Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба муҳоҷирони тоҷик дар Маскав иҷозаи кор доданд


Ба аробакашҳои тоҷик дар маркази тиҷоратии Люблино дар Маскав иҷоза додаанд, то дубора дар онҷо кор кунанд. Маркази тиҷоратӣ дар ҳафтаи гузашта саҳнаи моҷаро ва гирдиҳамоии муҳоҷирони тоҷик буд.

Хуршед Бозоров, як аробакаши бозори Люблино, рӯзи 28-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамин рӯз мақомот бо онҳо сӯҳбат карда гуфтанд, ки метавонанд ба кор дар марказ идома бидиҳанд.

Ӯ гуфт, ҳоло дар назди ҳар мағоза ва анбор дунафарӣ ба кор пардохтанд. "Ҳама бачаҳо ғамгин буданд, чун тамоми зиндагиашон аз ҳамин ҳисоб буд. Мо метарсидем, ки дигар моро иҷозат намедиҳанд", - гуфт ӯ. Баъд аз латту кӯби Наврӯз Зикиров, як муҳоҷири тоҷик аз тарафи посбонони бозори Люблино садҳо муҳоҷири кории тоҷик рӯзҳои 20-ум ва 21-уми сентябр дар назди бозор гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Барои ором кардани вазъ нерӯҳои пулис ба инҷо омаданд ва даҳҳо нафарро ҳам дастгир карданд. Баъди анҷоми гирдиҳамоиву тазоҳурот, даҳҳо муҳоҷири тоҷик гуфтанд, ки онҳоро аз ҳаққи кор дар маркази тиҷоратии "Люблино" маҳрум кардаанд.

Онҳо гуфтанд, ки ҳар моҳ бояд гузарномаи вуруд ба бозор бигиранд ва баъди моҷарои рӯзи 20-уми сентябр ба даҳҳо нафари онҳо гузарнома надоданд.

Аробакашҳои тоҷик мегӯянд, дар ин бозор рӯзе аз 2 то 3 ҳазор рубл фоида ба даст меоранд. Хусрав Саидов, як аробакаши дигар гуфт, ки бо вуҷуди иҷозаи кор назорат аз болои онҳо ҷиддитар шудааст. Ӯ гуфт, ки “фикр мекарданд, ки баъди лату кӯби Наврӯз посбонҳо эҳтиёткор мешаванд, лекин баръакс, муносибати онҳо бадтар шудааст”.

Пулиси Маскав рӯзи 25-уми сентябр гуфт, панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар гирдиҳамоиҳои Люблино ширкат доштанд, аз Русия ихроҷ мешаванд.

XS
SM
MD
LG