Созмони Transparency International ё Шаффофияти Байналмилал мегӯяд, аз ҳар се сокини Аврупо ва Осиёи Марказӣ як нафар коррупсия ва ё фасодро аз мушкилоти азим дар кишвараш арзёбӣ мекунад. Бар асоси гузориши нав (Transparency International Global Corruption Barometer), ки рӯзи 16 ноябр нашр шуд, мардуми зиёди кишварҳои ҳарду минтақа аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, намояндагони ҳукумат ва вакилони мардумиро олуда ба фасод донистаанд. Шохиси солонаи фасод дар соли 2016-ро созмон бар асоси гуфтӯгу бо 60 ҳазор нафар дар 42 кишвар анҷом додааст.
Агар мардум зимни муроҷиат ба ин сохторҳо ришва диҳанд, пас, маълум аст, ки инро талаб мекунанд.
Дар як сӯҳбати ихтисосӣ аз шаҳри Берлин Светлана Савитская, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар Transparency International, ҷузъиёти натиҷаҳои таҳқиқотро шарҳ дод.
Радиои Озодӣ: Шохиси шумо нишон додааст, ки 30 дар сад дар Осиёи Марказӣ фасод ё коррупсияро як дард, ё мушкили азим мешуморанд. Яъне фасод баръакси кам шудан, нисбат ба солҳои гузашта зиёдтар шудааст?
Светлана Савитская: Бале, мо имрӯз шохиси байналмилалии коррупсияро нашр кардем. Ин таҳқиқоти нӯҳуми мо аст. Бояд бигӯям, ки мо дар Тоҷикистон дар гузашта чунин таҳқиқотро анҷом надодаем ва дар Тоҷикистону Узбакистон бори аввал буд, ки шохиси байналмилалии коррупсия санҷида шуд. Шохиси пешина соли 2013 нашр шуд ва он замон Қазоқистону Қирғизистонро бори аввал шомил кардем. Мутаассифона, имрӯз Тоҷикистонро бо солҳои гузашта муқоиса карда наметавонем. Вале метавонам бигӯям, бар асоси шохиси мо, ки барои таҳияи он мо на бо мақомот, балки бо мардум сӯҳбат кардем, сокинон ҳар рӯз ба фасоду ришвахорӣ дучор меоянд. Натиҷаҳои таҳқиқот хушҳолкунанда нест, зеро аз миёни ҳар се нафар, ки дар Аврупо ва ё Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд, як нафарашон коррупсияро яке аз бузургтарин чолишҳои кишварашон мешуморанд. Нишондиҳандаҳои коррупсия бахусус дар Молдова, Испания ва Косово бисёр бад аст. Барои ҳамин, метавонем бигӯем, ки ин мушкил на танҳо хоси Тоҷикистон аст, балки ба кишварҳои дигар ҳам рабт мегирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Дар шохиси нави фасод дар кишварҳои ҷаҳон нақшае тасвир ёфтааст бо рангҳои мухталиф, ки сурх сатҳи камтари фасод ва ё ранги ҷигарӣ баландтарро нишон медиҳад. Харитаи Тоҷикистон ҷигарист, яъне вазъ дар онҷо бисёр бад аст?
Светлана Савитская: Медонед, дар воқеъ, ҳамин нишондиҳанда бисёр ташвишовар аст. Нақшаи Тоҷикистон барои он бисёр тира тасвир шудааст, ки онҷо мардум зиёд ришва медодаанд. Бар асоси назарсанҷиҳо, тақрибан 50 дар сад дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки ришва додаанд. Ва ришваро ба кормандони бахши тандурустӣ, маориф ва ё милисаву мақомоти ҳифзи тартибот додаанд. Агар бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ муқоиса кунем, мебинем, ки дар Қирғизистон ришвахорӣ андаке камтар аст, вале вазъ он ҷо ҳам хуб нест. Дар Қазоқистон сатҳи ришваситонӣ поинтар аст, вале наметавон гуфт, ки инҷо нишондиҳандаҳо хуб ҳастанд. Худи воқеияти онки дар Тоҷикистон 50 дар сади мардум ришва додаанд, ё маҷбур шудаанд, ришва диҳанд, нишондиҳандаи ташвишовар аст. Вақте ҳаққи қонунии мардум ба дастрасии ройгон ба маорифу тандурустӣ риоят намешаванд ва мансабдорони соҳаи тандурустиву милиса аз мақомашон сӯистифода мекунанд, ҳамин коррупсия аст.
Радиои Озодӣ: Бар асоси гузориши нави шумо, аз ҳар шаш хонавода дар Тоҷикистон яке аз онҳо зимни муроҷиат ба муассисаҳои давлатӣ ришва додаанд. Баъзеҳо мегӯянд, мардум худашон барои онки корашон зуд иҷро шавад, ришва медиҳанд ва ё мақомот аз онҳо тамаъ мекунанд?
Светалана Савитская: Мо ин суолро дар назарсанҷӣ надода будем, вале ҷое, ки тақозо ҳаст, пешниҳод ҳам вуҷуд дорад. Барои ҳамин посух додан ба ин суол мушкил аст, вале онгуна, ки гуфтам, дастрасӣ ба маорифу тандурустӣ ва мақомоти ҳифзи тартибот аз ҳуқуқи асосии мардум аст, ки Конститутсия ба онҳо кафолат додааст. Агар мардум зимни муроҷиат ба ин сохторҳо ришва диҳанд, пас, маълум аст, ки инро талаб мекунанд. Вақте шаҳрвандон барои хадамоти тиббӣ, маориф ва ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пул медиҳанд, пас, намояндагони ин соҳаҳо аз онҳо пул мегиранд. Ҳамин се арса бар асоси таҳқиқоти мо бештар аз ҳама бахшҳои дигар ба фасод олуда ҳастанд. Ва на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Аврупо низ. Вале инҷо як масъалаи дигарро ошкор кардем, ки ин бемайлии мардум аз шикоят ба мақомот дар бораи ришваситонӣ аст. Мумкин аст, сабаб дар набудани қонунҳое ҳаст, ки ин шаҳрвандонро аз таъқиб муҳофизат кунанд. Мардум метарсанд ба як ниҳоде бираванд ва бигӯянд, ки аз онҳо ришва талаб карданд. Як расми бад ҳам ҳаст, ки нафарони аз болои ришвахор шикояткардаро бад мебинанд. Шояд ин чиз аз ҳамон замони Сталин мондааст, ки онҳоро хабаркаш меноманд. Аммо, дар воқеъ, ин як коре барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ аст ва коре барои пешгирӣ аз фасодкорӣ. Барои ҳамин мардум низ бояд имкон дошта бошанд, ки масъалаи ришвахориро дар миён гузоранд ва бар асоси қонун муҳофизат шаванд. Мо, одамони оддӣ, мисли дигарон ҳам метарсем, ки дар сурати муроҷиат моро ҷазо медиҳанд.
Радиои Озодӣ: Дар назарсанҷии шумо мардум гуфтаанд, ки ҳукуматҳо ба қадри кофӣ бо коррупсия мубориза намекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш гуфт, ки дар бораи коррупсия назарсанҷӣ анҷом доданд ва натиҷаҳояш ҳам ташвишовар аст. Метавон гуфт, ки ин як аломати саъйи ҳукумат барои мубориза бо фасод аст?
Светлана Савитская: Агар ҳукумати шумо чунин назарсанҷие анҷом дода бошад, ин як кори шоистаи таҳсин аст. Вале наметавонем бигӯем, ки ин як кори босамаре барои мубориза бо фасод аст ва агар дигарбора ба шохиси мо бингарем, ки нишон додааст, 50 дар сади аҳолӣ маҷбуранд ришва диҳанд. Худи ин посух ба суоли шумост, ки ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо фасод ва ё ҷилавгирӣ аз он ба қадри кофӣ кӯшиш намекунад.
Радиои Озодӣ: Вазъ дар кишварҳои дигари минтақа Қазоқистону Узбакистон ва Қирғизистону Туркманистон чӣ гуна аст?
Светала Савитская: Бояд бигӯям, ки мо Туркманистонро ба шохис ворид накардем, зеро онҷо кор намекунем ва анҷом додани таҳқиқ дар онҷо имконнопазир аст. Мо Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистону Қазоқистонро дорем ва дар ҳамаи кишварҳо сатҳи фасод ғолибан як хел аст. Дар ҳамаи ин чаҳор кишвар шаҳрвандон маҷбуранд, ки барои дастрасӣ ба хадамоти маориф, тандурустӣ ва ё муроҷиат ба мақомоти ҳифзи тартибот ришва диҳанд. Манзара дар ҳамаи кишварҳо монанд аст, вале бо андаке тафовутҳо. Фақат метавонем гӯем, ки дар Тоҷикистон мардуми зиёдтар бояд ришва бидиҳанд. Вале дар умум чӣ дар Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон ва Қазоқистон ба қадри кофӣ барои мубориза бо фасод кушиш намекунанд ва сабаб шояд ин бошад, ки аз вазъияти мавҷуд манфиат мебардоранд.
Радиои Озодӣ: Созмони шумо солҳои зиёд аст, фасоду ришвахорӣ ва решаҳои онро таҳқиқ мекунад, оё ягон роҳи осони муолиҷаи ин беморӣ вуҷуд дорад?
Светалана Савитская: Ягон роҳи осони муолиҷаро гуфта наметавонам, чун доруи он таркибҳои зиёд дорад ва беморӣ ҳам бисёр ҷиддӣ аст ва барои табобат солҳои зиёд, мумкин на камтар аз як даҳсола лозим шавад. Масалан барои аъзои нави Иттиҳодияи Аврупо тақрибан як даҳсола лозим шуд, то дар роҳи мубориза бо коррупсия пешрафт кунанд. Барои ҳамин, бояд сабур бошем ва қонунҳое қабул кунем, ки дар амал иҷро шаванд, на инки дар рӯи коғаз зебо ба назар бирасанд. Дар назди ин қонунҳо бояд ҳама баробар бошанд, президент ва писараш ҳам бояд дар назди қонун баробар бошанд. Ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст, ки ба мардум нишон бидиҳанд, барои мубориза бо ришвахорӣ чӣ кор карда метавонанд. Ба мардум тавсия бидиҳанд, ки чӣ гуна қонунҳое барои беҳтар шудани мубориза қабул кунад. Мехостам ҳамчунин бигуям, шаҳрвандон низ ҳақ доранд, дар мубориза бо коррупсия ширкат кунанд ва ҳукумат ҳам бояд қонунҳое қабул кунад, ки мардум низ тавонанд дар ин мубориза саҳм гиранд. Нишастану мунтазир шудан, ки ҳукумат бо фасод мубориза мебарад, дуруст нест ва натиҷа намедиҳад. Дар кишварҳое, ки фасод камтар аст, мардум имкони зиёдтари саҳм гирифтан дар мубориза бо фасодро доранд. Созмонҳои ҷамъиятӣ фаъоланд, хабарнигорони зиёде ҳастанд, ки ришвахориро таҳқиқ мекунанд. Ва, албатта, дар онҷо низоми додгоҳӣ мустақил аст ва дуруст кор мекунад. Волоияти қонун ва баробарии ҳама дар назди қонун таҳкурсии аслӣ барои муборизаи босамар бо коррупсия аст.