Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин марҳилаи озодсозии шаҳре, ки Бағдодӣ иддаои хилофат карда буд


Мақомҳои низомии Ироқ гуфтанд, ки марҳилаи ниҳоии озодсозии Мавсил, дувумин шаҳри бузурги ин кишвар аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” оғоз шудааст. Фармондеҳони артиш ҳафтаи гузашта гуфта буданд, ки фақат 8 километри мураббаи қаламрав дар ғарби шаҳри Мавсил дар дасти гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” мондааст, аммо ҷангҳои шадид бахусус дар Шаҳри қадима дар пеш аст.

Як рӯз қабл нирӯҳои ҳавоии Ироқ низ аз сокинони Мавсил хостанд, ки ҳарчӣ зудтар минтақаи қадимии шаҳрро холӣ кунанд. Мақомот мегӯянд, озодсозии Мавсил ба фоидаи Бағдод ва зарбаи шадид ба ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” хоҳад буд.

Бино ба гузоришҳо, ҳоло ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар ноҳияҳои Аш-Шафо, Ал-Зинҷиҷи ва Шаҳри қадима сангар гирифтаанд, ки ҳарсе дар канораи ғарбии наҳри Даҷла воқеанд. Дар Шаҳри қадима, масҷиде ҷойгир аст, ки маҳз дар онҷо Абубакри Бағдодӣ соли 2014 иддаои хилофат карда буд.

Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ, аз замони ҳамлаи Амрико ба ин кишвар дар соли 2003 то кунун борҳо саҳнаи танишу даргирӣ ва хушунат будааст. Ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” соли 2014 ин шаҳрро ишғол ва ба такягоҳи аслии худ дар Ироқ табдил дода доданд. Артиши Ироқ бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии Эътилофи ба раҳбарии Амрико дар моҳи октябри соли гузашта амалиёт барои озодии шаҳри Мавсилро шурӯъ кард.

Қисмати шарқии шаҳрро аввали имсол озод карданд, вале ҷангҷӯён дар қисмати ғарбӣ ва сераҳолии шаҳр ба нерӯҳои давлати муқовимати сахт нишон медиҳанд.

XS
SM
MD
LG