Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон рӯйхати тақрибан севуним ҳазор номи миллиро нашр кардааст. Мақомот гуфтанд, ки аз ин ба баъд номи навзодон бар пояи ҳамин феҳрист гузошта хоҳад шуд.
Бе Хаскаш...
Аммо ин феҳрист “догма” нест. Номҳое, ки нав пайдо мешаванд, дар солҳои оянда бо мувофиқа бо Кумитаи забон ва Комиссияи номгузорӣ ба китоб изофа мегарданд. Агар падару модар номи ба худашон мақбул ёбанд, онро пешниҳод мекунанд ва мо баъди баррасӣ иҷоза хоҳем дод
Абдураҳим Зулфониён – сардори шуъбаи танзими Кумитаи забон ва истилоҳот – рӯзи 18 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин феҳрист номҳое чун Хоркаш, Хаскаш, Табару Теша, Кулӯх, Майна ва Зоғ ё пасвандҳое чун “қул” ё “тӯра” ворид нашудаанд. Ӯ афзуд, “дар феҳрист номҳои зебо ва хушоянди форсӣ ва, инчунин, арабии маъмул дар забони тоҷикӣ, ба мисли Абдуллоҳ, Хайруллоҳ ва Сайфуллоҳ гирдоварӣ гардиданд. Фақат номҳое, ки шахсияти инсонро паст мезананд ё дар оянда мояи нигаронӣ ва мазоҳи фарзандон мешаванд, ба мисли Сангу Табару Кулӯх ва номи ашё, ҳазф шудааст.”
Феҳрист “догма” нест
Ин намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, рӯйхати номҳои миллӣ асосан барои навзодон дахл дошта, афроде, ки то кунун дар номҳояшон пасванди “қул” ва “тӯра”-ву “хоҷа” будааст, “то охир хоҳанд рафт. Агар бо хоҳиши худ онро тағйир надиҳанд.” Вай мегӯяд, феҳристи номҳои тоҷикӣ бо теъдоди беш аз даҳ ҳазор нусха аз чоп баромада, Вазорати адлия ҳам вазифдоар шудааст, ки Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё ЗАГС-ро бо ин китоб таъмин кунад.
“Аммо ин феҳрист “догма” нест. Номҳое, ки нав пайдо мешаванд, дар солҳои оянда бо мувофиқа бо Кумитаи забон ва Комиссияи номгузорӣ ба китоб изофа мегарданд. Агар падару модар номи ба худашон мақбул ёбанд, онро пешниҳод мекунанд ва мо баъди баррасӣ иҷоза хоҳем дод”, - афзуд Зулфониён.
Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, ки тарҳи ин китоб соли гузашта бар асоси қарори ҳукумат омода шуда, дар он шакли дурусти навишти номҳо ба забони русӣ ва англисӣ ҳам оварда шудааст. Дар Вазорати фарҳанг гуфтанд, ки “ҳадаф аз таҳияи “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.”
Тавсиявӣ ё маҷбурӣ?
Қаблан Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфта буд, ки ин китоб “ба волидон имкон медиҳад, ки барои фарзандони худ номҳои зебо интихоб кунанд.” Аммо бархе аз сокинон мегӯянд, дахолат ба номгузории навзодон як навъ маҳдуд кардани ҳаққи онҳост. Соли гузашта яке аз сокинони кишвар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз он шикоят карда буд, ки дар пайи тарғиби номҳои миллӣ натавонистааст ба фарзандаш исми “Ёсин” – унвони яке аз сураҳои Қуръонро бигзорад. Вай мегӯяд, “бигзор феҳрист тавсиявӣ бошад, на маҷбурӣ”.
Номгузорӣ дар Тоҷикистон вобаста ба ҳар давру замон тағйир кардааст. Фарҳангшиносон мегӯянд, ки дар замони Шуравӣ аслан талошҳо барои ворид кардани номҳои бегона ба фарҳанги тоҷикӣ зиёд мушоҳида мешуд. Аз сӯи дигар ба далели идеологӣ ва ё тақлид ба чеҳраҳои маъруфи сиёсии давр сокинон фарзандони худро МЭЛС, Сталин, Коммуна, Феликс ва ба ҳамин монанд ном медоданд.
Таваҷҷуҳ ба номҳои арабӣ ва туркӣ
Вале дар даҳ соли охир бо таваҷҷӯҳ ба зиёд шудани равуо ба кишварҳои исломӣ ва мазҳабитар шудани ҷомеа шаҳрвандон ба номҳои арабӣ ва исломӣ бартарӣ медиҳанд. Дар баробари ин, маъмул шудани сериалҳои туркӣ дар Тоҷикистон завқи мардумро ба номгузории туркӣ аз қабили Элиф, Иргит ва Гузел бештар карда ва ҳатто баъзе номҳои маъмул дар Тоҷикистон ҳоло бо лаҳҷаи туркӣ, мисли Меҳмет, ки Муҳаммад ё Хуррем ки Хуррами тоҷикист, талаффуз мешавад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон –рӯзи 13 январи соли гузашта бо ислоҳи қонун "Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" гузоштани номҳои "бегона" ва изофа кардани тахаллусҳое монанди "мулло", "тӯра", "шайх", "сӯфӣ" ва "халифа"-ро ба номи сокинон манъ карданд.