Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳаҷв қодир аст мушкилоти ҷомеаро ҳал намояд"


Усто ва Масто, ҳаҷвнигорони машҳури солҳои ҳаштод дар Тоҷикистон.
Усто ва Масто, ҳаҷвнигорони машҳури солҳои ҳаштод дар Тоҷикистон.

Имрӯз 1-уми апрел дар Тоҷикистон ба унвони Рӯзи ханда шинохта шудааст.

Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе ва дигар аз марказҳои вилоятҳои Тоҷикистон бо ширкати ҳавҷнигорону базлагӯён маҳфилҳо сурат мегирад. Дар чанд соли ахир ҳаҷвнигорони зиёде рӯи саҳна омадаанд ва театр -студияҳои ҳаҷву хандаро ташкил додаанд. Ба хусус дар чанд соли ахир театр - студияҳои «Лаҳзаҳои гуворо», «Ғарибшо компания», «Хандикамон», «Табассум» ва «Шӯхиҳои Аловуддин» хотири мухлисону алоқамандони ҳаҷвро бо барномаҳои шоди худ болида месозанд.

Бурду бохт ва мушкилоти ҳаҷву ҳаҷвнигорон дар арафаи Рӯзи ханда, дар як мизи гирди РО, ки бо иштироки ҳаҷвнигорон, мунақидон ва дӯстдорони ҳаҷв доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муқим Абдуфаттоев, сарвари театр-студияи «Хандинкамон» мегӯяд: «Имрӯз мегӯянд, ки сатҳи ҳаҷви тоҷик поён аст. Масалан барои ба саҳна омадани 12 ҳаҷвнигор дар барномаи «Кривое зеркало»-и Русия, 46 нафар заҳмат мекашанд ва ҳазинаи молишон барои кори 2 соата 150 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Имрӯз, масалан, агар Бахтиёр ягон намоишнома таҳия карданӣ шавад, меравад бо соҳиби толор гуфтугӯ мекунад, бо реклом масъалаҳои молиро ҳал мекунад, боз меояду бо Ташриф репититсия мекунад. Дар ин ҳолат чӣ хел сатҳи ҳаҷв боло меравад?»

Бахтиёр Раҳимов, роҳбари гурӯҳи ҳаҷвнигорони «Ғарибшо - компания» мӯътақид аст, ки: «Ҳоло дар мо ҳаҷвнигороне, ки ҳаҷвия нависанду онро мо гирифта ба саҳна гузорем, ки одамон ханданд ва ин ҳаҷв ба ҳадафаш расад, хеле каманд. Бинобар ин мо маҷбурем, ки худамон матни ҳаҷвро ҳам нависему боз онро ба саҳна гузорем. Аз сомонаҳои русӣ мегирем, баъзан ба ҷои Иванов Иброҳим ва ба ҷои Миша Мирзо менависему ба саҳна мегузорем. Ҳаҷви ҳақиқӣ метавонад ба ҳадафаш расад, метавонад инқилоб кунад.»

Абдумудассир Аҳмадзода, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва аз дигар аз иштирокичиёни ин мизи гирд ба ин назар аст, ки: «Воқеан ба андешаҳои дар боло зикршуда розӣ ҳастам, ки дар мо ҳаҷвнигорон хеле кам шудаанд, бархеашон аз олам чашм пӯшиданд. Ҳаҷвнигороне, ки ҳастанд камтар менависанд, шояд ҳавсалаашон пир шудааст? Дар даврони шӯравӣ ҳаҷв дар як чорчӯбаи муайяни маҳдуд қарор дошт, вале ҳоло низ ҳаҷвнигорони тоҷик комилан озод нестанд, аз шароит, аз сармоягузор ва дигар омилҳо вобаста ҳастанд. Вақте ҳаҷв ба назари ман ба ҳадаф мерасад ва сатҳаш баланд меравад, ки нависандаҳои матни ҳаҷвро нависанду ҳунармандон онро дар саҳна иҷро кунанд.»

Муҳайё Нозимова, сармуҳаррири ҳафтавори «Овоза ва ҳақиқат» мегӯяд: «Ба андешаи ман вақте расидааст, ки ҳаҷвнигорон ба худ продюсер гиранд. Ҳамаи корҳои ташкилӣ ва ғайриэҷодиро ба зимаи ӯ вогузор карда, худашон пурра ба корҳои эҷодӣ машғул шаванд. Дар ин ҳолат сатҳи ҳаҷв боло рафта, он ба ҳадафи худ мерасад."

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ

Рӯзи ханда ва ё "фиребгарӣ"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00
XS
SM
MD
LG