Пирӯзии “Истиқлол” бар “Равшан” дар Кӯлоб

Лаҳзае аз бозии "Равшан" ва "Истиқлол"

“Истиқлол”-и Душанбе рӯзи чоршанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври 13-уми мусобиқаи лигаи олии кишвар дар меҳмонӣ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд.

Рӯзи 22-юми октябр бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон даст ёфтааст, рӯзи чоршанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври 13-уми мусобиқаи лигаи олии кишвар дар меҳмонӣ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд.


Дар бозии дигар «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод ва бо 26 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи дувум баромад.

Вале бозии мавқуфгузоштаи даври 15-ум байни тимҳои «Вахш» ва «Энергетик» баргузор нашуд. “Энергетик”, ки аз бозӣ бо рақибаш даст кашид, бо ҳисоби фаннии 0:3 мағлуб ва “Вахш” бо ҳисоби фаннии 3-0 ғолиб дониста шуд. Дарвоқеъ, ин аввалин пирӯзии қӯрғонтеппагиҳо дар давраи дувуми мусобиқа ба шумор меравад. “Вахш” бо 10 имтиёз минтақаи хавфнокро тарк намуда, ба ҷойи 9-ум баромад. “Равшан”, қаҳрамони порсолаи Тоҷикистон, ки 9 имтиёз дорад, дар ҷойи охирин - 10-ум қарор гирифтааст.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 13-ум

«РАВШАН» - «ИСТИҚЛОЛ» - 1:2

Голҳо: Умедҷон Шарифов, 43 (0:1). Дилшод Восиев, 83 (0:2). Комрони Саидзода, 85 (1:2).

«Равшан» (Кӯлоб): Фатҳуллои Изатулло, Сайидамири Сайдаҳамад, Музаффар Назаров, Далер Шомуродов, Тоҳири Баҳром, Далер Чолов (Далер Шарифов, 46), Сайидхони Амрохон, Комрони Сайидзода, Абдухалил Боронов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Саидмуҳаммади Бобохон (Аминҷони Муҳиддинҷон, 90+1).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Глаубер Да Силва, Наим Улмасов, Умедҷон Шарифов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 67), Мануэл Бледа Родригес, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Хуршед Маҳмудов, 71), Ҷаҳонгир Эргашев, Дэвид Мавутор, Ромиш Ҷалилов, Комил Саидов (Дилшод Восиев, 67).

Огоҳонида шуданд: Муҳаммаджони Ҳасан («Равшан»), Наим Улмасов («Истиқлол»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

22 октябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошобин.

«ХАЙР» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 2:1

Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ (2) – Абдурасул Раҳмонов.

«ВАХШ» - «ЭНЕРГЕТИК» - 3:0 (натиҷаи техникӣ)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

14

13

1

0

55-8

40

2

«Хайр» (Ваҳдат)

15

8

2

5

23-16

26

3

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

15

7

5

3

15-10

26

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

7

4

3

17-14

25

5

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

14

6

1

7

19-30

19

6

«Энергетик» (Душанбе)

14

5

4

5

17-18

19

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

14

4

4

6

20-20

16

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

14

2

5

7

9-18

11

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

15

3

1

11

6-26

10

10

«Равшан» (Кӯлоб)

15

2

3

19

14-35

9

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 14 тӯб, Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол») – 7-тӯбӣ, Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд») – 6 тӯб.

Бозиҳои наздиктарин:

Ҷоми Тоҷикистон-2014

Даври ниманиҳоӣ

26 октябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо - соати 15:00

«Истиқлол» - «Саройкамар»

«Хайр» - «Регар-ТадАЗ»

Чемпионати Тоҷикистон

Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 14-ум

29 октябр (чоршанбе)

Оғози бозиҳо - соати 15:00

«Истиқлол» - ССКА «Помир»

«Регар-ТадАЗ» - «Парвоз»