Гурӯҳи “Давлати исломии Ироқу Шом” дар пайи нашр шудани видеои қатли оми садҳо сарбози ироқӣ аз тасарруфи Талофар, боз як шаҳри дигар дар шимоли Ироқ хабар дод.
Гурӯҳи “Давлати исломии Ироқу Шом” мегӯяд, Талофар, боз як шаҳри дигар дар шимоли Ироқро тасарруф кардааст. Ин хабар дар пайи гузоришҳо дар бораи қатли оми садҳо сарбози ироқӣ аз сӯи ҷангиёни марбут ба ин гурӯҳи тундрави мазҳабист.
Сокинон ва мақомоти Талофар, воқеъ дар 420-километрии шимолуғарби Бағдод ба мабтубот хабар доданд, ки ин шаҳр субҳи 16 июн дар пайи набардҳои парокандае ба дасти ҷангиёни суннӣ аз “Давлати исломии Ироқу Шом” даромад. Тасарруфи Талофар ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз дааст ёфтани ин гурӯҳи суннӣ бар Мавсил – дувумин шаҳри бузурги Ироқ ва Тиқрит – зодгоҳи диктатори собиқаш Саддом Ҳусейн – сурат гирифтааст.
Ин гурӯҳи ҷангҷӯ иддао дорад, ки 1700 сарбози шиъаро дар Тиқрит қатл кардааст. Дар Интернет навору аксҳое нашр шуданд, ки ҷасадҳои эҳтимолан ҳамин сарбозони кушташударо намоиш медиҳад.
Қосим Мӯсавӣ, сухангӯи артиши Ироқ воқеияти ин аксҳоро тасдиқ кард в агуфт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дастикам 170 тан аз ин афроди ба сурати ваҳшиёна кушташуда сарбозони истихдомшудаи артиши Ироқанд.
Амрико ин кушторро маҳкум кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Ҷен Псакӣ рӯзи 15 июн дар як баёния гуфт: “Иддаои “Давлати исломии Ироқу Шом”, ки мегӯяд, 1700 сарбози шиъаи истихдомшуда ба нирӯҳои ҳавоии Ироқро дар Тиқрит ба қатл расондааст, даҳшатовар аст ва кардааст, ва дар воқеъ хунталабиеро, ки ин террористҳо дар сар доранд, нишон медиҳад.”
Раҳбари барномаҳои ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пиллай гуфт, дафтари ӯ низ даз Тиқриту Мавсил ва шаҳрҳои дигаре ки “Давлати исломии Ироқу Шом” тасарруф кардааст, ар бораи “эъдомҳои дастаҷамъӣ ва куштори худсарона” аз сӯи ҷангиёни ин гурӯҳ гузоришҳо гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, матбуоти Ғарб аз қавли мақомҳои Амрико хабар доданд, ки мегӯянд, Вошингтон рӯи музокирот бо Эрон роҷеъ ба иқдомҳои муштарак алайҳи “Давлати исломии Ироқу Шом” меяндешад. Раисиҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ҳатто пешниҳоди ҳамкории Теҳрону Вошингтон дар сурати дар Ироқ даст ба иқдом задани Амрикоро додааст.
Вошингтон мегӯяд, қасди эъзоми нирӯҳояш ба Ироқро надорад. Вале киштии ҳавопаймобари "
USS George HW Bush" алакай ҳамроҳ бо ду киштии ҷангии дигар дар халиҷи Форс мустақар шудааст. Амрико ҳамчунин эълон кард, ки тадобири амниятӣ дар пиромуни сафораташ дар Бағдодро тақвият дода, қисме аз ҳайати сафоратро ба манотиқи амнтар мекӯчонад.
Дар ҳамин ҳол, сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ қасам хӯрдааст, ки қаламравҳои аздастдодаашро аз таҳти тасарруфи “Давлати исломии Ироқу Шом” озод хоҳад кард. Сухангӯи ӯ дар масоили амният генерал-лейтенант Қосим Ато рӯзи 15 июн гуфт, нирӯҳои давлатӣ дар набардҳо дар шимоли Бағдод “ибтикорро ба дасти худ гирифтаанд.”
“Давлати исломии Ироқу Шом” як гурӯҳи тундрави ҷангиёни суннист, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи “Ал-Қоида” ҷудо шуда, таъсиси давлати исломӣ дар Ироқу Шомро ба ҳадаф дорад. Манзури ин гурӯҳ аз “Шом” қаламрави кунунии Сурияву Лубнону Исроил ва Қибрису ҷануби Туркия будааст. “Давлати исломии Ироқу Шом” дар поёнги соли 2012 аз муттаҳиди қаблиаш – шӯъбаи ироқии Ал-Қоида ҷудо шуд.
Ин гурӯҳ дар ҳафтаи гузашта ба пешрафтҳои қобили мулоҳизае дар шимоли Ироқ даст ёфт. Рӯзи 10 июн Мавсил – дувумин шаҳри бузурги Ироқ – дар ихтиёри ин гурӯҳи қарор гирифта, ду рӯз баъдаш Тиқрит – зодгоҳи Саддом Ҳусайн низ аз сӯи “Давлати исломии Ироқу Шом” забт шуд. Ин гурӯҳ ҳоло талош дорад, ба Бағдод – пойтахти Ироқ даст биёбад.