«Садоямро мабанд», ин таронае барои Гугуш, овозхони саршиноси эронӣ аст, ки аз тарафи шоираи ҷавони тоҷик эҷод шудааст.
Ин тарона бар пояи шеъру оҳанги Шоираи Раҳимҷон, таронанавис ва хабарнигори тоҷик ва яке аз мухлисони ашадии Гугуш эҷод шудааст. Шоира ин таронаашро махсус барои Гугуш навиштааст ва ба ӯ тақдим кардааст. Шоираи Раҳимҷон, имрӯз бо таронаву оҳангҳояш дар миёни ҳунармандони маъруфи кишвар шинохта шудааст ва шеъру таронаҳояш харидорони зиёде дорад. Бештар аз 100 оҳангу таронаҳои эҷодкардаи Шоираи Раҳимҷонро ситораҳои мусиқии замонавии тоҷик сароидаанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ бо Шоираи Раҳимҷон сӯҳбати ихтисосие анҷом дода ва нахуст аз Шоира пурсида шуд, ки таронаи ҳадягии ӯ чӣ тавр ба дасти Гугуш расид?
Шоираи Раҳимҷон – "Воқеан барои навиштани як тарона ба хонум Гугуш ман солҳои зиёдро сипарӣ кардам. Аслан 7 соли қабл як тарона барои ин овозхони шинохта омода кардам ва намехостам онро ба каси дигаре пешниҳод кунам. Вақте Мансур дар ҷашни Наврӯзии соли гузашта ба Тоҷикистон омад, ман ин таронаро барояш пешниҳод кардам, то ба Гугуш бирасонад. Аммо ӯ хеле исрор кард, ки ин таронаро бояд Мансур бихонад. Ҳамин тавр ман хушбахтона боз як таронаи дигаре омода кардам бо номи "Садоямро мабанд". Ин тарона ба дасти Гугуш расид ва алъон дар арафаи омодагист. Тариқи интернет дар иртиботам бо хонум Гугуш ва он кас мегӯянд, ҳоло болои такмили овоз ба ин оҳанг кор мебаранд."
Озодӣ – Яъне ҳоло бо Гугуш ғоибона ошно шудаед ва ба таври виртуалӣ ҳамкорӣ доред?
Шоираи Раҳимҷон – "Бале ин иртибот тоза ба ман даст дод ва ман аз ин хеле хушбахтам."
Озодӣ – Метавонем чанд мисраи таронаеро ки шумо навиштаед ва Гугуш бояд бисарояд ба мо қироат кунед?
Шоираи Раҳимҷон – "Ман бисёр мехоҳам тарона ҳоло махфӣ бошад ва зеҳни шунавандаи точик аз он кайфияти дигар бигирад. Воқеан ҳам интизорӣ кашидан барои тавлиди як тарона ширин аст."
Озодӣ – Чаро мехостед маҳз Гугуш таронаи шуморо зери оҳанг бисарояд?
Шоираи Раҳимҷон – "Хонум Гугуш ягон ҳунармандест, ки аз хурди зеҳни маро фаро гиирфтааст. Хеле зиёд дӯсташ медорам. Таронасарои орзӯҳои ман аст ва агар таваҷҷӯҳ карда бошед ман ҳатто рӯймоламро мисли ӯ мебандам. Бинобар ин мехостам таронаи маро ӯ иҷро кунад."
Озодӣ – Аз ҳунармандони хориҷӣ боз бо киҳо ҳамкорӣ доред?
Шоираи Раҳимҷон – "Ман танҳо бо овозхонони ватанӣ ҳамкории қавӣ дорам, аммо ба наздикӣ имкон ёфтам бо бархе аз овозхонҳои Эронӣ ҳам ҳамкорӣ кунам. Як оҳанг аз устод Бежани Муртазовӣ бароям пешниҳод шуд, то барои он оҳанг шеър нависам ва ин тарона ҳам дар арафаи омододашавист."
Озодӣ – «Шеваи ҳамкории шумо бо овозхонҳо чӣ гуна аст, Шоира? Ҳар касе хоҳад метавонад аз шумо шеъру тарона дархост кунад ё худатон интихоб мекунед, ки шеъру таронаи шуморо кӣ бихонад?
Шоираи Раҳимҷон – "Интихоб албатта ғолибан аз ҷониби ман мешавад. Вақте шеъру оҳанг омода мешавад ман аллакай тассавур мекунам, ки кадом овозхон метавонад он оҳангро хуб иҷро кунад. Вале аз ҷониби ҳунармандони ҷавону тозакор зиёд барои шеъру оҳанг ба ман муроҷиат мекунанд ва бо онҳо ростӣ ҳамкорӣ карданро дӯст медорад чун фикр мекунам, бо ҷавонони навкор сабзидан хуб аст, аммо албатта ҳамкорӣ бо овозхононӣ касбӣ ва маъруф бароям осонтар аст. Онҳо аз уҳдаи кор ба осонӣ мебароянд ва маро камтар азият медиҳанд."
Озодӣ – Кадом мавзӯъҳо аз сӯйи ҳунармандон серталабу серхариданд?
Шоираи Раҳимҷон – "Таронаҳо дар мавзӯи ишқ серхаридортарин таронаҳои ман аст ва ҷавонон ҳамчунин ҳоло таронаҳо дар васфи ватанро ҳам дӯст медоранд. Аммо худи ман вақтҳои ахир ба ин андешаам, ки аз доираи ишқ каме берун биравем ва тарона бояд сужа дошта бошанд. Ба ҳамин маънӣ ба наздикӣ чанд таронаи нав эҷод намудем, яке бо номи «Мард ҳам бояд каме гиря кунад» ва дигарӣ ҳам «Намозамро қазо кардам». Хулоса ба ҳамингуна мавзӯҳои ҷадидтар рӯ овардаем."
Озодӣ – Хуб, роҷеъ ба мавзӯҳои дигар, аз ҷумла мавзӯҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ё муҳоҷират ҳам шеъру таронаҳо менависед?
Шоираи Раҳимҷон –"Не намехоҳам, ин мавзӯҳо маро хаста мекунанд. Имрӯз бе ҳамин ҳам хабарҳо дар мавзӯи иҷтимоиву сиёсӣ зиёданд ва ин ҳам хаста мекунанд мардумро. Ман фикр мекунам вазифаи мо тафреҳ бахшидан ба мардум аст. Шояд таронаҳои мо тавонанд як каме мардумро аз ҳолати иҷтимоӣ ё сиёсӣ берун оранд."
Озодӣ– Ташаккур, Шоира, шуморо бо нашри маҷмааи дуввуми шеъру таронаҳоятон табрик мегӯем.
Шоираи Раҳимҷон – "Ташаккур, воқеан китоби дуввуми ман бо номи «Вопасин номаҳои дард» рӯйи чоп омад ва дар он аксаран шеъру таронаҳои тоза гирдоварӣ шудааст. Тасмим дорам шаби эҷодии худро баргузор кунам. Агар то он рӯз оҳанги хонум Гугуш ҳам омода шавад шояд он ҷо садо хоҳад дод ва ман воқеан аз ин хушҳол хоҳам шуд."
Сӯҳбати зерини видеоии Шоираи Раҳимҷон бо радиои Озодӣ ҳудуди як сол пеш рӯи навор омада буд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ бо Шоираи Раҳимҷон сӯҳбати ихтисосие анҷом дода ва нахуст аз Шоира пурсида шуд, ки таронаи ҳадягии ӯ чӣ тавр ба дасти Гугуш расид?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад