Наврӯз Зикиров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки моҷарои латту кӯби ӯ дар шаби 20-уми сентябр дар бозори “Москва”-и ноҳияи Люблинои пойтахти Русия боис ба гирдиҳамоӣ ва азияти муҳоҷирон шуд, баъди марҳилаи табобат дар Душанбе қарор дорад. Ӯ рӯзи 8-уми октябр, дар ҳоле ки тафтиши қазияи латту кӯбаш ба поён нарасидааст, ба Тоҷикистон баргашт.
Камераро надида, 2 нафар аз кормандони бозор ба қафаси синаам заданд. Ба замин афтидам ва латту кӯб карданд. Вақте як нафараш ба пушти сарам зад, сарам тоб хӯрд, дилам беҳузур шуд. 10 қадам аз бозор дуртар рафтаму аз ҳуш рафтам
“Танҳо ба хотири наздикон баргаштам”
Наврӯз 13-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳодиса натанҳо ба худи ӯ, балки хонаводааш таъсир гузошт. “Баъди расонаӣ шудани хабари латту кӯб ва сару садо дар бораи гӯё фавтидани ман, ҳоли падарам, ки бемории қалб дошт, бад шудааст. Танҳо ба ҳамин хотир ба Тоҷикистон омадам, ки дили наздикон ормо бигирад”, - гуфт ӯ.
Ин муҳоҷири латту кӯбшудаи тоҷик мегӯяд, аз сарусадо дар бораи инки гӯё ӯро масъулини бозор барои ором шудани вазъ ва бар ивази пул ба ватан фиристодаанд, нороҳатӣ мекунад. Ӯ гуфт, ки аз касе пул нагирифтааст ва билети бозгаштро ҳам бо пули худ харид.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Ба қафаси сина ва пушти сарам заданд”
Моҷарои латту кӯби Наврӯз сарусадои зиёдеро ба по хезонд ва боис ба тазоҳурот ва як муддат боздошту ихроҷ шудани муҳоҷирон ба вижа аробакашҳои тоҷик дар бозори Люблино шуд. Наврӯз хабарҳоро дар ин бора, ки гӯё баъди латту кӯб ӯро бо селофан печонда, партофтаанд, беасос мехонад.
Ӯ бо ёдоварӣ аз он рӯз мегӯяд, “ҳамон рӯз тақрибан соатҳои 15 ба 16 халтаҳоро аз анбор ба ароба бор кардам. Пеш аз ман як аробакаши дигар бор гирифт. Ӯ пулро надоду гузашт. Посбонҳо фикр карданд, ин бори ман аст ва 800 рублро надодаам. Камераро надида, 2 нафар аз кормандони бозор ба қафаси синаам заданд. Ба замин афтидам ва латту кӯб карданд. Вақте як нафараш ба пушти сарам зад, сарам тоб хӯрд, дилам беҳузур шуд. 10 қадам аз бозор дуртар рафтаму аз ҳуш рафтам.”
“Аз он чӣ дар берун мегузашт, хабар надоштам”
Бино ба нақли ин муҳоҷири тоҷик, ӯ баъди чанд соат дар беморхона ба ҳуш омада, фаҳмидааст, ки муҳоҷирони дигар барояш Ёрии таъҷилӣ даъват кардаанд. Аз тамоми ҳодисаҳое, ки баъди латту кӯби Наврӯз дар маркази тиҷоратии Маскав дар Люблино сар зад, аз ҷумла дар бораи тазоҳуроти аробакашҳои бозор, худи ӯ чанд рӯзи пеш огоҳ шудааст. Дар беморхона пизишкон барояш иҷоза надодаанд, ки телефон бигирад. “Телефонамро танҳо як рӯз пеш аз омадан дар дастам доданд. То ин вақт яке аз бародарон гуфта буд, ки дар берун ҳамин хел гапҳост, аммо духтурон намегузоштанд, ки бо ман зиёд дар ин бора сӯҳбатҳо шавад. Мегуфтанд, ки ба сиҳатиаш зарар дорад”, – гуфт ин муҳоҷири тоҷик.
