Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷмиддини Шоҳинбод ва танзи сиёсӣ дар Тоҷикистон


Наҷмиддини Шоҳинбод аз адибони танзгӯи тоҷик аст, ки бо танзҳои бонамак ва бараҳнаи сиёсиаш маъруф шудааст.

Ба бовари аксар, Шоҳинбод ончиро ки марзи озодии матбуот дар Тоҷикистон имкон медиҳад, фошофош ва масоили хориҷ аз ин “хутути қирмиз”-ро ҳам чунон пардапӯшона мегӯяд, ки мухотабонаш ҳатто агар худро бишносанд, илоҷе ба ҷуз аз фурӯ бурдани ин шаппотии танзомезро надоранд.

АДИБЕ, КИ ОРЗУИ РОНАНДАГӢ ДОШТ

Наҷмиддини Шоҳинбод соли 1952 дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон ба дунё омада, бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи Душанберо хатм кардааст. Худи ӯ қиссаи дохилшавиаш ба Донишгоҳ дар соли 1970-ро чунин қисса мекунад: “Ман мехостам ронанда шавам, чунки дар қишлоқи мо, ки кӯҳистонист ва равуо душвор буд, дар он замон қаҳрамони асосӣ ҳамин шофёр буд. Вақте Душанбе омадам, дар мактаби ронандагӣ довталаб хеле зиёд буд ва маро қабул накарданд. Гуфтанд, як муддат, дар донишгоҳ бихонед, баъд биоед. Ман ба ҳамин хотир ба риштаи филологияи донишгоҳ ҳуҷҷатҳоямро супурдам.”



Наҷмиддини Шоҳинбод мегӯяд, донишгоҳро хатм кард, вале соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ нашуд то даме, ки дар солҳои 80-ум дар Афғонистон ин ҳуҷҷатро дар ивази 1000 рупия ришва ба даст овард.

ҚИССАИ 600 САР ҚӮТОС ВА МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ

Кӯчидани Шоҳинбод аз Бадахшон ба Хуҷанд дар соли 1995 як қиссаи дигар аст, ки достонашро аз худи ӯ мешунавем: “Соли 1995 буд. Бо қарори ҳукумат 600 сар қутосро аз Бадахшон ба ноҳияи Айнӣ оварданд. Ман ҳамроҳи ҳамон қутосҳо дар КАМАЗ ба Хуҷанд омадам. Соле баъд ҳамаи он 600 қутос мурд. Танҳо ман зинда мондам аз он миён.”

Баъди 15 соли мусофират дар Хуҷанд, Наҷмиддини Шоҳинбод ахиран даъвати Акбари Саттор, аз медиа-магнатҳои Душанберо “лабайк” гуфт ва феълан дар пойтахт, дар чопхонаи марбут ба молики “Чархи гардун” кор мекунад. Ӯ худро як муҳоҷири дохилӣ меномад, ки ба хотири пайдо кардани ризқу рӯзӣ тарки макон кардааст: “Инҷо, дар Тоҷикистон муҳоҷирати хориҷӣ ҳаст ва ҳам муҳоҷирати дохилӣ. Ман муҳоҷири дохилиам. Ман ба хотири пулкоркунӣ аз Хуҷанд ба Душанбе омадам.”

Наҷмиддини Шоҳинбод феълан дар Душанбе манзиле надорад, вале мегӯяд, ба сардабири “Чархи гардун” Муҳаммадалии Мақсадуллоҳ хона додани Акбари Саттор ӯро низ умедвор кардааст, ки дар ниҳоят чунин лутфе дар ҳаққи ӯ ҳам хоҳад шуд.

