Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон шуд


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе баъди пирӯзӣ бар тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд барои севумин бор ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон мушарраф шуд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки рӯзи якшанбеи 19-уми октябр дар даври 15-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар тими «Хучанд»-и Хучанд бо ҳисоби 2-0 пирӯз шуд, пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.

«Истиқлол», ки дар 13 бозии имсолаи сабқати лигаи олӣ 37 имтиёз ба даст овардааст, барои рақибонаш дастнорас гардид ва новобаста аз натоиҷи 5 бозии боқимондааш мақоми аввалро азони худ кард. Бояд гуфт, ки «Истиқлол» барои севумин бор бо медалҳои тиллои чемпионати Тоҷикистон мукофотонида мешавад. Аз ин пеш «Истиқлол» солҳои 2010 ва 2011 ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуда буд.

Барои медалҳои нуқраву биринҷӣ мубориза миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан ва «Хайр»-и Ваҳдат шиддат хоҳад гирифт.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 15-ум

«ПАРВОЗ» - «ВАХШ» - 1:0

Гол: Фарҳод Тоҳиров, 61.
«ХУҶАНД» - «ИСТИҚЛОЛ» - 0:2

Голҳо: Ромиш Чалилов, 46 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 90+3 (0:2).
«РАВШАН» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 0:0
«ХАЙР» - «ЭНЕРГЕТИК» - 3:0 (нати
ҷаи фаннӣ)

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

13

12

1

0

53-7

37

2

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

15

7

5

3

15-10

26

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

7

4

3

17-14

25

4

«Хайр» (Ваҳдат)

14

7

2

5

21-15

23

5

«Энергетик» (Душанбе)

13

5

4

4

17-15

19

6

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

14

6

1

7

19-30

19

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

13

4

4

5

19-18

16

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

14

2

5

7

9-18

11

9

«Равшан» (Кӯлоб)

14

2

3

9

13-33

9

10

«Вахш» (Қурғонтеппа)

14

2

1

11

3-27

7

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 13 тӯб, Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол») – 7-тӯбӣ, Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд») – 6 тӯб.

XS
SM
MD
LG