Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, ки кишвараш омода аст бо Амрико масъалаи барқарории амният дар Ироқро баррасӣ кунад, дар сурате, ки агар Вашингтон бар зидди тундравҳои суннӣ дар Ироқ даст ба иқдом бизанад.
Рӯҳонӣ ин нуктаро 14 июн ба рӯзноманигорон изҳор дошт. Вай гуфт: “Мо бояд ҳам дар сухан ва ҳам дар амал ба гурӯҳҳои террористӣ мухолифат нишон диҳем”.
13 июн вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки “Амрико дар бораи бад шудани вазъи амниятӣ дар Ироқ бо Эрон музокира анҷом намедиҳад”. Барак Обама ҳам изҳор дошт, ки Амрико ба Ироқ дубора ниру нахоҳад фиристод, то бо шӯришиён мубориза кунад, вале роҳҳои кӯмаки низомӣ ба ҳукумати Ироқро баррасӣ мекунад.