Гулбаҳор Ғаффорова, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик ва узви гурӯҳи ҳунарии "Доно ва Коно" мегӯяд, тақрибан то як моҳи дигар таҳти назари табибон дар бемористон монда, сипас ба хонааш меравад. Ғаффорова шоми 13 апрели соли ҷорӣ дар пайи садамае бо худрави шахсияш дар Хуҷанд сахт осеб дида, дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфт ва танҳо баъд аз ду рӯзи табобаташ дар шуъбаи эҳёгарии бемористони маркази вилояти Суғд ба худ омад.
Ӯ дар сӯҳбати видеоӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ ба мухлисонаш паём низ фиристод ва аз ҷумла гуфт, "Худо хоҳад, умр агар дароз бошад, бо ҳимояти шумо баъд аз як ё ду моҳ рӯи саҳна хоҳам омад. Ҳоло аз ман халосӣ надоред. Ман ҳанӯз ҳастам."
Гулбаҳор Ғаффорова мегӯяд, ҳангоми садама дар мошин ҳамроҳи ӯ фарзанду ҷиянаш низ буданд, ки ҳардуи онҳо осеби камтар дида, ҳоло дар бемористонанд ва то ду рӯзи дигар мураххас хоҳанд шуд. Ин ҳаҷвнигори тоҷик афзуд, садамаи 13 апрел ба иҷрои чанд барномаи ҳунарияш ӯ дар Хуҷанду Истаравшан ва шаҳри Душанбе халал ворид кардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба қавли Гулбаҳор Ғаффорова, "аз 1 то 9 май дар Хуҷанду Истаравшан ва Душанбе бояд барнома иҷро мекардем. Бачаҳо аз Душанбе занг заданд, ки консертро гузорем ё не. Рости гап, рад крадам. Гуфтам, беҳтараш рӯзи 1 июн консертро мемонем, бахшида рӯзи кӯдакон."
Гулбаҳор Ғаффорова, ки қаблан дар театр-студияи "Хандинкамон" фаъолият дошт ва ҳоло дар ҳайати "Доно ва Коно"-ст, шоми 13 апрел дар Хуҷанд бо мошини худ ба садама дучор шуд. Дар лаҳзаҳои аввали ин садама Ғаффор Пӯлодов, ҳамсари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, сар ва қабурғаҳои Гулбаҳор осеб дидаанд.
Ин ҳаҷвнигори шинохта зодаи шаҳри Исфара буда, солҳои зиёд дар ҳайати театр-студияи "Хандинкамон" дар Хуҷанд кор кардааст. Аммо ду-се соли охир дар саҳна кампайдо буд ва ахиран бо иштирокаш дар барномаҳои тафреҳии телевизонҳои давлатии Тоҷикистон эълон кард, ӯ издивоҷ намуда, фаъолияташро дар студияи "Доно ва Коно" шурӯъ намудааст.
Ӯ аълочии фарҳанги Тоҷикистон мебошад ва дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол баъд аз сиҳҳат шуданаш якҷоя бо "Доно ва Коно" ба "Хандинкамон" баргарданд. Вай ҳамагуна ихтилоф миёни ӯ ва раҳбарияти театр-студияи "Хандинкамон"-ро рад кард ва гуфт, ҳатто дар лаҳзаҳои мушкилаш дар бемористон онҳо ба аёдати ӯ омада, тамоми ёрии заруриро расондаанд.