Наврӯз Зикиров 27 сол дорад ва пас аз хатми синфи 9-ум ба муҳоҷират рафта, корро ҳам дар фурӯшгоҳи калони минтақаи Люблино шурӯъ кард. Ӯ дар назди як соҳибкор аз Чин кор ва аробакашӣ мекунад. Ҳар моҳ ба гуфтаи Наврӯз беш аз 20 ҳазор рубл даромад дорад ва бо вуҷуди мушкил будани кору зиндагӣ дар Русия дар солҳои ахир ӯ бо ин роҳ зиндагии вазнини худу хонаводаашро сабук мекард. Ин муҳоҷири тоҷик оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст.
Наздикон намехоҳанд, ки Наврӯз ба Маскав биравад
Ба гуфтаи Наврӯз, дар ин фурӯшгоҳ тамоми тоҷиконе, ки соҳибкорӣ ва аробакашӣ мекунанд, ӯро чун як корманди кӯҳнаи бозор мешиносанд ва бо ҳам муносибати дӯстона доранд. “Мо ҳамаамон мисли бародар муттаҳид ҳастем. Ҳадафи гирдиҳамоии онҳо танҳо ҳимоя аз ҳуқуқи мо буд. Аммо шояд ин ҷо ҳодисаи ман аз сӯйи гурӯҳҳои дигар ҳам истифода шуд. Чун хабарҳое дар робита ба марги ман ва наворҳое нашр шуд, ки аслан дар он ман нестам”, - гуфт ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наврӯз мегӯяд, бо вуҷуди табобат дар Маскав ҳанӯз ҳам аз дарди сар азият мекашад ва табобатро дар Душанбе идома медиҳад. Волидон намехоҳанд, ки Наврӯз дигарбора ба Маскав биравад, вале худи ӯ мегӯяд, ба хотири ба анҷом расондани парванда ва ҳам идомаи кор бояд баргардад. Ӯ мегӯяд, бо кумаки дӯстонаш ва мақомот талош хоҳад кард, ки омилони латту кӯбаш дар бозори Люблино ҷазо бубинанд.
“Мехоҳам, ин парвандаро ба поён бирасонам”
Наврӯз ҳоло маҷбур аст, дубора ба кишваре баргардад, ки барои 800 рубл таҳти мушту лагад қарор гирифт. Ӯ мегӯяд, агар дар Тоҷикистон ҷойи кори хубе пайдо мекард, ҳаргиз дигар орзуи Маскавро намекард.
Дар пайи қазияи ин муҳоҷири тоҷик, ки барои муддате кору зиндагии муҳоҷирони дигарро дар Люблино тағйир дод, мақомоти тоҷик бо ирсоли нота ё ёддошт аз Русия талаб кард, қазияи латту кӯби Наврӯз Зикиров ҷиддан ва одилона баррасӣ шавад. Пулиси Маскав қаблан гуфта буд, ки нисбат ба ҳодисаи латту кӯби шаҳрванди Тоҷикистон тибқи моддаи 116-и Кодекси ҷиноии Русия парванда боз кардааст. Ҳадди аксари ҷазо тибқи ин модда ду соли зиндон муайян шудааст.
Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия расман ҳудуди 600 ҳазор ва ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион нафар гуфта мешавад. Онҳо барои таъмини хонаводаҳои бузурги худ дар Тоҷикистон, маҷбуранд роҳи муҳоҷират ба ин кишварро пеш бигиранд ва тамоми азияту мушкилиҳоро таҳаммул кунанд.
Буҳрон муносибат бо муҳоҷиронро ҳам буҳронӣ кард?
Зери мушту лагад қарор гирифтани муҳоҷирон дар Русия аз ҷониби маъсулин ва ҳам сокинони одӣ падидаи нав нест. Аммо коршиносон мегӯянд, ки баъд аз таҳримҳову бештар шудани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, шумори афроди норозӣ аз ҳузури муҳоҷирон дар Русия ҳам зиёд мешавад.
Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки омили аслии латту кӯб ва нақз шудани ҳуқуқи муҳоҷирон ҳам ин аст, ки аз оғоз онҳо дар ҷустуҷӯи кор ба шарту шароити таҳқиромез розӣ мешаванд. Гуфта мешавад, дар пайи бӯҳрони иқтисодӣ бозори кору даромад дар Русия хеле танг шуда, шароити кори муҳоҷирон ҳам бадтар гардидааст.