Абдуллоҷонов дар бораи сессия, интихобот ва инноватсия

Акс аз Интернет, соли 1998

Собиқ сарвазири Тоҷикистон дар рӯзи ҷашни Иҷлосияи Хуҷанд бо Озодӣ сӯҳбат кард.
Абдумалик Абдуллоҷонов аз чеҳраҳои шинохтаи даҳаи аввали соли 1990 аст. Ӯ 21-уми сентябри соли 1992 бо қарори Шӯрои олии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир ва сипас 20-уми ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб, нахуствазири Тоҷикистон таъин шуд.

Абдуллоҷонов то 18-уми декабри соли 1993 дар ин мақом фаъолият кард, вале пас аз бохти сабқати президентии соли 1994 ба рақибаш Эмомалӣ Раҳмон аз кишвар хориҷ шуд. Ӯ дар ғиёбаш ба даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур, ҳамкорӣ бо полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, ки дар соли 1998 аз қаламрави Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард ва як идда ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор шуд. Ҳоло Абдумалик Абдуллоҷонов дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико зиндагӣ мекунад ва соҳиби корти иқомат ё Green Card-и Амрикост.

Абдумалик Абдулоҷонов тайи беш аз даҳ сол аз назарҳо нопадид буд ва бо матбуот ҳам сӯҳбат накардааст. Ахиран ӯ дар рӯзи таҷлили 20-умин солгарди Иҷлосияи Хуҷанд дар Кохи Арбоб ба суолҳои Радиои Озодӣ аз Амрико посух дод. Суоли нахустини мо ин буд, ки ҳоло ӯ аз баландии 20 соли гузашта ва аз он сӯи уқёнус дар бораи Сессияи Хуҷанд чӣ назар дорад?

Абдуллоҷонов: "Агар сессия на дар Кохи Арбоб, балки дар Хуҷанд баргузор мешуд, эҳтимол он қарорҳое, ки дар он ҷо қабул шуданд, дар ин ҷо амалӣ намешуданд. Ман аввал бо қарори президиуми Шӯрои олии Тоҷикистон сентябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи сарвазир ва баъдан, дар ҳамон сессияи 16-ум дар Арбоб бо қарори Шӯрои олӣ сарвазир интихоб шудам. Ман на ҳамчун намояндаи шаҳри Хуҷанд, балки ҳамчун намояндаи насли нави раҳбарон, ки дар шароити нав тавонистанд худро муваффақ намоиш диҳанд, интихоб шудам. Ман танҳо набудам. Сайфиддин Тӯраев аз раҳбарони хуби иқтисоддон буд. Шояд масъулини сессияи 16-ум зодаи Хуҷанд будани маро ба назар гирифта бошанд, вале ҳоло касе ба ёд намеорад, ки ман ва аъзои ҳукумат чанд бор ба нишони эътироз маҷлисгоҳро тарк кардем ва ба қабули баъзе қарорҳо муқовимат нишон додем. Эмомалӣ Раҳмоновро дар Арбоб ба сари мардуми мо ҳамчун раҳбар таҳмил кардем. На ман, на Акбаршоҳ (Искандаров) аз ин барнома иттилои пурра надоштем. Барканор намудани Раҳмон Набиев, бекор намудани сохти идории президентӣ ва чанде дигар аз қабили қарорҳои ғайриқонунии ҳамон иҷлосия буданд. Барои ҳамин, Раҳмоновро аксари давлатҳо (он замон) ҳамчун раҳбари легитимӣ эътироф намекарданд. Бо вуҷуди ин, агар сулҳ барпо мешуд, агар дар Тоҷикистон тоҷиккушӣ авҷ намегирифт, агар ҳукумат побанди худи Раҳмонов намешуд, иҷлосияи 16-умро тақдирсоз мегуфтем. Аммо баръакс шуд."

Озодӣ: Оё ба ҷуз аз Раҳмонов номзадии нафари дигаре ба мақоми раҳбарии кишвар дар ин иҷлос матраҳ буд?

