Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ – раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон ба суоли хабарнигорони тоҷик, аз ҷумла чанд суоли Радиои Озодӣ посух дод. Ӯ барои иштирок дар нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Душанбе омадааст. Нишаст рӯзи 12-уми октябр баргузор шуд.
Дар ҳамин кишваре, ки шумо ҳастед, мутаассифона, террористҳое ҳастанд, ки дар паҳлӯи Толибон бо мо дар ҷанганд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Иштирок дар нишасти сарони ҳукуматҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ки Афғонистон дар он кишвари нозир мебошад, ҳадафи аслии сафари мо ба Тоҷикистон аст. Табъан ин конфронс хислате дорад, ки фурсатро барои суҳбат фароҳам мекунад. Агар мехоҳед, бо панҷ ё шаш раиси ҳукумат суҳбат кунед, вақти зиёд зарур аст. Аммо дар ин конфронс чунин замина мусоид мешавад. Дар суҳбатҳо шарик сохтани авзои Афғонистон ва равобити иқтисодӣ бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мавриди баҳс қарор мегирад.
Радиои Озодӣ: Тоҷикистон метавонад дар баъзе аз масъалаҳои Афғонистон нақши калидӣ дошта бошад ва роҷеъ ба он бо мақомоти кишвар суҳбат доштед?
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Ман рӯзи гузашта бо президенти Тоҷикистон суҳбат доштам. Ҳарду кишвар имконоти муштарак ва айни ҳол таҳдидҳои муштарак доранд. Равобити ҳарду кишвар дар сатҳи хуб аст. Мо дар ин бора суҳбат кардем, ки дар кадом арсаҳо ба якдигар кумак карда метавонем. Яъне, шарик сохтани маълумот дар мавриди таҳдиди муштарак ва боло бурдани сатҳи муносибатҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд
Радиои Озодӣ: Ҳафтаи равон фиристодаи Амрико Залмай Халилзод ба Кобул сафар кард ва гуфта шуд, ки мехоҳад Толибонро ба гирди мизи гуфтушунид биёрад. Ин дар ҳолест, ки дар ин ду-се рӯз Толибон дар ҳамлаҳо даҳҳо сарбози пулис ва амнияти Афғонистонро куштанд. Ҳеҷ аломате вуҷуд надорад, ки онҳо омодаи музокирот бошанд, талоши ба сулҳ водор кардани Толибон ба назаратон як кори ношуданӣ нест?
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Бовар дорам, ки рӯзе дар Афғонистон сулҳ меояд. Ин масоил, кошки, монанди масоили риёзӣ бисёр содда мебуд. Мутаассифона, ин як ҷангест, ки алайҳи Афғонистон аз берун таҳмил ва таҷҳиз мешавад. Терроризм ҳам падидаи марбут ба як кишвар нест. Дар ҳамин кишваре, ки шумо ҳастед, мутаассифона, террористҳое ҳастанд, ки дар паҳлӯи Толибон бо мо дар ҷанганд. Яъне, инро бояд тамоми кишварҳои дӯст, хусусан кишварҳои ҳамсоя, дарк кунанд: ҷангеро, ки қарор аст террористҳо бо онҳо дошта бошанд, мо мекунем. Яъне, танҳо Толибон нест. Террористҳо аз саросари Осиёи Миёна дар ҷанг бо мо ҳастанд. Як пружаи бузурги террористӣ аст, ки мо бо он муқобила мекунем ва, мутаассифона, Толибон ҳам дар ин миён қарор гирифтаанд. Агар аз як тараф аз мардум дифоъ шавад ва аз тарафи дигар ба ҳайси давлати машруъ бояд омодагии музокираро дошта бошем. Толибон дар баробари мардум ва суботи кишвар ва аз даст рафтани фурсатҳо равиши ғайримасъулона нишон доданд. Ва як нуктаро онҳо ҳам медонанд, ки аз тариқи ҷанг баранда нестанд. Пас, беҳтар мебуд вориди музокира шаванд ва бо гуруҳи террористӣ робитаи худро қатъ кунанд.
