Аз урдугоҳи оворагон то ҷангу сиёсат. Исмоил Ҳания кӣ буд?

Исмоил Ҳания бо яке аз раҳбарони “Ҳамос” Холид Машъал. Акс аз соли 2012

Раиси дафтари сиёсии гурӯҳи "Ҳамос", Исмоил Ҳания, рӯзи 31 июл дар Эрон кушта шуд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд. Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар эъломияе гуфт, қароргоҳи Ҳания дар Теҳрон мавриди ҳамла қарор гирифт ва ӯву як муҳофизаш ҷон бохтанд. Ӯ кӣ буд?

Исмоил Ҳания дар соли 1962 дар урдугоҳи “Аш-Шатӣ” дар Навори Ғазза ба дунё омадааст. Хонаводааш аз фаластиниёни овора дар ҷанги соли 1948 буданд.

Вай таҳсилро дар риштаи адабиёти араб дар Донишгоҳи Исломии Ғазза оғоз намуда, дар замони донишҷӯйӣ ба сиёсат таваҷҷуҳ пайдо кард ва ба “Ихвон-ул-муслимин” пайваст.

Бо таъсиси “Ҳамос” дар соли 1988, ба кор сар кард ва дар сохтори ин ҷунбиш зуд пеш рафт. Ба ҳайси яке аз мушовирони Шайх Аҳмад Ёсин, бунёдгузори “Ҳамос”, кор мекард ва дар густариши ин ҷунбиш нақши муҳим бозидааст.

Исмоил Ҳания. 18-уми октябри соли 2011

Исмоил Ҳания дар соли 2006, пас аз пирӯзии “Ҳамос” дар интихоботи порлумонии Фаластин, сарвазири Ташкилоти худгардони Фаластин мансуб шуд. Аммо дар ин мақом бисёр кам истод, чун дар пайи даргириҳои шадид миёни “Ҳамос” ва “Фатҳ” дар соли 2007, барканор гардид. Аз он замон танҳо Навори Ғазза зери назорати “Ҳамос” мондааст.

Дар соли 2017 раиси дафтари сиёсии “Ҳамос” интихоб шуд ва яке аз раҳбарони аршади ин ҷунбиш дар арсаи байнулмилалӣ буд. Дар Давҳа, пойтахти Қатар, мезист.

Ӯ то замони кушта шудан дар Эрон, аз чанд ҳамлаи ҳадафмандона ҷон ба саломат бурда буд. Яке аз маъруфтарини ин ҳодисаҳо дар соли 2006 рух додааст. Дар он ҳодиса муҳофизи Исмоил Ҳания кушта ва як писараш захмӣ шуд.

Дар моҳи апрели соли 2024 хабар расид, ки се писар ва се набераи Исмоил Ҳания дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Ғазза кушта шудаанд. Исроил масъулияти ҳамларо ба уҳда гирифт.

Вокунишҳои ҷаҳонӣ

Исмоил Ҳания дар замоне кушта шуд, ки барои ширкат дар маросими савгандёдкунии Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон ва мулоқоту гуфтугӯ дар робита ба фаластиниҳо дар Теҳрон қарор дошт. Ин маросим рӯзи 30-юми июл гузашт.

Куштори Ҳания нигарониҳоро аз сар задани низоъҳои бештар ва ҳатто густариши ҷанг дар минтақа афзоиш додааст. Гурӯҳи тундрави “Ҳамос” мақомоти Исроилро масъули ин ҳамла номид ва ваъда дод, ки онро беҷавоб нахоҳад гузошт.

Исроил на вокуниш нишон дод ва на масъулияти ин ҳодисаро бар уҳда гирифт, вале баъзе аз сиёсатмадорони исроилӣ онро иқдоме барои беҳбуди амнияти ҷаҳонӣ донистаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пайомади куштори Исмоил Ҳания чӣ хоҳад буд?

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, қатли Исмоил Ҳанияро “амали буздилона” номид ва хоҳони “ваҳдату субот дар Фаластин” шуд.

Дар Эрон мотами серӯза эълон кардаанд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, ваъда дод, ки аз Исроил қасос мегирад. “Дар ин ҳодисаи талх ва душворе, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Исломӣ рух дод, мо талаби хуни ӯро вазифаи худ медонем,” – навиштааст ӯ.

Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури нави Эрон, дар вокуниш ба ин ҳодиса гуфт, кишвараш аз тамомияти арзии худ дифоъ хоҳад кард ва онҳое, ки ин корро кардаанд, пушаймон хоҳанд шуд.

Туркия низ куштори Ҳанияро маҳкум кард ва онро нишонаи моил набудани Исроил барои расидан ба сулҳ дар минтақа донист.

Русия ин иқдомро “куштори сиёсии ғайриқобили қабул” номид ва ҳушдор дод, ки чунин амалҳо метавонад боис ба ташдиди таниш дар минтақа шавад. Чин ҳушдор дод, ки қатли Ҳания метавонад ба бесуботии бештар дар минтақа сабаб шавад.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, аз кушта шудани Исмоил Ҳания хабар дорад, вале Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба дастёбӣ ба оташбас дар Навори Ғазза тамаркуз кардааст. Аз моҳи октябри соли 2023 то кунун дар онҷо миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳамос” даргирӣ идома дорад.

Бо ин вуҷуд, пурсишҳои зиёде дар бораи қатли Исмоил Ҳания, раҳбари сиёсии “Ҳамос”, аз ҷумла дар бораи чӣ гуна кушта шудани ӯ ва чӣ гуна рух додани ин ҳодиса дар хоки Эрон беҷавоб мондааст.