муҳим зиёд кардани синфҳои тоҷикӣ дар мактабҳои миёнаи кишварам аст. Инро ҳам, иншооллоҳ, ҳал мекунем. Нашри газетаро давом медиҳем. Хуллас, нақшаҳои мо зиёданд».
Қодиршои Мурувват, яке аз коршиносони масоили фарҳангӣ, мегӯяд, ки дар 19 соли истиқлолияти Қирғизистон барои аввалин бор як тоҷиктабори муқими он ба ниҳоди олии қонунгузорӣ намоянда интихоб шуд. Созмони тоҷикони Қирғизистон ҳамеша талош мекард, ки аз миёни шахсиятҳои арзандаи тоҷик ба парлумон як ё ду нафар вакил интихоб шаванд. Ахиран Равшанбек Собиров, раиси созмони тоҷикон тавонист, ки ба ин мақом довталаб бошад ва пирӯз шавад.
Истиқболи тоҷикон аз пирӯзии Равшанбек Собиров
Ба гуфтаи Қодиршои Мурувват, аз минтақаҳои Қирғизистон ба дафтари созмони тоҷикон афроди зиёд занг заданд ва иброз доштанд, ки ба парлумон пазируфта шудани раиси созмони онҳо як ҳодисаи таърихиву боиси ифтихори тамоми тоҷикони Қирғизистон аст. Вай гуфт, зеро дар парлумони Тоҷикистон солиёни дароз қирғизтаборони ин кишвари ҳамҷавор вакилони худро соҳиб ҳастанд, аммо барои тоҷикони Қирғизистон чунин имконият бори аввал ба даст омад.
Ёдовар мешавем, ки Равшанбек Собиров дар интихоботи парлумонии соли 2007 номзади худро ба парлумон пешниҳод кард, вале барои пирӯзии ӯ раъйҳои ангуштшумор нарасиданд. Ба гуфтаи Равшанбек Собиров вай аз ин ҳол дилсард нашуд ва бори дигар талош намуд, ки як курсии парлумони кишварашро ишғол кунад.
Равшанбек Собиров соли 1970 дар деҳаи Янгиери ноҳияи Қаросӯ, воқеъ дар вилояти Ӯш, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб дар Флоти баҳрӣ хизмат кардааст. Равшанбек Собиров риштаҳои иқтисод ва ҳуқуқу гумрукро хатм кардааст ва яке аз соҳибкорони варзидаи тоҷик дар Қирғизистон муаррифӣ шудааст.
Вай соли 2008 ба раҳбари иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ интихоб шуд. Равшанбек Собиров профессори ифтихории Академияи ҷамъиятии ба номи Чингиз Айтматов аст. Таҳти ҳимояти моли ӯ беш аз 16 номгӯй китобҳо оиди таъриху фарҳанги тоҷикони Қирғизистон ва шахсиятҳои шинохтаи адабиву илмии тоҷикони муқими ин кишвар ба чоп расид. Равшанбек Собиров соҳиби чаҳор писар аст ва яке аз онҳоро ба шарафи сипаҳсолори бузург Аҳмадшоҳи Масъуд ном ниҳодааст.