Дар Тоҷикистон фазои тарс ҳукмфармо мешавад?

Гурӯҳе аз зиёиёни тоҷик дар номае унвонии Дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфтанд, ки дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар фазои тарс ва яъсу навмедӣ ҳукмфармо мешавад.

Таъкибу фишори моҳҳои ахир дар Тоҷикистон ба хотири тарсонидани мухолифину мунаққидони давлат аст - ин муҳтавои номаест, ки зиёиёни тоҷик аз тариқи Facebook ба Бан Ки Мун ирсол карданд. Номаи онҳо баъд аз боздошти ҳафт тан аз пайвандони Муҳиддин Кабирӣ, аз ҷумла, падари пири 95-солааш ишора шудааст. Муаллифон ҳадафи ин боздоштро “таҳти фишори равонӣ қарор додани раҳбари ҲНИТ ба манзури даст бардоштани ӯ ва ҳизбаш аз идомаи фаъолият ва ё таслим шуданаш ба хостаҳои мақомот” номиданд.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 200 нафар аз аъзову фаъолон, бо шумули 13 тан аз аъзои Шӯрои сиёсии ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштани ҳизб дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода дар маҳбасанд, гуфта шудааст дар ин нома. Муаллифон ёдоварӣ кардаанд, ки бархе аз сиёсатмадорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вакилони мудофеъ, аз ҷумла, Зайд Саидов, Шӯҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Махкамов, Мақсуд Иброҳимов низ маҳз ба хотири мавзеъгириҳои сиёсияшон зиндонӣ шудаанд.

БОЗДОШТ БА ХОТИРИ ...НАСИҲАТ

Шабакаҳои иҷтимоӣ субҳи 15 декабр дар бораи барои бозпурсӣ бурдани падари 95-солаи Кабирӣ, Тилло Кабиров, бародараш Сафар Кабирови 54-сола, хоҳари бузургаш Саида Кабироваи 60-сола, аммааш Лаълхонум Кабироваи 70-сола, ҳамсари бародараш Дилором Кабироваи 40-сола, язнааш Исматулло Нарзуллоеви 74-сола ва хоҳарзодааш Додулло Нарзуллоев хабар доданд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ҳадаф на боздошт, балки мутмаин кардани бузургсолони хонавода ба насиҳати Муҳиддин Кабирӣ буд. ду рӯз баъди ин ҳодиса навори Тилло Кабиров, ки ба писараш насиҳат мекард, дар Ютуб пайдо шуд.

Муҳиддин Кабирӣ бо падараш

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, моҳи марти соли ҷорӣ билофосила баъд аз интихоботи парлумонӣ, ки дар он наҳзатиҳо аз ду мандат ба Маҷлиси намояндагон маҳрум монданд, Душанберо тарк намуд. Чанд моҳ баъд аз ин, ҳангоми ҳаводиси моҳи сентябр, ки чун ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, маъруф аст, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва шахсан Муҳиддин Кабирӣ ба даст доштан дар талоши табадуллоти давлатӣ айбдор шуданд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, ки ҳадафи мақомдорон возеҳ аст – бастани ягона ҳизби исломӣ дар қаламрави шӯравии собиқ. Додгоҳи олии Тоҷикистон на фақат ҳизби наҳзати исломиро баст, балки онро террористиву тундрав эълон кард.

Бори аввал нест, ки мақомоти интизомӣ ва амниятӣ ба хотри фишор ба фаъолони сиёсӣ хешу табори онҳоро ба истилоҳ "гаравгон" мекунанд. Моҳи октябри соли гузашта баъди даъвати Гурӯҳи 24 барои намоиши эътирозӣ дар маркази Душанбе, кормандони амниятии ноҳияи Фархор модар ва се хоҳари яке аз раҳбарони ин гурӯҳ Шарофиддин Гадоевро барои “сӯҳбат” ба раёсати Кумитаи давлати амниятии миллии ноҳия бурданд ва се хоҳари ӯро фақат соати нӯҳи шаб раҳо карданд.

Дар пайи ин боздошт дар Интернет наворе пайдо шуд, ки дар он Оиша Абдуллоева - модари Шарофиддин Гадоев – аз ӯ хоҳиш мекард, ки фаъолиятҳояш ба зидди ҳокимони кунунии Тоҷикистонро бас карда, ба Ватан баргардад. Аз ин пеш пайвандони Зайд Саидовро ҳам ба идораҳои интизомӣ эҳзор шуданд ва Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи Хайрулло Саидов, писари калонии ӯ бо моддаи 340 қисми 2 -- "тақаллуби ҳуҷҷатҳо" - парванда боз кард.

Абдулло Давлатов

Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия, ки зери ин номаи зиёиён ба Бан Ки Мун имзо гузоштааст, шубҳа дорад, ки ба ин нома расидагӣ шавад, аммо мегӯяд, ки шахсан худи ӯ дар вазъи феълӣ хомӯш монданро гуноҳ мешуморад.«Қонуни физика ҳаст, агар дар зарфи сарбаста фишорро зиёд кунед, он ҳатман метаркад. Ва борҳо шоҳиди он будем, ки фишорҳо дар ҷомеъаҳои мустабид чӣ паёмаде доштанд», мегӯяд ӯ.

