Абдуфаттоҳи Ғоиб: “Ҳар корманде ҷиноят кунад, барканор мешавад"

Абдулфаттоҳи Ғоиб, сардори нави Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, ки дар системаи гумрукии кишвар ҳоло тағйироти кадрӣ анҷом нахоҳад дод ва бо ҳайати феълӣ ҳамкориро идома медиҳад.

Абдулфаттоҳи Ғоиб, сардори нави Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки имрӯз ба фаъолияти худ оғоз кард, мегӯяд, ки шояд дар оянда дар ҳайати кадрии ин ниҳод дигаргуниҳо сурат бигирад, аммо ҳоло бо ҳайати феълӣ ба фаъолият идома хоҳад дод.

Абдулфаттоҳи Ғоиб рӯзи 16 март бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақоми директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод шуд ва ҳамон рӯз бо қарори ҳукумат, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Рустами Эмомалӣ - писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон шуд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб рӯзи 18 март дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамин рӯз корро дар Хадамот оғоз карда ба омӯзиши санадҳои кормандон пардохтааст. Ӯ дар ибтидо мардуми кишварро ба иди Наврӯз табрик намуд ва дар посух ба ин суол, ки нахустин рӯзи корашонро бо чӣ иқдоме шурӯъ кард, гуфт:

Абдуфаттоҳи Ғоиб: Пас аз ду рӯзи таъйин шуданам дар вазифаи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳамин рӯз ба кор шурӯъ кардам ва ҳоло бо ҳуҷҷатҳои аввалияи хадамот шинос шуда истодаам ва ниҳоят банд ҳастам.

Озодӣ: Ба назари шумо, системаи гумруки Тоҷикистон ба танзим ниёз дорад ва қабл аз таъйин шуданатон ба ин симат соҳаи гумрук барои шумо, ки тайи чанд сол дар масъулияти Оҷонсии зидди коррупсия кор кардаед, ношинос нест, албатта?

Абдуфаттоҳ Ғоиб: Бале, барои ман соҳаи гумрук ношинос нест, вале ин соҳа ба танзим ниёз дорад ва ҳар система ба танзим ниёз дорад, вале бояд бо вазъи Хадамот дурусттар ошно шуда, бо ҳайати кормандону масъулони сӯҳбатҳо анҷом диҳам.

Озодӣ: Оё системаи гумрук ба тағйироти кадрии ҷиддӣ ниёз дорад ва шумо кай тағйирот хоҳед кард?

Абдуфаттоҳи Ғоиб: Ман дар назар надорам, ки ба ин зудӣ тағйироти кадрӣ дар Хадамот анҷом диҳам, ҳоло ин корро карданӣ нестам ва бо ҳамин команда кор хоҳам кард, вале агар корманди гумрук Худо нахоста даст, ба ҷиноят занад, ҳатман барканор карда хоҳад шуд.

ҲОЛНОМАИ АБДУЛФАТТОҲИ ҒОИБ:

Абдулфаттоҳи Ғоиб (қаблан Фаттоҳ Саидов), генерал-майори адлия. Соли 1962 дар деҳаи Хушобаки ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1984 факултети иқтисодии Донишгоҳи милии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм мекунад. Фаъолияти кориро дар шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои Душанбе шурӯъ кардааст. Сипас мактаби олии милиса дар шаҳри Саратови Русияро хатм мекунад. Солҳои 1994 -1995 барои кор ба шӯъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилаиТоҷикистон даъват мешавад. Соли 1996 сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Исфара таъйин мешавад. Аз соли 1998 то 2002 фаъолиятро ба ҳайси сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Идораи умури дохилаи шаҳри Душанбе идома медиҳад. Аз соли 2004 то соли 2009 дар вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилаи пойтахт кор мекунад. Моҳи июни соли 2009 бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъйин мешавад. Дар таърихи 16 марти соли 2015 аз ин мақом барканор ва сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъқин шуд Оиладор. Соҳиби 5 фарзанд.