КОРТИ МУАРРИФИИ “МИЛЛАТ”

Наҷмиддини Шоҳинбод ҳамчун танзгӯи сиёсӣ тавассути нашрияи “Миллат” муаррифӣ шуд. Адолати Мирзо, муассиси ин ҳафтанома мегӯяд, ҳамкорони
Адолати Мирзо, муассиси ҳафтаномаи "Миллат"
ӯ Наҷмиддини Шоҳинбодро ҳангоми аёдат аз Тоҳири Абдуҷаббор, ки дар Хуҷанд мариз буд, пайдо карда, билофосила бо ӯ қарордоди ҳамкорӣ бастанд: “Як зарфияти кораш ин аст, ки хеле мушаххас, бамаврид ва бо дарки мавзӯъ менависад. Ва бисёри масоиле, ки мо наметавонем пӯшиш бидиҳем, аксари ин масоил дар танзҳои Шоҳинбод пӯшиш меёбанд. Ва саҳифаи “ЁУМ” (“Ёдбуди Усто ва Масто”) ҳам минбаре шуд, ки устод Шоҳинбодро аз Хуҷанд барои тамоми Тоҷикистон муаррифӣ кард.”

Ҳамкорӣ бо Шоҳинбод ба сафи хонандагони “Миллат” низ хеле афзуд. Ва ҳатто бархе мегӯянд, хондани ин ҳафтаномаро маҳз аз саҳифаи вижаи Наҷмиддини Шоҳинбод шурӯъ мекунанд. Яке аз чунин мухлисони Наҷмиддини Шоҳинбод Самариддин Асозода, сардабири “Ҷавонони Тоҷикистон” ва танзнависи ҷавони тоҷик аст, ки мегӯяд, дар ҳаҷви 10 соли охир пешгомтар аз Шоҳинбод касеро намебинад: “Ростӣ, аз ҳаҷвнигорони тоҷик ман Наҷмиддини Шоҳинбод ва Абдурауфи Муродиёро сахт меписандам, ки хеле фаъоланд. Устод Гурез Сафар ҳам ҳаст ва ҳам Саидаҳмади Зардон, ҳарчанд ки ӯ камтар менависад. Аз устодони ин толор Мирзо Файзалист, ки назми хеле баланду тарбиятгари ҳаҷвӣ дорад ва ҳаҷваш сиёсӣ низ ҳаст. Аммо ҳаҷви сиёсиро дар байни ҳаҷвнигорони мо асосан Наҷмиддини Шоҳинбод дорад. Ҳаҷваш рӯзмарра ҳам ҳаст. Ва дар ҳаҷви 10 соли охир пешгомтар аз ҳама ӯст.”

Хабарнигор ва адиби танзгӯи тоҷик Ҷумъаи Мирзо низ мегӯяд, мутолиаи ҳар шумораи “Миллат”-ро аз саҳифаи охиринаш оғоз мекунад, ки оё ин бор Наҷмиддини Шоҳинбод дар кӯлбори саҳифаи “ЁУМ”-аш чӣ дорад:
Акс аз бойгонии ҳафтаномаи "Миллат" гирифта шудааст
“Наҷмиддинро метавон репортёри ҳаҷв номид, чунки ҳодисаеро, ки имрӯз рух медиҳад, ҳамин рӯз ё фардоаш алакай дар либоси танз дар матбуот пешниҳод мекунад. Масалан, шумораи ахири “Миллат”-ро агар варақ занем, ҳаҷву латифаҳои Шоҳинбодро мебинем, ки дар бораи Либияву ҷаҳони Араб ва мушкилоти байни Тоҷикистону Узбакистонанд. Ӯ рӯйдодҳои рӯзро саривақт ва ба таври фаврӣ ба хонанда пешниҳод мекунад. Ва як ҷуръате дорад. Ҳаҷви Шоҳинбод ҳаҷви иҷтимоист, ҷанҷоли ҷанҷоли зану шӯ ё сӯҳбати мӯсафедон дар чойхона нест. Яъне ҳаҷвест, ки дардҳои ҷомиаро ошкоро мегӯяд. Ман, ростӣ, қоилам ба ҷуръати Наҷмиддини Шоҳинбод.”

КИТОБИ Ӯ КУҶОСТ?

