Торнамои Ожонси иттилоъотии islamnews.ru зери унвони “Ба матбуот маълумоти пинҳонӣ дар бораи таркиби аҳолии Маскав роҳ ёфтааст” ё “В прессу попали закрытые данные о национальном составе Москвы” мақолаеро ба нашр расондааст. Ин маълумот аз ҷониби мушовири расмии як ниҳоди қудратии Русия оварда шудааст, вале аз ин мақоми расмӣ ном набурдаанд.
Дар он гуфта мешавад, ки 31 дарсади аҳолии Маскавро русҳо ва 33 дарсади онро намояндагони мардуми мусулмон ташкил медиҳанд, ки 5 дарсади он тоҷикону узбакҳо ва қазоқҳову қирғизҳо мебошанд. Ин манбаъ озарбойҷониҳову доғистониҳо, чеченҳову тоторҳо, бошқирдҳову ингушҳо, асетинҳо ва мардумони дигари мусулмонро дар назар дорад.
Андрей Зубов, доктори илмҳои таърих, ки дар Маскав таърихи мазҳабҳоро таҳқиқ мекунад, ба ин маълумот бовар надорад ва мегӯяд, ки “шумораи мусулмонони Маскав дақиқ нест, зеро мусулмононе ҳастанд, ки бидуни сабти ном ба сар мебаранд. Вале мусулмононе, ки сабти ном доранд, ҳудуди 10 дарсадро ташкил медиҳанд.”
Доктор Зубов бо такя ба маълумоти расмие, ки аз саршумори аҳолӣ дар моҳи январи соли 2010 бармеояд, мегӯяд, ки аҳолии масеҳии Маскав на 31 дарсад, балки бештар аз 70 дарсадро ташкил медиҳад.
Хуршедаи Даврондухт, муҳаққиқи тоҷик ва устоди яке аз донишгоҳҳои Маскав низ ба ҳамин рақами расмӣ такя мекунад, вале рад намекунад, ки аҳолии мусулмони Русия, ба вижа шаҳри Маскав солҳои охир афзоиш ёфтааст.
Торнамои islamnews.ru навиштааст, бино ба маълумоти расмӣ, дар Русия 20 миллион нафар аҳолии мусулмон зиндагӣ мекунад, вале дар 15 соли охир шумораи онҳо хеле боло рафтааст. Агар чунин раванд идома ёбад, дар он сурат дар нимаи қарни кунунӣ, яъне то соли 2050 аз ҳар чаҳор нафар аҳолии Русия як нафари он мусулмон хоҳад буд.
Димитрий Смирнов, муовини усқуфи ҳафт калисои шаҳри Маскав ва вилояти Маскав дар яке аз суханрониҳояш ҳанӯз дар охири соли 2012 иддао кард, ки “ояндаи Русия дар дасти мусулмонҳост”. Вай мусулмононро мардуми муаддаб ва диндор арзёбӣ кард ва гуфта буд, ки онҳо “бо чунин диндории худ ба масеҳ наздиктар ҳастанд. Барои ҳамин оянда дар дасти онҳост ва онҳо дар ин сарзамин ҷой хоҳанд гирифт”. Вай ин суханонро кинояомез ба пайравони масеҳӣ мегуфт, ки мисли мусулмонон хости Худоро ба ҷой намеоранд ва ҳар касе, ки ба Худо наздик аст, оянда аз ӯст.
Коршиносон ба ин пешбинӣ шак доранд, вале афзоиши шумораи мусулмонон дар Русияро воқеият медонанд. Ба суоле дар ин бора, ки оё тағйири таркиби аҳолӣ дар Русия ё афзоиши аҳолии мусулмон хатаре дар пай нахоҳад дошт, доктор Зубов мегӯяд, “ҳатто қабл аз инқилоби Октябр Русияро кишвари “мирный ислам” ё “кишвари сулҳи ислом” меномиданд. Вале дар солҳои Шӯравӣ ҳам мусулмонон ва ҳам масеҳиён таввасути низоми коммунистӣ таъқиб шудаанд. Бо вуҷуди ин, пайравони ин ду мазҳаб бо ҳам дӯстона зиндагӣ мекарданд ва ин анъана имрӯз ҳам давом дорад”. Зубов мегӯяд, Русия кишвари сермиллат ва дорои мазҳабҳои гуногун аст ва муноқишаҳое, ки гаҳ-гоҳе бо миллатҳои Осиёи Миёна ё Қафқоз рух медиҳад, решаи мазҳабӣ надорад, балки решаи миллӣ дорад.
Максим Шевченко, рӯзноманигор ва таҳлилгари рус суннатҳои серфарзандии хонаводаҳои аҳолии мусулмон ва муҳоҷирати шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқозро сабаби афзоиши пайравони ин мазҳаб медонад, вале таъкид мекунад, ки афзоиши аҳолии мусулмон ба амнияти Русия таҳдиде нахоҳад дошт, агар онҳо бо дарёфти шаҳрвандии Русия қонунҳои ин кишварро риоят кунанд ва ба самти тундгароӣ “нағеланд”.
Тоҷиконе, ки дар солҳои охир ба Русия муҳоҷират кардаанд ва шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд, аз зиндагии худ розианд ва мегӯянд, ки чун мусулмон табъизи мазҳабиро эҳсос намекунанд. Шумораи дақиқи тоҷикони шаҳрванди Русия маълум нест, вале бино ба рақамҳои тақрибӣ, онҳо аз 200 то 300 ҳазор тахмин зада мешаванд.
Шомат Ҳайдаров, донишманди тоҷик бо аҳли хонаводааш шавҳрвандии Русияро гирифтаанд ва ҳоло дар кишвари Перм зиндагӣ мекунанд. Вай мегӯяд, маҳдудиятҳои мазҳабӣ барои мусулмонон вуҷуд надорад. Муҳоҷирон дар шаҳрҳо барои худ масҷид сохтаанд ва бидуни мамониат суннатҳои мазҳабиро адо мекунанд. Агар гаҳ-гоҳе муноқишае сар занад, он муноқишаи мазҳабӣ нест, муноқишаи авбошон аст ва ё дар заминаи ихтилофоти миллӣ рух медиҳад.
Русия аз ҷумҳуриҳои мухталифи федеротиф иборат аст ва Чеченистон яке аз онҳост, ки дар солҳои 1990-и қарни гузашта талоши истиқлол аз Русияро кард. Истиқлолталабон барои ҷалби бештари мардум исломро шиор қарор доданд. Вале Русия ба баҳонаи мубориза бо исломи тундгаро ин нерӯҳоро саркӯб кард ва ба ин тартиб, ба ҷумҳуриҳои федеротифи мусулмоннишини худ сабақ дод, то бо ҳар баҳона исломро “байрақ” накунанд.
Ҳоло мусулмонон дар ҳама шаҳрҳову минтақаҳо озодона маросими мазҳабии худро адо мекунанд, бо мардуми маҳаллӣ низ робитаи хуб доранд.