Яғнобшиноси тоҷик: "Нава сол нборак вот!" (ВИДЕО)

Сайфиддин Мирзозода

Гуфтугӯи хабарнигорони Радиои Озодӣ бо яғнобшинос Сайфиддин Мирзозода дар бораи наврӯз ва ойинҳои наврӯзии сокинони Яғноб.

"Нава сол нборак вот!" – ин табрикотест, ки мардуми Яғноб дар айёми Наврӯз якдигарро бо фаро расидани cоли нави хуршедӣ шодбош мегӯянд. Аммо бо гузашти солҳо таҷлили Наврӯз дар дурдасттарин минтақаи кӯҳистонии Тоҷикистон – Яғноб, мисли забонаш низ камранг шудааст.

Дар сӯҳбате, ки бо Сайфиддин Мирзозода, яғнобшинос ва мудири шӯъбаи забоншиносии пажӯҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон анҷом додем, гузашта ва имрӯзаи ҷашни Наврӯз дар Яғнобро ба баррасӣ гирифтем.

Сайфиддин Мирзозода: "Пайвастагии Наврӯз бо Яғноб ба таърихи суғдиҳо ва ҳатто пеш аз он об мехӯрад. Чун мардуми Яғноб Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекарданд ва ҳатто аз он ба унвони сари сол ё соли нав ном мебурданд. Ин аст, ки ҳангоми табрики наврӯзӣ мегуфтанд: “Нава сол нборак вот!” Яъне “соли нав муборак бод!" Агар ин пайвастагӣ заминаи мутаҳками таърихиву бостонӣ намедошт, ҷашни Наврӯз миёни мардуми яғнобӣ, онҳое, ки ҳанӯз дар ин минтақаи дурдаст ба сар мебаранд ва онҳое, ки ба ноҳияҳои Зафарободу Варзоб ва шаҳри Душанбе кӯч бастаанд, побарҷо намебуд."

Радиои Озодӣ: Наврӯз дар замони гузашта миёни яғнобиҳо чӣ гуна ҷашн гирифта мешуд?

Сайфиддин Мирзозода: "Дар замонҳои қадим, мардуми Яғноб бо таваҷҷӯҳ ба сарҷамъ ва муттаҳид буданашон, ҷашни Наврӯзро бо ҳама расму русум ва анъанаҳои миллияшон ид мекарданд. Як шеъре аст, ки “Суғдиди ирасмаст, кат паркативик лаксош, навасол нборак вот”, яъне суғдиҳо одате доштанд, ки хона ба хона гашта, бо соли нав табрику муборакбод мекарданд ва пас онҳоро ба хонаи худ дар Наврӯз даъват мекарданд."

Радиои Озодӣ: Вижагии аслии ҷашнгии наврӯзи мардуми Яғноб кадомҳоянд?

Сайфиддин Мирзозода: "Пеш аз фарорасии Наврӯз, яғнобиҳо хонаҳоро пок мекарданд. Ҳамон ойини “хонатаконӣ”-ро ба ҷо меоварданд, то дар Наврӯз хонаашон тозаву рӯшан бошад. Наврӯз иди бахшоиш низ ҳаст - расми бобоист, ки дар арафаи ид ва рӯзи ид мардум бояд кудурату душманиро аз дил берун кунанд, ҳамдигарро бубахшанд ва оштӣ кунанд. Ин ойин дар мардуми Яғноб буд. Яке дигар аз ин оийнҳо “Иди варак” аст, яъне идӣ бурдан ба хонаи хешу таборон ва таҳияи хӯрокҳои наврӯзӣ, назири далда, чанголӣ ё дар забони яғнобӣ – кочӣ, суманакпазӣ."

Радиои Озодӣ: Аммо мардуми Яғноб дар замони Шӯравии пешин, ки таҷлили Наврӯз манъ буд, ба ин ид чӣ гуна муносибате доштанд? Оё ин идро ҷашн мегирифтанд?

Сайфиддин Мирзозода: "Замони Шӯравӣ мардуми Яғноб дар зодгоҳи худ сарҷамъ буданд ва то солҳои 70-уми асри гузашта, яъне то замони муҳоҷират ба водиҳо, расму ойинҳои суғдии қадимро бо тамоми назокаташ дар Наврӯз анҷом медоданд. Ҷолиб он буд, ки ҷашни Наврӯз дар Яғноб ду дафъа - 12 ва 18 март таҷлил мешуд. Яке ба ҳисоби чорводорӣ ва дигаре ба кишоварзӣ ё деҳқонӣ ҷашн карда мешуд. Чун Яғноб аз ду дара - яке дараи офтобрӯ ва дигаре соярӯ иборат аст, ба ин далел, дараи офтобрӯ рӯзи 12 март ва дараи соярӯ 18 март Наврӯзро ид мекарданд. Яъне, Наврӯзро дар Яғноб, дар даврони Шӯравӣ ба унвони иди баҳору кишту кор ва оғози кори деҳқонӣ ҷашн мегирифтанд."

