"Ин қадар ҷангам макун..." Мирзо Турсунзода дар хотироти писараш Масъуд. ВИДЕО

Масъуд Турсунзода дар назди нимпайкараи падараш Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода, шоири шинохта, қаҳрамони Тоҷикистон ва раҳбари пешини Иттиҳоди адибон, рӯзи дувуми май 108-сола шуд. Дар ин рӯз хабарнигори Радиои Озодӣ бо Масъуд Турсунзода, писари калонии шоир, дар хона-музейи ӯ дар Душанбе сӯҳбат кард.

Осорхона дар ҳавлие ҷойгир аст, ки оилаи Мирзо Турсунзода соли 1949 ба онҷо кӯчида ва тақрибан бист сол зистааст. Сӯҳбат ҳам аз инҷо оғоз шуд, ки ҳавлиро аз кадом ҳисоб сохта буданд?

Масъуд Турсунзода: Қабл аз он ки ба ҳавлӣ кӯчем, мо дар бинои нависандагон, дар кӯчаи Орҷоникидзе зиндагӣ мекардем. Дар табақаи дувуми бино Боқӣ Раҳимзода мезистанд. Дар рӯбарӯи ҳавлии ҳозира Абдусалом Деҳотӣ хона сохта буданд ва ба падарам маслиҳат доданд, ки "ҷойи холӣ ҳаст, биё, хона соз". Ҷойи ҳавлии мо як майдончаи холие буд, ки кӯдакон баъзан футбол бозӣ мекарданд. Ба падарам ин ҷой маъқул шуд ва бо пуле, ки аз ҷоизаи сталинӣ барои достонҳои Ҳиндустон гирифта буданд, ҳавлиро сохтанд. Он замон падарам 37 сол доштанд. Қиссаи гирифтани ҷоиза ҳам ҷолиб аст. Вақте номзадии падарам пешниҳод мешавад, баъзе аз бадхоҳон шикоят мекунанд, ки Турсунзода ҳоло ҷавон аст. Сталин дар ҷавоб гуфтааст, ки “ҷавон аст, вале асарҳояш арзанда”. Ҳамин хел ҷоизаи дараҷаи дувуми сталиниро ба падарам додаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ин қадар ҷангам макун"... Ёде аз Мирзо Турсунзода

Радиои Озодӣ: Гуфтаниед, ки маблағи ҷоиза пурра ба сохтмони ҳавлӣ сарф шуд?

Масъуд Турсунзода: Бале. Дертар дар ин ҳавлӣ гармхона ҳам сохта буданд, ки дар он гулҳои гуногун мепарвариданд. Расул Ғамзатов, шоири машҳури доғистонӣ, борҳо дар ин ҳавлӣ меҳмон шудааст ва достоне бо номи “Сад Мирзо” низ навиштааст. Ба ин ҳавлӣ адибону олимони машҳури Шӯравӣ меҳмон шуда буданд, аз ҷумла, Ғафур Ғулому Комил Яшин ва ҳатто Евгений Примаков, ки он замон дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси муовини Бобоҷон Ғафуров кор мекард.

Радиои Озодӣ: Вале дар тасаввури бисёриҳо Мирзо Турсунзода ба ҳайси ходими давлатӣ аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдор буданд ва шояд ҳавлиро низ аз ҳисоби давлат гирифта буданд...

Масъуд Турсунзода: Ҳукумат на он вақт ва на ҳоло чунин корро намекунад. Адибон ҳама худ барояшон ҳавлӣ месохтанд. Ҳама худ машғули сохтмон буданд ва ҳатто Шаҳидӣ низ дар он тарафи кӯчаи мо худашон хона бунёд карданд. Ин қисмати шаҳр ба маҳалли иқомати зиёиёни ҷумҳурӣ табдил шуда буд. Падарам, ки тақрибан чиҳилсола буданд, аллакай мехостанд дар ҳавлӣ зиндагӣ кунанд. Якҷо бо меъмор Бондаренко тарҳи ҳавлӣ ва фаввораҳоро кашида буданд. Ҳамроҳи ин меъмор ман низ сохтани ҳайкалчаи моҳиҳоро омӯхта будам.

Радиои Озодӣ: Пас, меҳри сохтмон дар Шумо аз ҳамон давра пайдо шудааст?

Масъуд Турсунзода: Бале. Ман ҳатто як муддат мудири Техникуми сохтмонӣ будам, зеро воқеан ба сохтмон ҳавас доштам.

Радиои Озодӣ: Вокуниши падар ба орзуву ҳаваси Шумо чигуна буд?

Масъуд Турсунзода: Он кас эҳсос мекарданд, ки ба кори сохтмонӣ ҳавас дорам. Як дафъа ман ба забони русӣ шеъре навишта будам, ки ҳатто дар рӯзномаи “Пионерская правда” нашр шуда буд. Ба забони русӣ ба ин хотир навиштам, ки дар мактаби русӣ таҳсил мекардам. Падарам шеъри маро хонданду гуфтанд, бирав, ин навиштаатро ба касе нишон деҳ, ки туро ба мактаби русӣ бурдааст. Маро ба мактаби русӣ Боқӣ Раҳимзода бурда буданд. Зеро, падарам он замон дар Ҳиндустон буданд. Хулоса, падарам гуфтанд, ки шоирӣ накуну муҳандиси хубе бишав.

