Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании мардикорон: Барои шароб ё музди меҳнат?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Расонаҳои русӣ аз даргирии 500 коргар ва 100 посбони як иншооти сохтмонӣ дар Ҷазираи "Русский" иттилоъ доданд.

Онҳо ба нақли қавл аз маркази матбуотии ширкати сохтмонии «Крокус» навиштанд, ки муҳоҷирон аз Узбакистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркия қабл аз иди Рамазон хостаанд ба хобгоҳҳои худ шишаҳои арақ ворид кунанд, ки ба мухолифати посбонон дучор
Он қадар, ки ба ман маълум шуд, он ба музди меҳнат вобаста аст. Аз рӯи иттилое, ки ман аз коргарони он ҷо гирифтам, маоши коргарон хеле дер дода мешавад ва агар диҳанд ҳам ними пулро медиҳанд, яъне ба ҷои 30 ҳазор рубл 15 ҳазор медиҳанд...

омадаанд.

Дар посух муҳоҷирон ба сӯи посбонон сангандозӣ кардаанд. Масъулини ширкати «Крокус» гуфтаанд, ки ду сол ба ин сӯ дар ҳудуди ин ширкат нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ манъ шудааст. Аммо коршиносон мегӯянд, ин хабари ширкат як гуна дурӯғпарокание беш набуда, бо ин роҳ камбудҳои хешро мепӯшад.

Сергей Маркус, фарҳангшинос ва коршиноси муколамаи тамаддунҳои Русия, ки қазияро пайгирӣ кардааст, мегӯяд, барои ӯ ин ҳодиса аз он хотир аҷиб намуд, ки мусалмонон дар моҳи Рамазон умуман нӯшокиҳои спиртиро истеъмол намекунанд: "Ин таҳрифи бармалои ҳодиса аз сӯи ширкат аст. Даргирӣ дар Ҷазираи Рус (Русский) шояд кори ғайрирусҳо бошад. Он қадар, ки ба ман маълум шуд, он ба музди меҳнат вобаста аст. Аз рӯи иттилое, ки ман аз коргарони он ҷо гирифтам, маоши коргарон хеле дер дода мешавад ва агар диҳанд ҳам ними пулро медиҳанд, яъне ба ҷои 30 ҳазор рубл 15 ҳазор медиҳанд. Коргарон аз соати 8 субҳ то 8 бегоҳ кор мекунанд. Ба назари ман ин ҷо ду дурӯғ аст, яке иҷтимоӣ - иқтисодӣ, ки ба муносибати ширкати коргарон марбут аст ва дурӯғи дуввум ба ислом рабт мегирад."

Ҷазираи Рус (Русский) дар баҳри Ҷопон ҷойгир аст ва қарор аст соли оянда мизбони ҳамоиши сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором бошад. Расонаҳои русӣ навиштаанд, ки ширкати «Крокус», ки ба як озарии шаҳрванди Русия ва наздик ба оилаи раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев тааллуқ дорад, дар Ҷазираи Рус (Русский) шаҳрчаи донишҷӯён бунёд мекунад ва коргаронаш аз Осиёи Марказӣ ва Туркия ҳастанд.

Намояндаи Думаи давлатии Русия аз Владивосток Николай Марковсев ба нашрияи русии «Голос Москви» гуфтааст, "Крокус" дар пардохти музди меҳнат ва дар кул шароити меҳнатии коргарон мушкили зиёд дорад ва сабаби даргирии коргарону посбонони ширкат шишаи арақ нест. Ба қавли ӯ, ин охирин даргирӣ нахоҳад буд.

Муҳаммадӣ Ризоев, шаҳрванди Тоҷикистон аз нафаронест, ки дар гузашта дар Ҷазираи Рус (Русский) кор карда, ҳоло ба дигар минтақаи Владивосток кӯчидааст. Вай гуфт, дар ин ҷазира теъдоди тоҷикон дар оғоз хеле зиёд буд, аммо баъд аз омадани узбакҳо онҳо ба дигар манотиқ кӯч бастанд. Ба қавли ӯ, узбакҳо бо маоше кор мекунанд, ки тоҷикон онҳоро қабул надоранд. Ба қавли Ризоев, он ҷо тоҷикон ангуштшумор ҳастанд.

Вай афзуд, ба шаробнӯшии мусалмонон дар рӯзи ид дар Ҷазираи Рус шак дорад: "Онҳо ҳатто дар ҷойҳои кор рӯза медоранд. Бо он вуҷуд, ки сард аст, кор хеле вазнин аст, мардум рӯзаи худро медоранд. Ҳамаашон фарзанди мусалмонанд."

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо муфтии мусулмонони Владивосток
Ба ҳамин наздикӣ Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Владивосток як масҷидро ифтитоҳ ва дар гузоштани санги аввали масҷиди дигаре ширкат кард. Вай мегӯяд, алҳол қазияи даргирии коргарон ва посбонони ширкати "Крокус" дар Ҷазираи Русро таҳқиқ мекунад. Ба қавли ӯ, нӯшидани машрубот дар айёми ид комилан амали ғайришаръӣ ва тасаввурнопазир аст.

Ҷаноби Кабирӣ гуфт, дар кул дар қиёс бо солҳои пеш муҳоҷирини меҳнатӣ бештар ба арзишҳои исломӣ рӯ овардаанд ва мақомоти рус инро таъкид мекунанд, ки ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирини тоҷик кам шудааст: "Мо ва як идда коршиносон миёни боло рафтани сатҳи диндорӣ ва наздик шудан масҷид аз як тараф ва кам шудани ҷинояткорӣ дар миёни диндорон рабти мустақимро мебинем. Ҳатто мақомоти рус омода ҳастанд, ки ба бештар шудани марокизи динӣ ва масоҷид барои муҳоҷирон дар Русия кӯмак расонанд. Мо худ шоҳиди таъсис ва кушода шудани ду масҷид дар Владивосток будем, ки ин бозгӯи вазъи диндорӣ дар байни муҳоҷирини тоҷик аст."

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти расонаҳои русӣ, қазияи даргирӣ миёни коргарон ва посбонони ширкати Крокус дар Ҷазираи Руси Владивосток аз сӯи додситонии вилоят таҳқиқ мешавад. Дар ин даргирӣ 6 коргар ва 4 посбон ҳам ҷароҳат бардошта, ҳоло дар беморхона қарор доранд. Як нафар аз ширкати Крокус ҳам ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ки то ниҳоӣ шудани қазия изҳори назар нахоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG