Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист!"


Ашъори Мирзо Турсунзода, ки соли ҷорӣ садсолагиаш таҷлил шуд, дар миёни ҳунармандони тоҷик харидори зиёд дошт.

Номдортарин овозхонҳо аз ашъори ӯ тарона сурудаанд, номи ӯро маъруфтар карданд ва худ низ номдор шуданд.

Турсунзода аз аввалин шоирони замони Шӯравӣ буд, ки шеърҳояш дар жанрҳои мухталифи мусиқӣ ҳам опера, ҳам мусиқии замонавӣ ва ҳатто фолклор истифода шудаанд.

Шеъру достонҳои Турсунзода, ассосан аз тараннуми ватан ва арзишҳои инсонӣ инсонӣ иборат буд, албатта аз зовияи як шаҳрванди Шӯравӣ. Умри бисёре аз таронаҳои Мирзо Турсунзода аз умри худи шоир тӯлонитар буданд ва марзҳои давлатҳои ҳамзабонро убур карданд.

Бисёриҳо ба ин назаранд, ки овозхонҳои он давр ашъори Турсунзодаро танҳо барои он месуруданд, ки ӯ бо элитаи ҳукмрон ҳамнишин буд ва роҳи овозхонҳои навоғозро ба сӯи шӯҳрат ҳамвор мекард.

Аммо аксари ҳунармандоне, ки бо ашъори Турсунзода тарона сурудаанд, мегӯянд, ки онҳоро соддагиву ширинии каломи шоир тасхир карда буд, ки нарму осон ба пардаи мусиқӣ менишаст.

Дар ин шумораи “Ситораборон” ҳунармандони саршиноси тоҷик аз нақши шеъри Турсунзода дар эҷоди худ суҳбат мекунанд.

Шеъри Турсунзодаву он обшорон зинда бод!
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00
XS
SM
MD
LG