Ба эътиқоди Ҷумъаи Мирзо, аз замони нашри “Ҳайкали кампир”- нахустин қиссаи ҳаҷвии Наҷмиддини Шоҳинбод, пешгомтар аз ӯ дар майдони танзи адабиёти тоҷик касе нест ва вақт аст, ки ӯ ба навиштани достонҳои бузургтари ҳаҷвӣ ва ҳатто роман рӯ биорад. Чизе, ки адабиёти тоҷик аз замони даргузашти Фазлиддин Муҳаммадиев тақрибан надошт.

Аммо Наҷмиддини Шоҳинбод мегӯяд, бо вуҷуди ба зери 5 000 саҳифа расидани навиштаҳояш ва 5 дафъа муроҷиъати интишороти “Адиб” ва ваъдаи ҳукумати вилояти Суғд барои нашри китоби ӯ аз ҳисоби сандуқи президент, ба маҳзи набуди хонанда чандон ҳаваси навиштану нашри китоб надорад: “Ман дар “Миллат” навишта будам, ки: “Ман ба ҳоли миллате гиря мекунам, ки нисбат ба “Шоҳнома” намозро бештар мехонанд. Ман, алҳамдиллулоҳ, мусалмон ҳастам ва ба намоз шакке надорам, вале ин воқеият аст, ки тамоми Тоҷикистон намоз мехонад, вале ку шахсе, ки “Шоҳнома” ҳам бихонад? Имрӯз хонанда нест аслан. Ончизе ки пора-пора дар матбуот нашр мекунам, хонандаи бештар дорад. Дар Тоҷикистон фақат барои шӯҳрати хасакӣ китоб нашр мекунанд. Ба ин мақсад, ки касе гираду хонад – не. Ҳоло бисёри хонандаҳо ҳатто талаб мекунанд, ки китобҳо дар коғазҳои мулоимтар чоп карда шаванд...”

АСРИ 21 НИЗ СОЛИ 37 ДОРАД

Наҷмиддини Шоҳинбод дар як танзаш худ мегӯяд: “Фаромӯш накунед, ки асри 21 низ соли 37 дорад.” Аз ӯ мепурсам, вақте танз менависад, аз пайомадҳояш андеша намекунад? Ӯ гуфт: ”Дар Тоҷикистон, танқид як сӯ, ҳатто барои онки шумо таъриф накунед, метавонанд ҷазо диҳанд. Аслан ман ҳаҷв не, балки ҳақиқатро менависам. Ин ҳақиқат худ ҳамеша хандаовар аст. Ман як танз навишта будам ки: “Инсонҳо имрӯз бештар аз заминларза, тӯфон ва аз дасти ҳукумат кушта мешаванд. Ва баъзан аз заминларза ва тӯфон наҷот ёфтан мумкин аст.” Аз дастгоҳу идораҳои қудрати занги бисёр шуд ва вақте ба як идора даъватам карданд, гуфтам, ки “Дар дунё 270 ҳукумат ҳаст, ман мушаххас нагуфтам, ки ҳукумати Узбакистон, Қирғизистон, ё Тоҷикистон.”

Наҷмиддини Шоҳинбод мегӯяд, вақте дар як танзи дигар Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоевро ба ҳаҷв кашид, як мақоми баланди дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон зангаш зад ва ҳатто изҳори ташаккур кардааст. Вале номаи танзомези Шоҳинбод ба Барак Обама ҳатто қариб буд, мояи як ҷанҷоли байналмилалӣ шавад: “Ман гуфтам, ки оқои Обама, шумо аз силоҳи ҳастаии Эрон ягон ташвиш накашед. Чунки як туннели моро 12 сол боз сохта наметавонанду бомби ҳастаӣ аз куҷо месозанд? Баъди як ҳафтааш, сафири Эрон зангам зад, ки чаро чунин гуфтӣ? Гуфтам, ки ин ҳамагӣ як танз аст. “

ЯК ГУЛ БАҲОР НЕСТ

Албатта, бо як гул, манзур танҳо бо Наҷмиддини Шоҳинбод, дар гулистони танзи тоҷик баҳор намешавад. Вазъи ин жанрро аксар ба сурати умум буҳронӣ медонанд.

Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, дар муқоиса бо журналистика ё равияҳои дигари адабӣ, жанри ҳаҷв дар Тоҷикистон дар ду даҳсолаи ахир пешрафт накардааст ва адибони ҳаҷвнигори тоҷик то ҳол дар ботлоқи маҳдудиятҳои солҳои шасту ҳафтод дармондаанд ва кӯшиш мекунанд, ба мавзӯъҳое, ки метавонад барояшон дарди сар биорад, даст назананд: “Ҳаҷвнигорон аз оқибати кори худ сахт андеша мекунанд. Зеро вақте нафаре ё ҳукуматро танқид мекунанд, мақомот гумон мекунанд, ки шояд онҳо манфиатҳои кадом гурӯҳеро пиёда мекунанд ва ё ғаразе доранд, ки дастовардҳои ҳукуматро дар соҳоти мухталиф нодида мегиранд. Тарси таъқибе, ки дар солҳои 90, дар айёми муноқишаҳои дохилӣ бар сари адибони хабарнигорон омад, ҳамон тарс то ҳол дар ботини чӣ журналистон ва чӣ ҳаҷвнигорон боқист. Онҳо шояд андешаҳое дошта бошанд, вале рӯи чоп намеоранд, чунки метарсанд, ки мавриди фишору таъқиб қарор бигиранд.”

Хабарнигори тоҷик Адолати Мирзо дар тӯли солҳо минбари баланде
Марҳум Басир Расо, аз поягузорони маҷаллаи "Хорпуштак"
надоштани аҳли ҳаҷвро як омили дигари дар чоҳи буҳрон фурӯ рафтани ин жанри адабӣ медонад: “Жанри танз баъди маҷаллаи “Хорпуштак”, ки дар ин авохир ба сурати гоҳномаӣ нашр мешуд, минбаре надошт. Ба ҳамин далел, танзи кӯчабозорӣ рӯи саҳна омад. Чунки мо ҳаҷвнигор ками дар кам дорем ва онҳое ҳам, ки танзи ҷиддӣ менависанд, ангуштшуморанд ва шояд ду ило се нафар беш набошанд.”

ТАЛҲАКЕ КУ ДИГАР?

Самариддини Асозода, хабарнигор ва танзнависи тоҷик, ки дар соли 2004 нашрияи ҳаҷвии “Мушфиқӣ”-ро низ созмон дод, мегӯяд, як мушкили аслӣ камбуди маводи хуби ҳаҷвист, ки сабабаш, ба бовари оқои Асозода, адами маблағгузорист.

Ҳамин мушкил, ба гуфтаи ӯ, боиси фалаҷ шудани кори маҷаллаи “Хорпуштак” ва аз майдон рафтани даҳҳо “Талҳак”-е шуд, ки ба рӯи ҳокимони вақт гуфтани камбудиҳои замона вазифаашон буд: “Ман фикр мекунам, ки ҳаҷви тоҷик имрӯз на дар ҳолати бади бад аст ва на дар ҳолати хуби хуб. Гуфтан мумкин аст, ки ҳаҷви мо то андозае роҳи худро гум кардааст. Баъзе ҳунармандони театру кинои мо низ аз он меноланд, ки ҳикояҳои хуби ҳаҷвӣ кам аст ва дархӯри онҳо нест, то ба саҳна гузошта, мардумро хандонда битавонанд. Ин эроди онҳо, алббата, ҷон дорад. Ҳаҷвнигорон то ҷое ҳарос ҳам доранд. Масалан, дар чанд соли охир мо қариб ҳаҷви сиёсӣ надорем. Ҳаҷв ҳаст, баъзе навиштаҳои ҳаҷвӣ ҳаст, вале асосан дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ. Лекин ҳаҷви сиёсӣ тамоман кам аст. Чунки дастмузди ҳаҷв низ хеле ночиз аст.”