Радиои Озодӣ: Устод Турсунзода аз маҳбубтарин адибони шӯравӣ буданд ва бо мақомоти он замон робитаҳои хубе доштанд. Оё устод барои рушди истеъдодҳои муҳандисии шумо кумак кардаанд?

Масъуд Турсунзода: Аз синфи 7 ман ба радиотехника таваҷҷӯҳ пайдо карда, хостам як истгоҳи хурди радиоӣ бисозам. Аммо, бархе аз ҷузъҳоро натавонистам дар Тоҷикистон пайдо кунам. Баъд аз падарам хоҳиш кардам, ки аз Маскав бароям як лампа ва ду трансформатри зарурӣ биоранд. Дар фурудгоҳи Душанбе дидам, ки падарам бо ин бағоҷ хам шуда аз зинапояи ҳавопаймо мефароянд. Баъд гуфтанд, ки ин ду транформаторат 8 кило вазн доштааст. Намешуд, ки аз ман хоҳиши сабуктаре мекардӣ? Бо истифода аз ин ҷузъҳо ман як истгоҳи хурди радиоӣ сохта, ба мавҷи радиоӣ баромадам. Ин истгоҳи радиоиро то ҳол ҳамчун хотира нигаҳ медорам.

Радиои Озодӣ: Оё шуморо ба унвони фарзанди худ эрка мекарданд ё не? Ҳамонгуна ки ҳоло фарзандони баъзе аз мақомдорон ё афроди шинохта бо истифода аз ному нуфузи падари худ аз имтиёзҳо баҳраванд. Оё иҷоза медоданд, ки аз доираи кашидаи он кас берун бароед?

Масъуд Турсунзода: Дар ин масъала падарам хеле сахтгир буданд. Ҳатто вақте аҳёнан бо мошинашон маро ба мактаб мебурданд, як кӯча дуртар истода, мегуфтанд, ки давоми роҳро пиёда меравӣ. Зеро, падар ба ин назар буданд, ки ҳамсабақонам набояд бинанд, ки Турсунзода бо мошини хидматӣ фарзандашро ба мактаб мебарад. Ҳатто замоне ки хостам, барои худ мошин бихарам, падарам пурсиданд: ҳуҷҷати ронандагӣ канӣ? Ду моҳ дар корхонаи мошинтаъмиркунӣ хонда, сипас мошин харидам. Дар бахши севуми донишгоҳ мехондам, ки барои хидмат дар артиш даъватнома омад. Ба падарам нишон додам, гуфтанд, бирав хидмат бикун, давлат, ки даъват кардааст, бояд хидмат кунӣ. Ҳамин тавр се сол хидмат кардам.

Радиои Озодӣ: Магар барои аз хидмати низомӣ озод кардани шумо ҳеч талош накарданд?

Масъуд Турсунзода: Не, талаботашон сахт буд ва гуфтанд, "бояд рафта хидмат бикунӣ".

Радиои Озодӣ: Муносибати устод ба ҳамаи фарзандон, муаллима Фирӯза ва Парвиз низ ҳамин хел буд ё фарқ дошт?

Масъуд Турсунзода: Фарқ мекард. Танҳо ба Фирӯзахон муносибати нармтаре доштанд, зеро он кас, ки бону ҳастанд, нисбаташон гузаштҳое сурат мегирифт. Нозҳои апаамро мебардоштанд, ҳарчанд дар тарбияи ҳамаи фарзандон сахтгир буданд. Парвизро, ки фарзанди кенҷа буд, комилан эрка карда буданд.

Радиои Озодӣ: Пас, ҳама сахтиҳои тарбияи падарӣ бар сари шумо мефаромад?

Масъуд Турсунзода: Бале, ман, ки миёна будам, ҳама душвориҳо бар сари ман буд.

Радиои Озодӣ: Устод Турсунзода аз чеҳраҳои саршиносу таъсиргузор дар Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Оё мақомоти Тоҷикистони шӯравӣ ба ҳарфҳои устод гӯш медоданд?

Масъуд Турсунзода: Бале. Падарам узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буданд. Ҳам вакили порлумони Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Гапашон мегузашт ба ҳама.

Радиои Озодӣ: Устод дар масъалаҳои милливу фарҳангӣ ягон пешниҳоди ҷолибе мекарданд?

