"Кӣ ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва парчами баландтар дорад?" САДО

Ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар Конибодом.

Сохтани ҳайкали бузурги Исмоили Сомонӣ ва пояи баландтарини парчам дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон зоҳиран ба мусобиқа табдил ёфтааст. Сабқате, ки ба муносибати сафари президент кӣ аз ҳама баландтар пояи парчам месозад ваё аз рӯи ҳайкали зебои Исмоили Сомонӣ парда мебардорад.

Коршиносон мегӯянд, ки аксари мансабдорони тоҷик тарбияи идеологиро дар замони шӯравӣ гирифтаанд ва ҳоло он идеологияро дар ҷомаи дигар, ба истилоҳ миллӣ, татбиқ мекунанд.

Тафовути ҳайкали Конибодом аз Муъминобод чист?

Аксар ҳайкалҳои Исмоили Сомонӣ ва парчамҳои дароз дар шаҳру навоҳӣ қабл аз сафари президент сохта мешаванд ва онҳоро расман Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон боз мекунад. Оқои Раҳмон ҳафтаи гузашта зимни сафараш ба шаҳри Конибодом аз парчами давлатӣ ва ҳайкали Исмоили Сомониро парда бардошт.

Сутуни парчам 43 метр баландӣ ва матои парчам 7 метр паҳнӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Ҳайкали Исмоили Сомонӣ 7,5 метр баландӣ дорад. Ҳайкали Сомонии Конибодом аз ҳайкали Сомонӣ дар Мӯъминобод, ки соли гузашта ба истифода дода шуд, ним метр баландтар будааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сабқати эълоннашуда: Ҳайкали кӣ зеботар? Парчами кӣ баландтар?

Барои сохтани парчаму ҳайкали Сомонӣ дар Конибодом 8 миллион сомонӣ сарф кардаанд, ки 1 миллион бештар аз ҳайкали Сомонӣ дар Мӯъминобод қимат дорад. Исмоили Сомонӣ дар Мӯъминобод савори асп аст, аммо дар шаҳри Конибодом асп надорад.

Суғд даҳ ҳайкали Сомонӣ дорад

Шӯҳратҷон Эргашев, мудири шӯъбаи фарҳанги Конибодом, рӯзи 5-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳайкал ба пешвози президенти кишвар дар як муддати кӯтоҳ сохта шуд. Ин ҳайкал дар ҷойи нимпайкараҳои қаҳрамонҳои Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ сохта шудааст. Ӯ гуфт, маконе, ки ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва парчам сохта шудааст, ҳоло ба як ҷойи дидани табдил ёфтааст.

“Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ рамзи давлатдории мо –тоҷикон аст. Сохтани онҳо ба худшиносии мардум мусоидат мекунад. Ҳоло дар атрофи муҷассама боғ бунёд шудааст. Дар умум, Конибодом як шаҳри зебо шудааст ва аз гузашта ба куллӣ фарқ мекунад”, - гуфт ӯ.

Дар вилояти Суғд ҳоло 10 ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва беш аз даҳ пояи парчам сохта шудааст. Дар вилояти Хатлон 8 ҳайкали Сомонӣ то кунун сохта шудааст ва дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб баландтарин парчамҳо насб шудааст.

"Аз парчами вилоят баланд нашавад"

Раиси як ноҳияи вилояти Хатлон рӯзи 5-уми июл бидуни зикри номаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нақша доранд, то сафари навбатии президент парчам ва ҳайкали Исмоили Сомонӣ бисозанд. Ӯ гуфт, “ин кор маҷбурӣ нест, балки эҳтиром ба давлату миллат аст”. “Машварат кардем. Фақат парчам набояд аз парчаме, ки дар маркази вилоят сохта шудааст, дарозтар бошад. Аз дигар ноҳияҳо баландтар сохтан мумкин аст. Ҳайкали Сомонӣ ҳам бояд фарқ кунад”, - гуфт ӯ.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик.

