Як сухангӯи артиши Ироқ гуфт, ки нирӯҳои давлатии ин кишвар бо ҳимояти Амрико тавонистаанд, Шаҳри Қадима ё Кӯҳнаи Мавсилро аз ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” бозпас гиранд. Яҳё Расул рӯзи 8-уми июл ба телевизиони давлатии Ироқ гуфт, ки онҳо дар чандметрии наҳри Даҷла қарор доранд ва пирӯзии комил наздик аст. “Пешрафти Ироқ, ки тавассути нирӯҳои ҳавоии артиш ҳимоят мешавад, олӣ аст”, - таъкид кард ӯ.
Изҳороти Яҳё Расул дар лаҳзаҳое садо дод, ки телевизиони давлатии Ироқ ҳам гуфт, интизор меравад, нирӯҳои ҳукуматӣ ба зудӣ контроли комили шаҳри Мавсилро ба даст биоранд. Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ, соли 2014 аз тарафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” ишғол ва то ин дам ба унвони пойгоҳи аслии ин гурӯҳи даҳшатафкан хидмат мекард.
“Мо набардҳои охиринро мебинем ва базудӣ пирӯзии комил эълон хоҳад шуд”, - гуфт барандаи телевизиони давлатии Ироқ бо такя ба қавли хабарнигоронаш, ки бо нирӯҳои амниятӣ дар Шаҳри Қадимаи Мавсил қарор доранд. Телевизиони давлатии Ироқ ҳатто гуфт, ин масъала дар чанд соати дигар ҳал хоҳад шуд.
Артиши Ироқ бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии Эътилофи ба раҳбарии Амрико дар моҳи октябри соли гузашта амалиёт барои озодии шаҳри Мавсилро шурӯъ кард, ки инҷо такягоҳи бузург ва охирини гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқ аст.
Нирӯҳои ироқӣ моҳи январи имсол эълон карданд, ки шарқи Мавсилро пурра озод карданд ва ҳамагӣ чанд километри мураббаи қаламрав дар ғарби шаҳри Мавсил дар дасти гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” мондааст.
Ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” шаҳри Мавсилро соли 2014 ишғол карданд, ҳамон соле ки қаламравҳои васеи Ироқу Сурия ба дасташон афтод. Ҳоло Эътилофи ба раҳбарии Амрико дар ҷанг ба зидди ин гурӯҳ дар шаҳрҳои Мавсили Ироқ ва Раққа охирин такягоҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия, пешравии зиёде кардаанд.
Рӯзи 2-юми июл нерӯҳои Ироқ бо пуштибонии Иёлоти Муттаҳида парчами худро дар биноҳҳои харобшудаи Шаҳри Қадима, бо шумули Масҷиди номдори "Ан-Нурӣ" парафшон карданд. Масҷидро бо манори машҳураш ҷангҷӯёни ДИИШ дар ҳоле тарконданд, ки бохти онҳо дар ин набард рӯшан зоҳир шуд.
Ҳукумати Ироқ ҳафтаи гузашта дар як изҳорот гуфта буд, ки мақомот бахшида ба озодшавии Мавсил барномаи ҷашни якҳафтагиро тарҳрезӣ мекунанд. Интизор меравад, ки нахуствазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ пирӯзӣ бар ДИИШ-ро дар сафаре ба Мавсил расман эълон кунад.