Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Соати тарбиявӣ” барои овозхонҳои “беҳаё”


Саҳнае аз клипи баҳсбарангези овозхон Каниза
Саҳнае аз клипи баҳсбарангези овозхон Каниза

Дар Ӯзбакистон аз сарояндагон хоста шудааст, «либоси дуруст ва миллӣ» пӯшанд ва таронаҳои бемаънӣ нахонанд.

Ба ҷаласае, ки ширкати давлатии "Ӯзбакнаво" рӯзи сешанбеи 14-уми май дар Тошканд баргузор намуд, асосан овозхонҳое даъват шуданд, ки, гуфта мешавад, нимурён ё бо сарулибоси “бешармона” дар саҳна ва наворҳои видеоӣ зоҳир мешаванд ва ҳангоми сурудан ба “ҳаракатҳои беҷо” ва “шаҳватангез” роҳ медиҳанд.

Яке аз ширкаткунандагони ин ҳамоиш, сардабири нашрияи электронии “shov-shuv.uz” Ҷасур Ҳамроев ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин шеваи зиндагии бархе аз ҳунармандон ҳадафи танқид қарор гирифт. Ширкати "Ӯзбакнаво", ки ин масъалаҳоро матраҳ кард, ниҳоди бонуфузи давлатист, ки онро “вазорати мусиқӣ” ҳам ном мебаранд. Бе иҷозатномаи расмии ин ниҳод ягон сароянда ё гурӯҳ ба фаъолияти ҳунарӣ машғул шуда наметавонад ва бе ризоияти он ҳеҷ кас наметавонад ба хориҷ аз Ӯзбакистон сафари ҳунарӣ анҷом диҳад.

Дар ҷаласаи ахири он ҳамчунин матну оҳанги бархе аз хонандаҳо низ баррасӣ ва танқид шудааст. Ҷасур Ҳамроев мегӯяд: “Дар бораи таронаҳои бесалиқа ва матнҳои бемаънои баъзе аз хонандагон ва таъсири бади баъзе аз видеоклипҳо табодули назар шуд ва суҳбате сурат гирифт, ки чӣ гуна мешавад, аз ин камбудиҳо пешгирӣ кард.”

Ҳарчанд мақомоти "Ӯзбакнаво" бисёре аз сарояндагон ва продюсеронро ҳадафи танқид қарор доданд, беш аз ҳама номи Каниза садо дод. Ин овозхони ҷавони қуқандӣ (номи аслияш Шаҳрзод Аҳмадова) ба он муттаҳам шуд, ки дар бархе аз клипҳояш зиёда аз ҳад бараҳна аст ва ҳаракатҳое, ки анҷом медиҳад, ба меъёрҳои ахлоқӣ ҷавобгӯ нестанд. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш продюсери ин овозхон бо иттиҳоми дуздии пул боздошт шудааст.

Дар ин ҷаласа ҳамчунин гуфта шуд, ки овозхонон дар гуфтори хеш бояд эҳтиёткор бошанд ва сарнавишти Абдулло Қурбонов барои ҳамаи онҳо сабақ гардад. Ин овозхон баъд аз паҳн шудани як ишораи таҳқиромези ӯ нисбати кормандони умури дар шабакаи Ютюб ва телефонҳои ҳамроҳ рӯзи 22-юми феврали соли равон аз иҷозатномаи фаъолияти ҳунарӣ маҳрум гашт. Қурбонов дар ин навор кормандони милисаро “порахӯр” номида буд.

Овозхони дигар Юлдуз Усмонова низ барои бархе аз суханонаш муддати дароз дар хориҷ мезист ва акнун ҳарчанд ба Ӯзбакистон баргаштааст, то ҳол ҳаққи ширкат дар консерту ҷашнвораҳои бузургро надорад. Пеш аз ӯ Шералӣ Ҷӯраев барои мавзеъгирии сиёсияш зери фишор афтода, овозхоне, ки дар ҳаққи қурбониёни ҳодисаҳои соли 2005 дар Андиҷон марсия суруда буд, зиндонӣ шуд.

Дар ҳоле ки сухани овозхонон дар Ӯзбакистон ҳамеша барояшон дарди сар эҷод кардааст, бори аввал аст, ки сарулибос ва рафтори саҳнавии онҳо сари забонҳо шуд. Ин мавзӯъ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, монанди Тоҷикистон ва Туркманистон низ матраҳ шудааст. Дар форумҳои интернетӣ сарулибос ва ҳаракатҳои саҳнавии Фарзонаи Хуршед, Фирӯза Алифова, Шабнами Сурайё ва дигарон баҳсу кашокашҳоеро ба миён оварда буд.

XS
SM
MD
LG