Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интерпол дар ҷустуҷӯи 186 шаҳрванди Тоҷикистон


Нурулло Орифов, сардори раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилӣ
Нурулло Орифов, сардори раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилӣ

Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, бештар аз 180 сокини кишвар дар феҳристи ҷустуҷӯии Интерпол, пулиси байнулмилалӣ, қарор гирифтаанд.

Нурулло Орифов, сардори раёсати ҷустуҷӯии вазорати умури дохилӣ, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод барои даст доштан дар ҷиноёти махсусан вазнин муттаҳам шинохта мешаванд: “Инҳо одамоне ҳастанд, ки қатл, ғоратгарӣ, одамрабоӣ, фасод ва тақаллуб кардаанд".

Аммо оё дар қатори ин афрод ҳастанд касоне, ки ба гумони даст доштан дар табаддулоти давлатӣ муттаҳам мешаванд?
Оқои Орифов мегӯяд: "Бале, ҳастанд. Инҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он чунин як ҷиноятҳоро содир намудаанд ва айни замон дар ҷустуҷӯи байнулмилалӣ мебошанд”.

Нурулло Орифов мегӯяд, дар қатори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар листи Интерпол қарор доранд, номи афроди саршиносро ҳам дидан мумкин аст, ки дар гузашта дар арсаи сиёсат ва иқтисоди кишвар аз обрӯву нуфузи хос бархӯрдор будаанд.

Дар як таблое, ки дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе низ насб шуда, дар болои он “Шахсони дар кофтукоб буда” навишта шудааст, шумо якбора акси 34 нафарро хоҳед дид.

Аз Абдуллоҷонов то Мулло Абдулло

Ин қатор бо акси Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ нахуствазири Тоҷикистон, оғоз ёфта, бо акси Маҳмуд Худойбердиев, Хоҷа Каримов, мулаққаб ба Хӯҷа-командир, Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, Ҳабиб Насруллоев, собиқ директори “Тоҷикматлубот” идома карда, бо акси Нарзулло Дӯстов, собиқ ноиби раиси ҷумҳур, анҷом меёбад.

То як соли пеш акси Аваз Назаров, раиси ширкати “Ансол”-ро ҳам дар ин қатор дидан мумкин буд. Аммо соли гузашта додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард, ки ҳамагуна парванда алайҳи Аваз Назаров, раиси ширкати “Ансол” ва Абдуқодир Эрматов, раиси собиқи корхонаи алюминиуми Тоҷикистон қатъ карда шуд ва онҳо таҳти пайгарди қонунӣ қарор надоранд.

Низомхон Ҷӯраев, тоҷир, узви собиқи Маҷлиси вилояти Суғд ва раиси пешини корхонаи кимиёи Исфара, тоза ба рӯйихати Интерпол ворид шудааст. Вайро дар куштори Толиб Бобоев, собиқ муовини додситони кул, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва ҳамчунин дуздии маблағҳо муттаҳам мешуморанд.

Гуфта мешавад, феълан ӯ дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб қарор дорад. Агарчӣ мақомот дар оғози соли ҷорӣ бародари Ғаффор Мирзоевро тавассути Интерпол дар шаҳри Дубай боздошт ва ба Душанбе истирдод карданд, вале то кунун дар бораи ҳузури Низомхон Ҷӯраев дар ин шаҳр чизе нагуфтаанд.

Интерпол боздошт намекунад ё намехоҳад?

Тоҷикистон аз соли 2004 ба узвияти Интерпол, пулиси байнулмилалӣ, пазируфта шудааст. Ҳарчанд аз нахустин дархости Маркази миллии бюрои Интерпол дар Тоҷикистон дар бобати боздошт ва истирдоди айбдоршавандагон тақрибан 6 сол мегузарад, то кунун ба он “посух”-и мусбат нагирифтааст.

Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар кишвар ҳуқуқи инсон дар чӣ ҳол аст ва мақомот бо боздоштшудагон чӣ гуна муносибат мекунанд, Интерпол низ дар боздошти афроди мавриди назари Тоҷикистон ба кундӣ амал мекунад.

Ӯ афзуд: “Бояд зикр кард, ки аввалан на ҳама давлатҳои ҷаҳон аъзои Интерпол ҳастанд ва аз ин хотир Интерпол дар ин кишварҳо барои бурдани фаъолият ҳақ надорад. Гузашта аз ин, агар ҳуқуқу озодиҳои сокинон дар ҷои адои ҷазо риоя нагардад, низоми судӣ ва мақомоти тафтишотӣ озод набошад ва бештар аз мақомоти иҷроия вобаста бошад, Интерпол низ ҳамчун созмони байнулмилалӣ, ки ҳадфаш мубориза бо ҷинояткорӣ аст, аз боздошт ва интиқоли онҳо худдорӣ менамояд”.

“Масъала сиёсӣ аст, на ҳуқуқӣ”


Вале ба суоли мо дар ин бора, ки оё ҳоло Тоҷикистон метавонад, ин феҳристи афродеро, ки тавассути Интерпол мавриди ҷустуҷӯқарор доранд, бознигарӣ кунад ё на, оқои Ҳаким гуфт: “Бештари афроде, ки дар листи Интерпол ҳастанд, муттаҳам мешаванд дар робита ба амалҳои зидди давлати Тоҷикистон. Аз ин хотир, чун ин маъсала бо раҳбарияти феълии сиёсии Тоҷикистон таҳия шудаанд, масъала хусусияти сиёсӣ пайдо мекунад, на ҳуқуқӣ.”

“Мо бо Русия ҳамкории хуб дорем”


Бо ин вуҷуд, Нурулло Орифов, сардори раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати умури дохилӣ, мегӯяд, феълан мақомоти Русия боздошт ва истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранду берун аз листи Интерполанд, муваффақона анҷом медиҳад.

“Дар Русия 22 нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошта шуд. Аз ин ҳисоб, ҳашт нафари онҳо ба кишвар оварда шуда ва баррасии парварндаашон оғоз ёфтааст. Мо бо Русия ҳамкории зич дорем. Ҷинояткороне, ки дар Русия паноҳ меҷӯянд, онҳо дастгир карда, тибқи шартнома ба мо интиқол медиҳанд”,- илова кард ӯ.
XS
SM
MD
LG