Абдуллоҷонов: "Баргузоркунандагони иҷлосияи 16-ум нақшаи худро тарҳрезӣ карданд ва мухолифон низ ба ин мусоидат карданд. Дар ёд дошта бошед, ноиби раисиҷумҳур (Дӯстов) барканор шуда, ба ҷояш каси дигар интихоб нашуда буд. Ин ҳолат имконияти табаддулоти давлатиро бештар гардонид. Исми Иззатулло Ҳаёев ҳамчун номзад ба раисии Шӯрои олӣ ном гирифта шуд. Аммо ин танҳо ҷузъе аз бозиҳои Сангак Сафаров буд, ки тавонист ҳароси кишвари дӯст ва ҳамсояи Узбакистонро аз оташи ҷанги бародаркушӣ ва ба ном исломгароӣ маккорона истифода барад."

Озодӣ: Ҳамингуна овозае буд, ки гӯиё интихоби Раҳмонов ба мақомаш як амри муваққатӣ буд. Ҳамингуна сӯҳбатҳоеро дар ёд доред?

Абдуллоҷонов: "Дақиқан маълум аст, ки бо худи Раҳмонов дар бораи чор-панҷ моҳ вазъиятро ба даст гирифта вазъиятро дар Душанбе ва атрофи он тинҷ гардондан сӯҳбат шуда будааст он вақтҳо. Дар ин бора шоҳидон ва ҳаммаслаконаш гуфта буданд."

Озодӣ: Ин сӯҳбатҳо дар чӣ шароит ва аз ҷониби кӣ шудааст?

Абдуллоҷонов: "Намедонам, ба ман нагуфтанд. Ихтиёр он вақт на дар дасти шимолиҳо ва на дар дасти дигарҳо буд, ихтиёр дар беруни кишвар буд. Ҳоло ҳам ихтиёр дар дохили кишвар нест."

Озодӣ: Дар ҷараёни иҷлосия Сафаралӣ Кенҷаев чанд рӯз ғайб зад ва ӯро гӯиё дар ҷое нигоҳ доштанд, то ба кори иҷлосия халал нарасонад. Шумо, ки он ҷо будед, воқеият чӣ буд?

Абдуллоҷонов: "Сафаралӣ ҳуқуқдон буданд ва табаддулотчиён аз ӯ метарсиданд. Шояд Кенҷаев бозигари ботарҷриба набуданд, лекин марди бошуҷоат ва принсипнок буданд. Вақте бар хилофи Конститутсия институти президентиро барҳам доданӣ шуданд, он гоҳ Сафаралиро гум карданд. Шунидам, ки он кас инро дар китобашон ишора карданд, лекин ман онро нахондам. Лекин Кенҷаев ба қумандонҳои саҳроии Фронти халқии на фақат Кӯлоб, балки Ҳисору Шаҳринав, Турсунзода ва ғайра низ таъсир доштанд. Агар ихтиёр дар дасти Фронти халқӣ мебуд, он вақт Кенҷаевро дар вазифаи раиси Шӯрои олӣ аз нав интихоб мекарданд."

Озодӣ: Чаро баъди ба истилоҳ оши оштии Хуҷанд ҳам ҷанг хотима наёфт ва ҳатто баъзе ширкатдорони иҷлоси 16-ум кишварро тарк карданд?

Абдуллоҷонов: "Ҳарос аз эҳтимоли исломӣ шудани ҳукумати Тоҷикистон дар чашми кишварҳои атроф, бахусус Узбакистон ва Русия хеле бузург буд. Паёмҳои таблиғотии баъзе раҳбарони мухолифон, ки мегуфтанд, “мо 17 сол ба ин чиз омодагӣ дидем” ё “тамоми русзабононро гаравгон мегирем”, он кишварҳоро зидди мухолифон шӯронд. Дар вилояти онвақтаи Ленинобод рӯҳияи зидди ҳизби исломӣ, ки онро “ҳизби ваҳҳобиҳо” низ мегуфтанд, пурзӯр буд. Сигнале, ки нишондиҳандаи гуфтори неку рафтори бади ҳокимон шуд, кӯшиши қатл ба ҷони раҳбарони мухолифон буд, ки бо умеди муросо ба кохи Арбоб омада буданд. Агар ҳукуматдорон аз таҳти дил мехостанд, баъди оши оштӣ мухолифонро ҳамкори худ мекарданд, аммо инро накарданд. Масалан, Аслиддин Соҳибназаров барин мутахассис ва сиёсатмадорро нагузоштанд, ки то охири умраш барои кишвараш хизмат кунад."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мусоҳибаи Абдумалик Абдуллоҷонов




Озодӣ: Хуб, гузарем аз мавзӯи иҷлос ва равем ба интихоботи президентии декабри соли 1994. Ҳамчун номзади онвақта назари Шумо чист?

Абдуллоҷонов: "Ман медонам, ки дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ман пирӯз шудам. Ҳамон шаб маро сафирони Амрико ва Русия телефонӣ табрик карданд, аммо рӯзи дигар Раҳмонов худро пирӯз эълон намуд. Русия ва Узбакистон, ки кафили расмии интихобот буданд, ба ман ишора карданд, ки як муддат эътироз накунам. Ин мавзӯи баҳси ҷудогона аст, вале ба ҳар ҳол ман шахсе ҳастам, ки аксар мардуми Тоҷикистон ба ман раъй доданд."

Озодӣ: Мегӯянд, ба Шумо он вақт раҳбарии чанд вазоратхонаро пешниҳод карданд...

Абдуллоҷонов: "Ба ман раҳбарии ҳеҷ вазорате пешниҳод нашуд. Аммо баъди интихоботи соли 1994 Раҳмон ба кишварҳое, ки ба Тоҷикистон таъсири бузург доштанд, ваъда дода буд, ки маро аз нав ба вазифаи сарвазирӣ пешниҳод мекунад. Лекин мисли ҳамеша рафтору гуфтори ӯ дигар буд. Онҳо ҳатто маро аз ширкат дар интихоботи вакилони Шӯрои олии ҷумҳурӣ маҳрум карданд. Ман аз баъзе ашхос баъд шунидам, ки гӯиё маро барои раҳбарии вилояти Хатлон мехостанд таъин кунанд, то ин вилояти ақибмондаро Абдуллоҷонов обод намояд. Гуфтанд, ӯ пул ҳам дорад. Аммо расман ба ман ҳеҷ пешниҳоде нашуда буд. Баръакс, бародарам Абдулазизро тӯҳмат карда дар зиндон куштанд. Ҳамон вақт модарам гуфтанд, ки “ҳаволаи бадкарда ба Худо. Ту ба касе бадӣ накун”. Ман то ҳозир ба насиҳатҳои модари раҳматиам содиқам."

Озодӣ: Сокинони Тоҷикистон шояд донистан мехоҳанд, ки ҳоло Шумо дар куҷо ва дар чӣ шароит зиндагӣ мекунед? Фаъолиятҳои сиёсиро идома медиҳед, узви ягон гурӯҳи сиёсӣ ҳастед?

Абдуллоҷонов: "Ҷои зиндагиамро тарғиб намекунам. Ба ман бе он ҳам шахсони зиёд муроҷиат мекунанд ва ман на ҳамеша вақти холӣ дорам. Ман ҳамеша бунёдкор будам ва бунёдкориро идома медиҳам. То ҷое маҷбурам ба корҳои сиёсӣ машғул бошам, чунки ба ман аз муассисаҳои пурнуфузи сиёсии кишварҳои бузург ва созмонҳои байналмилалӣ барои баёни назарам муроҷиат менамоянд. Агар манзури саволи Шумо созмони “Ватандор” бошад, не, ман узви ин созмон нестам. Чаро? Маро Атовуллоев даъват накардааст."

Озодӣ: Соли ояндаи 2013 дар Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Шумо омода ҳастед, ки номзадиатонро пешбарӣ кунед?

Абдуллоҷонов: "Низоми ҳукмрон чунон кардааст, ки шахсони муқимии кишварҳои дигар, ҳатто агар шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ҳам, дар интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон иштирок карда наметавонанд. Ман ҳам дар қатори онҳо ҳастам."

Озодӣ: Мехостем бифаҳмем, ки барномаҳоятон барои оянда чӣ аст?

Абдуллоҷонов: "Ман барои чанд тарҳи кор омода ҳастам ва аз паи иҷрои он мебошам. Ҳар гоҳ кишварамон ба барномаҳои хуби инноватсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунад ва шароити муносиб муҳайё гардад, онро дар Тоҷикистон низ ҷорӣ менамоем."