Барои сохтани ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва парчам мақомоти маҳаллӣ аз Вазорати фарҳанг иҷоза мегиранд. Ин ҳайкалҳо баъди ба истифода дода шудан дар ихтиёри шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ҳамчун як ашёи таърихӣ қарор мегирад.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик гуфт, бо сохтани ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва парчами дароз раҳбарони шаҳру навоҳӣ худро пайрав аз президенти кишвар унвон мекунанд ва ба ин васила худро пеши нафари аввали кишвар ширин мекунанд. Ӯ гуфт, сохтани ҳайкалу парчам андешаи бозмонда аз Шӯравист.

Ҳайкалу парчам - ба ҷои досу болға

Шӯравӣ дар тамоми гӯшаҳои кишвар рамзи досу болға ва ҳайкали Ленин, асосгузори ин давлатро насб мекард. Ҳоло ба оҳистагӣ ҷойи рамзи досу болға ва Ленинро парчаму ҳайкали Исмоили Сомонӣ иваз мекунад. Аз ин рӯ, Абдумалик Қодиров мегӯяд, аксар мансабдорони тоҷик тарбияи идеологиро дар замони Шӯравӣ гирифтаанд ва ҳоло он идеологияро дар ҷомаи дигар, ба истилоҳ миллӣ татбиқ мекунанд.

Ба гуфтаи Қодиров, “ҳоло чунин андеша ҳаст, ки ин кор барои худшиносии миллӣ анҷом мешавад “Гумон намекунам, нафаре, ки шиками худу кӯдаконаш нимгурусна ҳаст, бо дидани парчаму ҳайкали Сомонӣ худшиносиаш боло равад”, - гуфт ӯ.

Абдумалик Қодиров афзуд, замони Шӯравӣ вазъи иқтисодӣ фарқ мекард ва барои чунин таблиғот маблағи кофӣ рӯйи даст буд: “Ин нишонаи он аст, ки ҳукумат дар маҳалҳо ва ҳукумати марказӣ, ки ин равандро дастгирӣ мекунад, манфиатҳои иқтисодиро сарфи назар мекунанд. Кишвар дар вартаи буҳрони иқтисодӣ қарор дорад, парчаму ҳайкалу боғу гулгаштҳоро дар иқтисодиёт иншооти шахшуда меноманд. Инҳо фоида намеоранд, чун ба истеҳсолот алоқамандӣ надоранд. Пули буҷет на ба манфиати шаҳрвандон, балки барои худнамоишдиҳӣ сарф мешавад, ки фикр мекунам, ба манфиат нест.”

Мушкили мардумро мепӯшонанд?

Меҳмоншоҳ Шарифзода, ҷомешиноси тоҷик.

Замони Шӯравӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳайкал ва нимпайкараҳои Ленин ҷой дошт. Пас аз соли 2000-ум ҳукумат сиёсаташро тағйир дод ва ҳайкалҳои Ленин ва дигар нишонаҳои боқӣ аз Шӯравиро барчид. Зоҳиран, ҳоло ҷойи рамзу нишонаҳои Шӯравиро ҳайкалу парчаме мегиранд, ки аз онҳо "ифтихороти миллӣ" унвон мешаванд.

Меҳмоншоҳ Шарифзода, ҷомешиноси тоҷик, ин равандро пур кардани "фазои холӣ аз садо ва сурат" унвон мекунад. Ӯ мегӯяд, пушти ҳайкалҳо ва парчамҳои баланд, зиндагии пурмушкили сокинон нодида гирифта мешавад.

“Аслан ончи зери пардаи назария ва идеологияҳо фаромӯш шуда ин ҳаёти мардум аст, ки ҳизби ҳоким натавонист ҳаёти баъди пош хӯрдани Шӯравӣ урёнмондаро бо як шакли солими иҷтимоӣ пӯшонад ва фазои сифатан хуб ва замонавии мардумро ташкил карда бошад”, - гуфт ӯ.

Аз сохтани нахустин ҳайкали Исмоили Сомонӣ ҳамчун поягузорӣ аввалин давлати тоҷикон дар Душанбе 18 сол ва аз насби парчами 165-метрӣ дар пойтахти кишвар 7 сол гузашт, аммо дар шаҳру ноҳияҳо насби парчаму сохтани ҳайкал тоза ба анъана табдил ёфтааст.