Сӯҳбати хабарнигори Озодӣ бо Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шуравӣ ва яке аз иштирокдорони Иҷлосияи Хуҷанд.
Дар рӯзҳои таҷлил аз бистумин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯро олӣ дар Хуҷанд хабарнигори Радиои Озодӣ бо яке аз иштирокдорони ин сессия Ҷӯрабек Муродов сари сӯҳбат нишаста ва нахуст пурсид, ки Иҷлосия дар чӣ шароите баргузор шуд?
Ҷӯрабек Муродов: "Як нуктаро нодида гирифтан аз рӯи инсоф нест. Вақте Шӯравӣ пош хӯрд, дар дигар ҷумҳуриҳо меросе монд. Барои Тоҷикистон чизе намонданд. Ҳамаро бурданд ва тороҷ карданд. Худи Тоҷикистон наздик буд пора шавад. Ташкил кардани иҷлосия дар ҷои дигар имкон надошт, дар Хуҷанд баргузор карданд. Мо намояндагон ҳам рафтем. Тоҷикистон дар вазъи душвор буд, ё бояд мемонд ва ё бояд пора мешуд. Хуб шуд, ки ҳама ба як қарор омаданд ва Эмомалӣ Шариповичро раиси Шӯрои олӣ интихоб карданд. Он кас баромада аввал гуфтанд, ки “ман сулҳ меорам” ва ин гуфтаҳо дар амал иҷро шуд. Дар таъмини сулҳи тоҷикон аз берун Аҳмадшоҳи Масъуд, Бурҳониддин Рабобнӣ, раҳбарони дигари кишварҳои Шӯравии пешин низ кӯмак карданд. Вале ду ҷавонмарди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба ифоқа омаданд, ба ҳамдигар даст доданд ва бо ҳамин дар Тоҷикистон сулҳ шуд."
Озодӣ: Шумо дар толор шоҳид будед, ки он вақт намояндагони парлумон ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд, гурӯҳе аз Фронти Халқӣ ва гурӯҳе аз мухолифон ҳимоят мекарданд. Дар толори иҷлосия ҳам ҳамин рақобат эҳсос мешуд?
Ҷӯрабек Муродов: "Дар аввал эҳсос мешуд, вале вақте раиси Шӯрои олиро интихоб карданд ва раис гуфтанд, ки “биёед, акнун бас будагист, ин миллат нест мешавад”, баъд аз он намояндагони мардумӣ ҳам фаҳмиданд. Баъзе аз намояндагоне, ки муқобили ҳамин иҷлосия буданд, ба иҷлосия ҳозир нашуданд. Розӣ набуданд."
Озодӣ: Онҳо бовар надоштанд, ки иҷлосия баргузор мешавад ва ё ягон хатари дигар эҳсос мекарданд?
Ҷӯрабек Муродов: "Ба фикрам, бовар накарданд. Дар он ҷо дар Хуҷанд он қадар хатаре набуд, он ҷо оромтар буд. Хатар дар Душанбе буд, ки иҷлосияро дар он ҷо баргузор накарданд. Ба фикрам, баъзеҳо нахостанд. Сад афсӯс, ки тоҷик бо тоҷик хусумат надорад мегӯянду лекин дар соли 1992 ҳамин гуна шароит буд."
Озодӣ: Дар ҳамон иҷлосия Раҳмон Набиев баромад ва истеъфои худро эълон кард. Оё ҳамаи намояндагони парлумон розӣ буданд, ки раисиҷумҳури дар интихобот бо раъйи мардум интихобшуда барояду истеъфо диҳад?
Ҷӯрабек Муродов: "Рости гап, мо бо шеъру бо суруд Раҳмон Набиевро раисиҷумҳур интихоб кардем. 10 нафар номзад буданд ва дар даври аввал бо 58 дарсади овозҳо баранда шудан дар таърих вуҷуд надошт. Ҳатто дар дунё чунин намуна набуд. Лекин дар давоми як сол вазъ ба ҷое расид, ки худи раисиҷумҳурро дар фурудгоҳ бо автомат маҷбур карданд, ки истеъфо диҳад. Раҳмон Набиев гуфт, ки “агар ман равам, дар Тоҷикистон сулҳ мешавад?» Онҳо ҷавоб доданд, ки “бале, сулҳ мешавад”. Набиев гуфт, ки “агар ин хел бошад, ман рафтам”. Дар рӯзи аввали иҷлосия наомада буд. Намояндагони мардумӣ гуфтанд, ки раисиҷумҳурро мардум интихоб кардаанд, даъват карда биёред. Рафта даъват карда оварданд. Раҳмон Набиевич дар иҷлосия баромад карда гуфт, ки “насиб ҳамин будааст, нияти ман ин буд, ки хидмат кунам. Имрӯз, ки Эмомалиро интихоб кардед, дар гирди ҳамин кас муттаҳид шавед, тарафкаширо бас кунед. Тоҷикистонро аз нобудӣ бояд нигоҳ дорем”. Баъд аз он “Оши Оштӣ” ташкил карданд."
