Дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд, ки шоми душанбеи 8-уми сентябр дар майдончаи сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бар тими «Вавилон»-и Душанбе бо ҳисоби 6-4 ғолиб омад.
Дар ин бозӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, се гол зада, хет-трик кард. Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, ду гол ва Рустам Хоҷаев як гол заданд. Голҳои “Вавилон”-ро Зокир Хоҷаев, Акмал Ҷумъаев, Амриддин Ашӯров ва Шаҳром Шодиев ба ҳадаф расонданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ин мусобиқа, ки як моҳ пеш бо ширкати 29 даста шурӯъ шуда буд, дар се майдончаи сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.
Маблағи ҷавоизи ин мусобиқа 85 ҳазор сомониро ташкил медод. Ба дастаи ғолиб – ФФТ - ба ҷуз Ҷоми «Истиқлол» ҷоизапулӣ ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Барои ҷойи дувум дастаи «Вавилон» бо 25 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт. Дастаи «Истиқлол», ки барои ҷойи севум тими «Бонки миллӣ»-ро бо ҳисоби 5-3 шикаст дод, 10 ҳазор сомонӣ ҷоизапулӣ гирифт.
Инчунин беҳтаринҳои ин мусобиқа бо ифтихорнома ва ҷоизаҳои молӣ сарфароз шуданд. Ҷоизаи дарвозабони беҳтарин ба Фирӯз Бозоров аз тими «Вавилон», бозигари беҳтарин ба капитан ва ҳамлагари ФФТ Мӯҳсин Муҳаммадиев, голзани беҳтарин ба ҳамлагари ФФТ Рустами Эмомалӣ, ки дар ин мусобиқа 18 гол задааст ва довари беҳтарин ба душанбегӣ Беҳрӯз Муртазоев супурда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии ниҳоии мусобиқаи соли гузашта ФФТ бар «Вавилон» бо ҳисоби 4:1 ғолиб омада буд.
Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» оид ба мини-футбол
8-уми сентябр (душанбе)
Бозӣ барои ҷойи 3-юм
«Истиқлол» - «Бонки миллӣ» - 5-3
Голҳо: Одил Эргашев (2), Шаҳзод Сулаймонов (2), Баҳодур Сӯфиев – Музаффар Ҳасанов (2), Хуршед Раҳматов.
Финал
ФФТ-1 - «Вавилон» - 6-4
Голҳо: Мӯҳсин Муҳаммадиев (3), Рустами Эмомалӣ (2), Рустам Хоҷаев - Зокир Хоҷаев, Акмал Ҷумъаев, Амриддин Ашӯров, Шаҳром Шодиев.