ДАХАНИ ПӮШИДА САД ТИЛЛО?

Ин мақоли мардумиро ҳоло дар Тоҷикистон ҳар нафар қабл аз даҳон боз кардан ба ёд меорад. Як хабарнигори тоҷик, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, мегӯяд, баъд аз чанд мурофиаи додгоҳии вакилони дифоъ ва боздошти хешу табори мухолифин, дар бештари расонаҳо худсенсорӣ ҳукмфармо шуд. Ҳама вазъро мебинем, аммо ба даҳан об гирифтаем, зеро бисёриҳо мегӯянд, ки ҳукумат ва макомоти амниятӣ "шухӣ" намекунанд ва ҳар амалу навиштаи зидди режим мучозот мешавад, мегӯяд ӯ.

Таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо мутмаин аст, ки ҳукуматҳо дар ин гуна ҳолатҳо ва аз роҳи фишор мехоҳанд тарсро ба вуҷуд оваранд, то мардум дарк кунанд, ки оқибати озодандешӣ ва мухолифат чӣ хоҳад буд. Аз ҳамин гуна эчоди тарсу ҳарос ҳукумати шӯравӣ дар баҳманмоҳи соли 1990 кор гирифта буд ва аммо паёмадаш баъд аз ду-се сол чанги шаҳрвандӣ шуд.

Дар Тоҷикистон ба андозае фазои тарс ба вуҷуд омадааст ва мақомот эҳтиёткориро дар мағзи ҷомеъа ҷой кардаанд, мегӯяд ӯ.

Рачаби Мирзо

Боздошту бозпурсии пайвандону хешу табори мухолифину мунаққидони ҳукумат – идомаи раванди дар зеҳни мардум ҷой кардани андешаест, ки мухолиф будан на фақат барои худи фаъолони сиёсӣ, балки барои пайвандони онҳо низ паёмадҳои ногувор хоҳад дошт ва онҳоро аз дарёфти як пора нон халос мекунад. Ин тактикаи ҳукумат шояд дар кӯтоҳмуддат таъсире дошта бошад, аммо таъқибу фишори як гурӯҳ одамон ба он маънӣ нест, ки гурӯҳҳои наву шахсиятҳои нави мухолифи сиёсат рӯи майдон намеоянд, майдони дигарандешӣ ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷомеъа холӣ намемонад, мутмаин аст Раҷаби Мирзо.

Аз сӯи дигар, аъмоли ҳукумат дар барбари ҲНИТ ва Муҳиддин Кабирӣ гурӯҳҳои ифротгароро “бедор” кард ва онҳо мегӯянд, бубинед, ҳукумат бо нафаре, ки ҳамеша аз таҳаммулу сабр ҳарф мезад, чӣ кардааст?

ТАРС ОДАМОНРО ФИРОРӢ МЕКУНАД

Таъкибу саркӯбии мухолифону мунаккидони давлат яъсу навмедиро зиёд кардааст ва ҳарчӣ бештар одамон талоши тарки Тоҷикистонро доранд, зеро ба натиҷае мерасанд, ки ин давлату кишвар оянда надорад, мегӯяд таҳлилгари тоҷик. Абдулло Давлатов ҳам бо ин гуфта розист - cолҳои чанги шаҳрвандӣ ба ҳамватанон дар Русия мегуфтанд, ки шаҳрвандии Русияро бигиранд, аммо онҳо рад мекарданд ва мегуфтанд, ки дар Тоҷикистон сулҳ мешавад ва ба ватан бармегарданд. Аммо ҳоло ҳамарӯза даҳҳо нафар ба ман телефон зада мепурсанд, ки чӣ гуна метавон соҳиби шиносномаи русӣ шуд, то ҳарчӣ зудтар ба Русия бикӯчанд, меафзояд Абдулло Давлатов.

Созмони амрикоии Хонаи Озодӣ ё Freedom House дар вокуниш ба боздошти пайвандони Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 17 декабр дар як баёния аз мақомоти тоҷик хост, ки фишор алайҳи хонаводаҳои фаъолони сиёсиро қатъ кунанд. Истифодаи пайвандони аъзои гурӯҳҳои сиёсӣ ҳамчун гаравгон ба хотири тарсондан ва бастани даҳони мунтақидони ҳукумат ҳуқуқи аслии инсонро поймол мекунад ва баёнгари таҳаммулнопазирии ҳукумат дар баробари дигарандешист, навиштаанд ҳомиёни ҳуқуқи башар. ​

Хонаи Озодӣ дар баёнияаш ёдовар шудааст, ки Тоҷикистон дар ду гузориши солонаи ин созмон аз нигоҳи мурооти озодии матбуот ва озодиҳои сиёсӣ кишвари ноозод баҳо гирифт ва дар гузориши "Кишварҳои дар ҳоли гузариш -2015" тибқи ҷадвали 7-холӣ, сатҳи демократияаш 6,39 хол баҳогузорӣ шудааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин миёни кишварҳои олам аст....