Озодӣ: Ба назаратон ба ҷуз аз номзадии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон номзадии шахсони дигаре ҳам барои мақоми раиси Шӯрои олӣ буд?
Ҷӯрабек Муродов: "Дар ҳамон рӯзҳо каси дигар набуд. Масалан, Сафаралӣ Кенҷаев аз ҷониби Фронти Халқӣ буд. Фронти Халқӣ барои баргузории иҷлосия дар Хуҷанд хуб кор кард. Хидмати Кенҷаев ҳам калон буд. Лекин дар се рӯзи аввали иҷлосия Кенҷаев бедарак шуд. Намедонам, шояд ба Узбакистон бурда буданд. Баъд аз се рӯз омад."
Озодӣ: Сабаб чӣ буд, ки Кенҷаевро бурданд?
Ҷӯрабек Муродов: "Иҷлосия нав оғоз мешуд, ки як кас омаду гуфт, ки Сафаралӣ Кенҷаев, Шуморо ба берун даъват карда истодаанд. Бо ҳамин, ман ҳар вақт мепурсидам, ҳеҷ кас намедонист. Вақте ки ҳукумат ташкил шуд, раҳбаронро таъин карданд, баъд омаданд."
Озодӣ: Чун Шумо бо Кенҷаев нишасту бархост доштед, оё имкон нашуда буд, ки ягон бор дар ин бора пурсед?
Ҷӯрабек Муродов: "Пурсидам, гуфт, ки берун баромадам, он одамон гуфтанд, ки ба мошин шинед, як ҷо меравем, бо Шумо сӯҳбат мекунанд. Бо онҳо рафтем, дар як хона меҳмондорӣ карданд ва дар рӯзи севум оварда монданд."
Озодӣ: Шояд нерӯҳое мехостанд Сафаралӣ Кенҷаевро аз иҷлосия берун бибаранд ва вай дар интихоби раҳбарони нави Шӯрои олӣ халал нарасонад?
Ҷӯрабек Муродов: "Вақте ки он кас аз вазифаи раиси Шӯрои олӣ рафтанд, Фронти Халқӣ ташкил шуд. Шояд Фронти Халқӣ ҳамин корро мехост, ки то интихоби Эмомалӣ Шарипович он кас дар иҷлосия набошанд. Намедонам..."
Озодӣ: Дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар тӯли чанд даҳсола намояндагони шимол раҳбарии Тоҷикистонро бар ӯҳда доштанд. Вале дар ин иҷлосия намояндагони мардумӣ раҳбариро ба намояндаи ҷануб доданд. Дар ин кор мардуми Хуҷанд гузашт карданд ё воқеияти вазъ он гуна буд, ки ҳамин тасмим бояд гирифта шавад, чун нерӯҳо дар ҷануб бештар буд ва ин нерӯҳо метавонистанд, ки заминаи таъмини сулҳро фароҳам оранд?
Ҷӯрабек Муродов: "Ҷаҳолат падару модару фарзандро намешиносад. Душманони мо тавонистанд, ки тоҷикро бо тоҷик ҷанг андозанд. Тоҷикон мардуми ирфонӣ ҳастанд, ҳеҷ гоҳ бо худашон ҷанг намекарданд. Он вақт дар дасти ҳама тиру камон буд. Ҳамсоя ҳамсояро мекушт. Ҳатто дар баъзе ҷойҳо падар дар як ҷабҳа ва писар дар ҷабҳаи дигар буданд. Барои ҳамин на аз шимол, балки аз ҷануб нерӯҳо ин сулҳро таъмин карда метавонистанд. Ба назарам, ин кор ҳамон вақт даркор буд."
Озодӣ: Оё ҳамон вақт имкон дошт, ки гурӯҳҳои таъсиргузори Хуҷанд Абдумалик Абдуллоҷоновро пешбарӣ кунанд ва вайро ба раҳбарӣ оранд?
Ҷӯрабек Муродов: "Имкон надошт. Пешбарӣ накарданд ва имкон ҳам надошт. Лекин ба сарвазирӣ пешбарӣ карданд ва интихоб шуд. Он вақт ҳамаи фармондеҳон аз ҳар ду ҷониб ҳамон ҷо буданд ва номзадии Эмомалӣ Шариповичро дастгирӣ карданд."
Озодӣ: Оё номзадии ҷаноби Раҳмонро кишварҳои наздик ба Тоҷикистон ҳам ҷонибдорӣ мекаарданд ва бо онҳо ҳамоҳанг шуда буд?
Ҷӯрабек Муродов: "Бале, бале, пеш аз ҳама Узбакистон, баъд Русия розигӣ дода буданд. Он вақт ҷумҳурии мо парешон буд, мардум тайёр набуданд. Ҳоло мардуми мо мардуми соли 1992 нест. Ҳоло ҷаҳонбинӣ дигар шудааст. Халқ эътибори худашро акнун медонад."