Радиои Озодӣ: Хуб, дар даврони истиқлол, бо фурӯпошии Шӯравӣ ҷашни Наврӯз дар миёни мардуми Яғноб чӣ ҳолу ҳавое дорад?

Сайфиддин Мирзозода: "Пас аз 8 соли ба водиҳо сарозер шудани мардуми яғнобӣ, иддае аз онҳо дарк карданд, ки забонашон дар миёни забонҳои бузурги тоҷикиву русиву узбакӣ аз байн хоҳад рафт ва ба ин хотир дубора ва албатта теъдоде кам, аммо боҷуръат ва ҳатто пинҳонӣ ба зодгоҳашон Яғноб баргаштанд. То имрӯз наздики сад хонавода дар деҳаҳои минтақаи кӯҳистонии Яғноб зиндагӣ мекунанд. Аммо он расму ойинҳои бошукӯҳе, ки аз Наврӯз дар гузашта ва ҳатто замони Шӯравӣ анҷом медоданд, имрӯз қариб, ки ба назар намерасанд. Оҳиста-оҳиста шаҳомати худро аз даст доданд. Сабаб - теъдоди ками мардум дар Яғноб ба сар мебаранд ва ба ин далел суннатҳои наврӯзӣ низ ба тадриҷ аз байн меравад. Бо ин ҳама, албатта, ҷашн мегиранд, аммо он накҳатеро, ки дар гузашта ва замони Шӯравӣ ин ҷашн дошт, ҳоло қариб, ки ба чашм намехӯрад. Агар пештар 20 ё 40 хонавода дар як деҳа зиндагӣ мекард, ҳамакнун ду ё се хонавода ба сар мебарад. Аммо яғнобиҳои ноҳияҳои Зафарободу Варзоб ойинҳои наврӯзии суғди қадимро ҳифз карданд. Онҳо таомҳои мухталифи наврӯзиро омода мекунанд, якдигарро бо Наврӯз – Соли нав табрику шодбош мегӯянд. Аз ин қабил..."

Радиои Озодӣ: Дар ин сурат, ба унвони яғнобшинос аз назари Шумо чӣ бояд кард, то мардуми кӯҳистонии Яғноб, ки барои ҳифзи забони ноби худ талош мекунанд, тавонанд фарҳанги худ ва расму ойинҳои Наврӯзро ҳифз кунанд?

Сайфиддин Мирзозода: "Албатта, парешонӣ яғнобиҳоро аз фарҳангу анъанаҳои қадимаи худ дур кардааст. Дар гузашта дар Яғноб мардум сарҷамъ буданд, ҳоло гуфтем, теъдоди онҳо хеле кам аст. Пирони деҳ буданд, ки барои рушду густариши фарҳангу анъанаҳои миллӣ талош мекарданд. Ҳоло ҷавонҳо дар фикри дигар корҳо ҳастанд. Аксарият ба муҳоҷират мераванд. Бояд дар миёни мардум корҳои фаҳмондаиҳӣ аҷном шавад. Чун ин таъриху фарҳанги мо тоҷикон аст. Аз расму ойинҳо ва ҷашнҳои миллии худ набояд даст кашем."

PS: Яғноб дарае дар 150-километрии Душанбе воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд аст. Ибтидои асри 20, то барқарории ҳукумати Шӯравӣ дар ин мавзеъ дар 32 деҳ ҳудуди 4 ҳазор нафар зиндагӣ мекард. Соли 1970-и асри гузашта мардуми Яғнобро аз мавзеи зисти таърихӣ ба ноҳияи Зафаробод муҳоҷир карданд. Мардуми Яғноб, ки шуморашон тақрибан 13 000 нафар тахмин зада мешавад, бо як забони хоси худ гуфтугӯ мекунанд, ки вориси забони суғдиву намояндаи оилаи забонҳои қадимаи эронии шарқӣ ба шумор меравад. Забоншиносон бар ин назаранд, ки ин забон аз нигоҳи қаробат бо забони осетинӣ, ки низ аз хонаводаи забонҳои эронист, наздиктар аст.