Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: Тоҷикистон таъқиби хонаводаҳои мухолифонро қатъ кунад


Муҳиддин Кабирӣ бо наздиконаш.
Муҳиддин Кабирӣ бо наздиконаш.

Созмони "Хонаи Озодӣ" ё Freedom House аз боздошту бозпурсии наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ нигаронӣ кардааст.

Созмони "Хонаи Озодӣ" ё Freedom House, марказаш дар Амрико, аз боздошти кӯтоҳи наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ нигаронӣ кардааст. Ин созмон рӯзи 16 декабр бо нашри як баёния аз мақомоти тоҷик тақозо кардааст, то ки фишор алайҳи хонаводаҳои фаъолони сиёсӣ дар кишварро қатъ кунанд.

Дар ин баёния аз ҷумла гуфта мешавад, ки "истифодаи наздикони аъзои гурӯҳҳои сиёсӣ ҳамчун гаравгон ба хотири тарсондан ва бастани даҳони мунтақидони ҳукумат ҳуқуқи аслии инсонро поймол мекунад ва сӯи таҳаммули ҳукумат нисбат ба дигарандеширо нишон медиҳад. ​

Даниэл Калингарт
Даниэл Калингарт

Даниэл Калингарт, муовини раиси ин созмони мудофеи ҳуқуқи башар гуфтааст, ки "ҳукумати Тоҷикистон бояд табъизи фаъолони мухолифин ва ҷомиаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва аъзои хонаводаҳои онҳоро поён диҳад.”

Ин дар ҳолест, ки наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 15 декабр асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карданд, ки мақомоти интизомии ноҳияи Файзобод субҳи 15 декабр падари 95-солаи ӯ Тилло Кабиров, бародараш Сафар Кабирови 54-сола, хоҳари калонияш Саида Кабироваи 60-сола, аммааш Лаълхонум Кабироваи 70-сола, ҳамсари бародараш Дилором Кабироваи 40-сола, язнааш Исматулло Нарзуллоеви 74-сола ва хоҳарзодааш Додулло Нарзуллоевро низ барои бозпурсӣ бурдаанд.

Тавре наздикони Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, мақомоти интизомӣ онҳоро аз деҳаи Қасамдара ба маркази ноҳия бурдаанд ва ҷараёни сӯҳбати мақомоти интизомӣ бо пайвандони онҳо сабти видеоӣ шудааст.

Худи Муҳиддин Кабирӣ дар як тамос ба намояндагони "Хонаи Озодӣ" гуфтааст, ин боздоштҳо интиқом барои суханронии барномарезишудаи ӯ дар як ҳамоиши "Хонаи Озодӣ"-ст. Вақте фишор ба ҳизби ӯ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, Кабирӣ дар хориҷ ба сар мебурд ва то ҳол дар берун аз Тоҷикистон боқӣ мемонад. "Хонаи Озодӣ" гуфтааст, ки Кабирӣ бо онҳо аз як маҳалли ношинос тавассути Скайп дар тамос шудааст.

Аммо мақомоти маҳаллӣ рӯзи 16 -уми декабр гуфтанд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Файзобод аз падари 95-солаи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар наздикони ин раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) хостаанд, ки фарзандонашро насиҳат кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон 51 сол дошта, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи аз ду курсияш дар парлумон маҳрум гардидани ҲНИТ Душанберо тарк кард.

Мақомоти тоҷик Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва шахс Муҳиддин Кабириро ба даст доштан дар ошӯби муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода муттаҳам медонанд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ ин иттиҳомро рад кардааст.

"Хонаи Озодӣ" ёдовар шудааст, ки Тоҷикистон дар ду гузориши солонаи ин созмон аз нигоҳи мурооти озодии матбуот ва озодиҳои сиёсӣ кишвари ноозод баҳо гирифт ва дар гузориши "Кишварҳои дар ҳоли гузариш -2015" тибқи ҷадвали 7-холӣ, сатҳи демократияаш 6,39 хол баҳогузорӣ шудааст, ки яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин дар дунёст.

XS
SM
MD
LG