Кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Файзобод аз падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар наздикони ин раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) хостаанд, ки фарзандонашро насиҳат кунанд.
Бекназар Шоев - раиси ҷамоати Қасамдараи ноҳияи Файзобод, ки наздикони Кабирӣ дар он ҷо ба сар мебаранд, рӯзи 16 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Тилло Кабиров боздошт ё бозпурсӣ нашудааст. Ӯ гуфт, “рӯзи сешанбе, 15 декабр кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз Тилло Кабиров хоҳиш намудаанд, ки ба фарзандонаш насиҳат кунад, ки биоянд ва дигар дар берун ба корҳои нодуруст даст назананд. Фақат барои ҳамин даъват кардаанд. Дигар ягон пурсишу зӯрӣ набуд. Он мӯсафеду он кампирҳо базӯр роҳ мегарданд, онҳоро кӣ боздошт мекунад? Ин гапҳо ҳамааш дурӯғ аст.”
Наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 15 декабр асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карданд, ки мақомоти интизомии ноҳияи Файзобод субҳи 15 декабр дар баробари падари солхӯрдааш бародари ӯ - Сафар Кабирови 54-сола, хоҳари калонияш Саида Кабироваи 60-сола, аммааш Лаълхонум Кабироваи 70-сола, ҳамсари бародараш Дилором Кабироваи 40-сола, язнааш Исматулло Нарзуллоеви 74-сола ва хоҳарзодааш Додулло Нарзуллоевро низ барои бозпурсӣ бурдаанд. Тавре наздикони Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, мақомоти интизомӣ онҳоро аз деҳаи Қасамдара ба маркази ноҳия бурдаанд ва ҷараёни сӯҳбати мақомоти интизомӣ бо пайвандони онҳо сабти видеоӣ шудааст.
Дар посух ба ин суол, ки оё мақомот ҷараёни сӯҳбатҳои падар ва дигар наздикони Муҳиддин Кабириро ба навор гирифтанд?, раиси ҷамоати Қасамдара Бекназар Шоев гуфт, ки дар дохили утоқ набуд ва чизе дар ин бора намедонад.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон 51 сол дошта, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи аз ду курсияш дар парлумон маҳрум гардидани ҲНИТ Душанберо тарк кард.
Кабирӣ аз соли 2006, пас аз даргузашти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбарии ҳизби наҳзатро бар дӯш гирифта ва ду дафъа намояндаи ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон буд. Дар аввал гуфта мешуд, Кабирӣ дар Туркия ба сар мебарад, вале моҳи ноябри соли ҷорӣ бахши равобит бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар гузориши расмии худ, ки дар он Рӯҳулло Тиллозода -писари Кабириро ба ҳамдастӣ дар ошӯби гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода муттаҳам мекард, гуфт, ки Муҳиддин Кабирӣ ҳоло дар яке аз кишварҳои аврупоӣ қарор дорад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ, дар пайи ошӯби генерал Назарзода ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон карда ва фаъолияташро дар қаламрави кишвар манъ намуд. Дар баёнияи Додгоҳи олии Тоҷикистон аъзои ин ҳизб ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ ва паҳн кардани ахбори иғвоангезона, муттаҳам шуданд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои дигари боздоштшудаи ҲНИТ иттиҳоми даст доштани ҲНИТ дар ошӯби Назарзодро рад кардаанд.