Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА барои тамос бо Эрон ба хотири амнияти Ироқ омода аст


ИМА имкони тамоси мустақим бо Эрон дар робита ба нооромтар шудани авзоъ дар Ироқ ва аз сӯи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” забт шудани чанд шаҳр дар шимоли кишварро баъид намедонад. Дар ин бора рӯзи душанбе, 16 июн, як намояндаи Кохи Сафед бидуни ифшои ному насабаш хабар дод.

Эрон аз ҳукумати нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ, ки дар он дар ҳама мақомҳои калидӣ шиаҳо таъин шудаанд, пуштибонӣ мекунад. Аз ин пеш Вошингтон эълом дошт, ки роҳҳои гуногуни имдод ба ҳукумати Бағдод дар мубориза бо “Давлати исломии Ироқ ва Шом”-ро баррасӣ мекунад, аммо нерӯҳои худро дубора ба Ироқ намефиристад.

Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ҳам рӯзи шанбе изҳор карда буд, ки Теҳрон барои амалҳои муштарак бо ИМА ба хотири таъмини амният дар Ироқ омода аст. Дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон ӯ гуфт, “мо бояд бо гурӯҳҳои террористӣ амалан муқовимат кунем”.

Рӯзҳои ахир “Давлати исломии Ироқ ва Шом” бахши аъзами қаламрави шимоли Ироқ, аз ҷумла, шаҳрҳои Мавсил ва Тикритро таҳти назорат қарор дод ва айни ҳол сӯи Бағдод ҳаракат мекунад.

Вазорати умури хориҷии ИМА рӯзи якшанбе изҳор намуд, ки далелҳои таъидкунандаи аз сӯи мусаллаҳони суннимазҳаби “Давлати исломии Ироқ ва Шом” кушта шудани 1700 низомии навхати ироқиро надорад, аммо агар ин хабар тасдиқ шавад, пас “намунаи нави хунхории террористҳое” хоҳад буд, ки “душмани ИМА, Ироқ ва ҷомеъаи байнулмилалианд".
XS
SM
MD
LG