ШИКАСТИ ТЕАТР АЗ “ҒАРИБШОҲ КОМПАНИЯ”

Ҳунарпешаҳое, ки дар жанри мазҳака намои ҳунар мекунанд, ба фарқ аз театри ҷиддӣ дар Тоҷикистон ҳамеша тамошобин доштанд. Коргардон ва ҳунарпешаи маъруф Давлат Убайдуллоев ҳатто боре гуфта буд, ки театри тоҷик дар сабқат барои тамошобин аз “Ғарибшоҳ компания” бо натиҷае хеле бузург шикаст хӯрдааст.

Албатта, ҳар пирӯзӣ аломати пешрафт нест, вале тайи солҳои охир як идда ҳунармандони хубе дар жанри мазҳака низ ба майдон омаданд, ба мисли Холмурод Сиддиқов бо “Лаҳзаҳои гуворо”-яш , Бахтиёр Раҳимов ва Ташриф
Мирзоватан Миров
Халил аз “ Ғарибшоҳ компания”, ё Аловиддини Абдуллоҳ, ки дар як саҳна метавонад чанд нақши комилан мухталифро биофарад.

Мунаққиди театр Мирзоватан Миров аммо мегӯяд, саҳнаи мазҳакаи тоҷик ҳамчунон аз навоқис орӣ нест: “Дар вақтҳои охир ин жанри санъати театрӣ хеле ривоҷ ёфт ва пеш рафт. Ҳунармандони зиёде ҳам рӯи майдон омаданд. Вале дар саҳнаҳое, ки онҳо иҷро мекунанд, ноқисии зиёд эҳсос мешавад. Ҳаҷв, ё сатира чист? Пеш аз ҳама лутф аст. Вале мутаассифона, имрӯз бисёри ҳаҷвнигорони мо ба суханбозӣ дода мешаванд ва кӯшиш мекунанд, то бо сухан ва дигар кардани чеҳра тамошобинро ба ваҷд биоранд ва бихандонанд.”

Як мушкили дигар парҳези ҳунарпешаҳо аз инъикоси масоили доғи рӯз дар саҳнаҳои ҳаҷвист ва ҳамон тавре ки дар замони шӯравӣ як ҳадафи аслии танзнависону танзгӯён фурӯшандаҳои фиребкор буданд, имрӯз тозиёнаи танз асосан болои сари кормандони ГАИ қарор гирифтааст.

ТАСАЛЛУТИ ҲАҶВИ КӮЧАВУ БОЗОР

Адами ҷуръат як камбуди аслии ҳунарпешаҳои жанри мазҳака дар Тоҷикистон унвон мешавад. Мушкили дигар, ба гуфтаи хабарнигор ва адиби танзнависи тоҷик Ҷумъа Мирзо, адами ҳамкории ҳунарпешаҳои жанри мазҳака бо адибон ва такяи бештари онҳо ба ҳаҷви кӯчагист, ки
намунаҳои барҷастааш театр-студияҳои “Хандинкамон”, “Арабшоҳ Компания” ё “Хандоханд” ном бурда мешаванд: “Ҳамон тавре ки имрӯз дар эстрадаи тоҷик роиҷ шудааст, ки “Матни худам, оҳанги худам ва худам месароям”, дар ҳаҷви тоҷик низ чунин тамоюл идома дорад. Онҳо бештар дар доираи ҳаҷви кӯчагӣ ва ҳаҷви маҳалли худ маҳдуд мешаванд. Ва чунин ҳаҷверо ки тамоми ҷумҳуриро хандонда тавонад, ман имрӯз тақрибан дар ҳеҷ гурӯҳи ҳаҷвие, ки теъдодашон рӯз ба рӯз меафзояд, намебинам. Шояд ба истиснои гурӯҳи “Лаҳзаҳои гуворо”. Бақия ҳама дар чорчӯби ҳаҷви кӯча ва ҳаҷви маҳалли худ маҳдуд мондаанд.”

Аммо дар ҳар сурат, хандаву шӯхиву танз инсонро ҳам табобат ва ҳам тарбият мекунад. Бахусус танзҳои бонамаке, ки аз қалами тези мардоне, чун Наҷмиддини Шоҳинбод метаровад.
XS
SM
MD
LG