Масъуд Турсунзода: Дар хотир дорам, боре падарамро ба КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон даъват карда, хоҳиш карданд, ки зуд ба Исфара бираванд, зеро бо ҳамсояҳои қирғиз муноқишае сар задааст. Ин бори аввал буд, ки сокинони ду ҷумҳурии ҳамсоя зидди ҳам қарор гирифтанд. Мутаассифона, ин қазия аз соли 1974 то ҳол идома дорад. Гуфтанд, ки аз ҷониби Қирғизистон Чингиз Айтматов ва аз ҷониби Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бояд ин муноқишаро хомӯш созанд. Дар як гирдиҳамоии қирғизҳо падарам суханронӣ карда мегӯянд, ки тоҷику қирғиз хешутаборанд, зеро завҷаи Манас тоҷик буд – Ҳаникей ба тоҷикӣ Ҳанифа аст. Аз фарзандони ин хонадон мардуми қирғиз пайдо шудааст. Қирғизҳо ин ҳарфҳоро бо кафкӯбӣ истиқбол карданд. Дар ниҳоят, ҳарду ҷониб созиш карданд ва барои солҳои зиёд ин муноқиша хомӯш шуда буд.

Радиои Озодӣ: Оё устод Турсунзода дар назди мақомоти вақти Тоҷикистони шӯравӣ аз осори адибони тоҷик, бахусус, ҷавонон ҳимоят мекарданд?

Масъуд Турсунзода: Шоирони маъруфи тоҷик ба мисли Лоиқ Шералӣ, Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор ва адибони дигари маъруфи муосир ҳама аз шогирдони падарам буданд. Албатта, ҳолатҳои баде ҳам буданд, вале асосан падарам ҳамаи адибонро дар назди мақомот ҳимоят мекарданд.

Радиои Озодӣ: То ҷое иттилоъ дорем, Мирзо Турсунзода ҳатто барои сохтани манзил барои адибон дар Маскав пулҷӯйӣ кардаанд? Шунидаам, ки дар ин сафар шумо устодро ҳамроҳӣ мекардед.

Масъуд Турсунзода: Дар Маскав ба назди Суслов, мақоми хеле пурнуфузи коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ даромада, шикоят карданд, ки адибони тоҷик на ҷойи истиқомат доранду на ҷое, ки тавонанд дар он ҷо ҷамъ шаванд. Бо қарори Суслов барои сохтмони бинои истиқоматӣ адибон ва бинои худи Иттиҳоди адибони Тоҷикистон маблағ ҷудо шуд.

Радиои Озодӣ: Дар мавриди осори устод Турсунзода ҳоло назарҳои мухталифе вуҷуд доранд. Бархе назми устодро олӣ медонанду бархеи дигар онро нишони назми шӯравии коммунистӣ, ки ҳоло барои тоҷикон чандон зарур нест. Оё устод Турсунзода воқеан коммунисти ба истилоҳ матин буданд?

Масъуд Турсунзода: Зимни хидмати низомӣ маро хеле таблиғ мекарданд, ки узви Ҳизби коммунистӣ шавам, аммо ман розӣ намешудам. Вақте падарам ба хабаргирии ман омаданд, фармондеҳон ба он кас шикоят карданд. Ман дар посух гуфтам, ки дар ин ҳизб афроди беарзиш зиёданд. Падарам гуфтанд, ки агар ту узви ин ҳизб нашавӣ, ман нашавам, пас, танҳо ҳамин беарзишҳо дар ҳизб мемонанд. Сарнавишти падарам, ки ятим монда, сипас ба мартабаҳое расидаанд, магар метавонистанд ҳукумати шӯравии коммунистиро васф накунанд? Он кас воқеан ва сидқан вафодори ҳукумати шӯравӣ буданд. Аз рафторашон ҳам хулоса мекардам, ки коммунисти ҳақиқӣ мебошанд. Дар назм ҳам падарам гуфтаанд, ки ҳар тори мӯям коммунист ва ин беҳуда набуд.

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, дар ҳар мулоқот хонумону бонувон ба он кас гулдаста ҳадя карда, баъзан ҳатто бӯса ҳам мекарданд. Оё чунин ҳолатҳо рашки модаратонро намеовард?

Масъуд Турсунзода: Посух ба ин суоли шумо дар достони “Ҷони ширин” вуҷуд дорад, ки сатҳи меҳри падарамро нишон медиҳад. Ёд дорам, боре дар Маскав будем ва падарам аз Кремл баргаштанду дар даст нишони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистиро доштанд, ки ҳамон рӯз барояшон тақдим шуд. Ба модарам нишони ин қаҳрамониро доданду гуфтанд, ки "нимаи ин нишон аз туст, зеро саҳми ту дар зиндагиву эҷодиётам бузург мебошад".

  • Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаротоғи водии Ҳисор ба дунё омадаааст. Ӯ то замони вафоташ дар соли 1977, тайи беш аз ду даҳсола раиси Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон ва ҳам раҳбари Кумитаи дар Маскав ташкилшудаи якдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо буд. Осори Турсунзода, аз қабили "Садои Осиё", "Ҷони ширин", силсилаи ашъори ба модар бахшидаи ӯ ва "Қиссаҳои Ҳиндустон" бо забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума ва нашр шудаанд. Бар пояи бисёре аз достонҳои ӯ, фимлнома, намоишномаҳои театрӣ ва асарҳои зиёди симфониву операвӣ таҳия гардидааст.