Навори видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Дар моҳҳои охир Толибон ба сарҳади Тоҷикистон наздик шуданд ва агар кишварҳои минтақа ба тохтутози Толибон дар он сӯи марз одат карда бошанд, ҳузури ҷангҷӯёни ДИИШ онҳоро нигарон мекунад. Ба маълумоти Шумо, ҷангҷӯёни ДИИШ, ки то соли гузашта дар Ироқу Сурия буданд, чӣ тавр ба Афғонистон расиданд?
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Масъалаи роҳ ёфтанашон ба Афғонистон. Мутаассифона, аз ноамние, ки Толибҳо эҷод карданд, ин фурсат ба миён омад, то заминаву ҷо пайдо кунанд. Гуруҳҳои террористӣ шабакаҳое бисёр пайваста ҳастанд. Ҳазорҳо нафар дар Сурия дар ҷанг буд ва чӣ гуна то онҷо рафтанд? Баъд аз онҷо дубора баргаштанд. Каме масирҳои мухталифро тай мекунанд. Гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон бо шикаст рӯ ба рӯ шуд, вале дар шарқи кишвар ҳанӯз вуҷуд дорад.
Радиои Озодӣ: Дар бораи ихтилофи назаратон бо Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ хабарҳо пахш мешавад ва шарикони Шумо дар ин ҳизб мегӯянд, дар интихоботҳои минбаъда аз доктор Абдуллоҳ пуштибонӣ намекунанд. Онҳо мегӯянд, ки Шумо дигар ба онҳо тавре дар аввал буд, садоқат надоред. Ин иддао то куҷо ҳақиқат дорад?
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар даври аввали интихоботи соли 2014 бо касби тақрибан 45 дар сади райъи мардум ҷои аввалро гирифт, вале дар даври дувум Ашраф Ғанӣ ғолиб омад. Эълони натиҷаҳо ба мавҷи эътирозҳо дар Афғонистон алайҳи тақаллуби натиҷаҳои овоздиҳӣ оғоз гузошт ва дар ниҳоят, ба имзои як созиш дар мавриди тақсими қудрат байни доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ анҷом ёфт. Бар асоси ин созиш, Ашраф Ғанӣ раёсати ҷумҳурӣ ва доктор Абдуллоҳ раҳбарии ҳукумати ваҳдати миллиро бар ӯҳда гирифтанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: (Механдад) Раёсати Ҳизби Ҷамъияти Исломиро Салоҳиддиин Раббонӣ, вазири корҳои хориҷии Афғонистон бар дӯш дорад. Боз як фурсат пайдо шуд, пурсед, ки баҳс сари чист. Аммо баҳс ба он шакле нест, ки мардум ба сурати кулл аз масъулини Ҷамъияти Исломӣ таваққӯи зиёде доштанд ва таваққӯашон бароварда нашуд ва қонеъ нестанд. Дар кори ҳукумату ҳукуматдорӣ ва сиёсат ин чизи тоза нест.
Радиои Озодӣ: Афғонистон чанд муддат аст, ки дар Тоҷикистон сафир надорад. Чӣ мушкил пеш омадааст?
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Кадом қасде изофӣ дар ин маврид нест. Ин ҷузъи тартиботи дипломатии байни кишварҳост.
Радиои Озодӣ: Тоҷикистон дар бисёр нишастҳо, бахусус нишастҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой пешниҳод кардааст, ки ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз тарафи кишварҳои узв ҳамчун созмони террористӣ эътироф шавад. Афғонистон дар ин маврид ягон тасмим гирифтааст?
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Мо дар робита ба масъалаҳои дохилии кишварҳо дахолат намекунем. Айни замон, ҳамагуна фаъолияти террористиро аз тарафи ҳар касе ва ҳар гуруҳе набошад, маҳкум мекунем. Вале кори дохилии кишварҳост, ки шароити худ ва мардуми худро дар назар гирифта, равишро ихтиёр мекунанд.