Баъди пардабардорӣ аз муҷассамаи Истиқлол дар шаҳри Хуҷанд даҳҳо нафар барои дидани ин муҷассама омаданд, вале дар онҷо, ба қавли худашон, манзараи начандон хушояндро мушоҳида карданд. Сокинон гуфтанд, ки субҳи 15 сентябр ду тарафи муҷассамаи Истиқлол пур аз коғазпора, зарфҳои пластикӣ ва селофан буд ва то ҳанӯз тоза карда нашудааст.
Яке аз сокинони Хуҷанд дар суҳбати видеоӣ бо Озодӣ гуфт, "аз дидани ифлосиҳо дар атрофи муҷассама табъи кас хира мешавад. Инҷо одамони бообрӯ нишаста буданд, аммо ин қадар партов гузошта рафтаанд. Мо шаб маҷмааро чароғон дида будем, омадем, ки рӯзона ҳам бибинем. Аммо ин манзараро дидем. Беҳтар мебуд, зудтар партовҳоро гирифта, инҷоро кабудизор кунанд."
Гузориши видеоиро инҷо бинед:
Маросими пардабардорӣ аз муҷассамаи Истиқлол дар маркази вилояти Суғд шоми 14 сентябр бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баргузор шуд. Дар ин маросим ҳудуди 15 ҳазор нафар ҳунарнамоӣ карда ва ҳазорон нафар ҳам ба ҳайси тамошобин ҳузур доштанд. Онҳо бо худ хотираҳое аз ҷашн бурда, вале аз худ ҳазорон пораи коғазу селофан ва зарфҳои пластикиро гузоштаанд.
Мақомот мегӯянд, ки барои сохтмони ин муҷассамааи баландиаш беш аз панҷоҳ метр 37 миллион сомонӣ харҷ шудааст.
Ин муҷассама дар ҷои тарҳи ҳайкали Темурмалик, қаҳрамони халқи тоҷик, сохта шудааст. Дар ҳоле ки дар бораи бунёди ҳайкали Темурмалик ва таҷлил аз 800-умин солгарди муборизаи тоҷикон бар зидди ҳуҷуми истилогаронаи муғул дар соли 2018 қарори шаҳрдории Хуҷанд ба тасвиб расида буд. Аммо баъдан мақомот гуфтанд, ки маҷмааи Темурмалик дар канори рӯди Сир сохта хоҳад шуд.
Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи муҷассамаи Истиқлол баҳс карда ва гуфтаанд, ки дар баробари чунин тарҳҳо мақомот бунёди корхонаҳоро ҳам бештар кунанд, то барои афроди бекор дар кишвар пайдо кардани буридаи нон осонтар гардад. Вале иддае онро рамзи ватандӯстӣ дониста ва гуфтаанд, ки бунёди чунин муҷассамаҳо барои ҷалби ҷаҳонгардон низ муҳим аст ва набояд сохтмони чунин маҷмааҳоро сарфи назар кард.