Озодӣ: Баъд аз хатми иҷлосия дар саҳни Қасри Арбоб “Оши Оштӣ” ташкил шуд, фармондеҳони ду ҷониб ҳам буданд, шахсиятҳои муътабари ҳар ду ҷониб буданд. Вале баъд аз “Оши Оштӣ” баъзе аз намояндагони мухолифон ба Душанбе барнагаштанд, балки аз ҳамон ҷо ба кишварҳои хориҷӣ рафтанд. Чаро?
Ҷӯрабек Муродов: "Бубинед, дар Амрико Барак Обама чӣ қадр бо рақибаш Митт Ромнӣ дар гуфтугӯи рӯ ба рӯ ба якдигар гапҳои сахт заданд. Вале вақте ки Обама пируз шуд, Ромнӣ даст дода табрик кард ва гуфт, “Шумо президенти ман ҳастед”. Афсӯс, ки чунин муносибат ҳамон вақт дар Қасри Арбоб дида нашуд. Агар президент ё раҳбарро халқ интихоб кард, дигараш бояд омада дасти раҳбарро фишорад. Дар бораи рафтани баъзе намояндагони мухолифон ҳаминро мегӯям, ки одам хоҳу нохоҳ чизеро ҳис мекунад. Дар давоми шаш моҳе, ки мухолифон давлатдорӣ карданд, мардум онҳоро қабул накард. Онҳо ҳаминро ҳис карданд. Барои ҳамин, баъзеашон аз Тоҷикистон рафтанд."
Озодӣ: Агар Шумо аз марҳилаи кунунӣ ба иҷлосияи 20 соли пеш нигоҳ кунед, аҳамияти онро дар чӣ мебинед?
Ҷӯрабек Муродов: "Дар солҳои Шӯравӣ ҳам ман дар бораи Ватан, дар бораи забон сурудҳо мехондам, ки мардум истиқлолияту ифтихори забони миллии худро бештар ҳис кунанд. Вале ин истиқлолият бо душворӣ омад. Як камбудии мо ин аст, ки маҳалчигӣ вуҷуд дошт. Ман аз забонам бисёр “месӯзам”. Агар нагӯям, зиқ мешавам, агар гӯям ҳам зиқ мешавам. Узбакистон тақрибан 27 миллион нафар аҳолӣ дорад. Агар як ҳунарманд суруд хонад, ҳама гӯш мекунанд. Вале як замоне дар Тоҷикистон, агар Ҷӯрабек мехонд, бояд дар Помир гӯш накунанд ва ё агар Давлатманд мехонд, дар Ленинободи ҳамонвақта гӯш намекарданд. Он вақт ҳамин гуна шароит буд. Ин маҳалчигӣ ба мо зарар кард. Вале ҳоло ҷавонон ин хел нестанд. Ҷавонон миллат шудаанд. Ҳоло агар як овозхон хонад, ҳама минтақаҳо гӯш мекунанд. ин ҳам хушбахтист. Худшинос шудаем."
Ҷӯрабек Муродов: "Як нуктаро нодида гирифтан аз рӯи инсоф нест. Вақте Шӯравӣ пош хӯрд, дар дигар ҷумҳуриҳо меросе монд. Барои Тоҷикистон чизе намонданд. Ҳамаро бурданд ва тороҷ карданд. Худи Тоҷикистон наздик буд пора шавад. Ташкил кардани иҷлосия дар ҷои дигар имкон надошт, дар Хуҷанд баргузор карданд. Мо намояндагон ҳам рафтем. Тоҷикистон дар вазъи душвор буд, ё бояд мемонд ва ё бояд пора мешуд. Хуб шуд, ки ҳама ба як қарор омаданд ва Эмомалӣ Шариповичро раиси Шӯрои олӣ интихоб карданд. Он кас баромада аввал гуфтанд, ки “ман сулҳ меорам” ва ин гуфтаҳо дар амал иҷро шуд. Дар таъмини сулҳи тоҷикон аз берун Аҳмадшоҳи Масъуд, Бурҳониддин Рабобнӣ, раҳбарони дигари кишварҳои Шӯравии пешин низ кӯмак карданд. Вале ду ҷавонмарди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба ифоқа омаданд, ба ҳамдигар даст доданд ва бо ҳамин дар Тоҷикистон сулҳ шуд."
Озодӣ: Шумо дар толор шоҳид будед, ки он вақт намояндагони парлумон ба ду гурӯҳ тақсим шуда буданд, гурӯҳе аз Фронти Халқӣ ва гурӯҳе аз мухолифон ҳимоят мекарданд. Дар толори иҷлосия ҳам ҳамин рақобат эҳсос мешуд?
Озодӣ: Онҳо бовар надоштанд, ки иҷлосия баргузор мешавад ва ё ягон хатари дигар эҳсос мекарданд?
Ҷӯрабек Муродов: "Ба фикрам, бовар накарданд. Дар он ҷо дар Хуҷанд он қадар хатаре набуд, он ҷо оромтар буд. Хатар дар Душанбе буд, ки иҷлосияро дар он ҷо баргузор накарданд. Ба фикрам, баъзеҳо нахостанд. Сад афсӯс, ки тоҷик бо тоҷик хусумат надорад мегӯянду лекин дар соли 1992 ҳамин гуна шароит буд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад