Муфаттишони рус мегӯянд, миллионҳо доллар ва евро, ки аз хонаи раҳбари Идораи амнияти иқтисодӣ ва мубориза бо фасоди Русия Дмитрий Захарченко ёфт шудааст, метавонад маҳсули бизнеси хонаводагӣ бошад. Бар пояи ин фарзия, Виктор Захарченко, падари ин мақомдор, ҳамроҳ бо писараш ба бонкҳои дар ҳоли буҳрон кумак мекарданд, ки қабл аз лағви муҷаввизашон аз гирдоби молӣ бо хисороти камтар берун шаванд. Виктор Захарченко дар ҳавзаҳои бонкӣ ҳамчун тарҳрези схемаҳои молӣ маъруф аст.
Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" хабар додааст. Муфаттишон мегӯянд, ки хонаводаи Захарченко на камтар аз даҳ ҳамин гуна "муштарӣ" доштаанд. "Коммерсант" фарзияи дигари миллионҳоро матраҳ кардааст. Бар пояи ин фарзия сухан аз боби гурӯҳе меравад, ки роҳҳои ғайриқонунии нақд кардан ва аз кишвар берун бурдани маблағҳоро таҳти назорати полковник Захарченко анҷом медодааст. Хонаи хоҳари полковник, ки аз он беш аз 8 миллиард рубл ёфт шуд, ҳамчун захирагоҳ истифода мешуд.
Ноиби раиси Идораи амнияти иқтисодӣ дар Вазорати дохилии Русия Дмитрий Захарченко 10 сентябр бо иттиҳоми ришваситонӣ, суиистифода аз мақом ва ҷилавгирӣ аз тафтишот боздошт шуд.