Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон роҳҳои ҳалли муноқишаи нав дар марзи ду кишварро меҷӯянд, Мирослав Ниёзов мӯътақид аст, ки Душанбеву Бишкек "маҳкум" ба як дӯстии стратегианд.
Муноқишаи шоми 7 май дар марзи Исфараву Бодканд равобити Тоҷикистону Қирғизистонро дигарбора тира кардааст. Ҳайатҳои ду кишвар тамоми рӯзи 8 май дар ин ҳассостарин қисмат аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон роҳҳои бурунрафт аз ин таниши навбатиро меҷӯянд.
Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар робита ба ин қазия ҳам сафири Душанберо даъват карда, ба дасташ нотаи эътирозӣ супурд. Душанбе чун дар танишҳои гузашта бо пахши як баёнияи хеле хушку боэҳтиёт иктифо кард.
Аммо генерал Мирослав Ниёзов, дабири собиқи Шӯрои Амнияти Қирғизистон, ки дар солҳои 2001 - 2006 як навбат сафири Бишкек дар Душанбе буд ва ҳоло, интизор меравад, дубора ба ҳайси сафир ба Тоҷикистон эъзом шавад, мӯътақид аст, ки ин марҳалаи танишҳо дар равобити ин ду кишвари ҳамсоя муваққатианд ва Душанбеву Бишкек дар асл "маҳкум" ба як дӯстии дарозмуддати стратегӣ мебошанд. Мирослав Ниёзов рӯзи 8 май дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ҳатто тарҳи пуриддаои таъсиси як "империяи энергетикӣ" байни Тоҷикистону Қирғизистонро пешниҳод кард, ки ба бовари ӯ, метавонад забони ҳардуро дар баҳсҳои масоили доғи минтақа хеле дарозтар кунад.
Озодӣ: Ҳамаи ин моҷароҳо бо таъини хатҳои марзӣ ва аломатгузорӣ дар марзҳо иртибот надорад?
Ниёзов: ”Маҳз бо ҳамин масъала иртибот дорад. Барои ҳамин дар ҳалли ин масъала бояд роҳҳои созишро пайдо кунанд. Ин кор ба иродаи сиёсатмадорон вобаста аст. Барои он, ки барои Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои муҳимтар аз ин вуҷуд дорад. Масъалаҳои судманди иқтисодиро бояд ҳал кард. Ин ҷо сухан дар бораи истифодаи муштараки захираҳои энержӣ дар миён аст. Бояд ба бозорҳои хориҷӣ роҳ ёбем. Бояд ин ду кишвар дар минтақа як империяи гидроэнергетикӣ ташкил кунанд. Вале бидуни ҳали масъалаҳои марзӣ ё масъалаҳои марбут ба замин мо наметавонем ба пеш ҳаракат кунем. Ин масъалаҳоро маҳз ҳамин насли мо бояд ҳал кунад, чунки ин насл аз давраи Шӯравии пешин якдигарро мешиносад. Баъд аз сари мо насли дигар меояд ва онҳо аз китобҳои дарсии таърих бо муносиботи даврони Шӯравӣ ошно хоҳанд шуд. Он вақт ҳалли ин масъалаҳо мушкилтар мешавад”.
Озодӣ: Фикр намекунед, ки ин масъала ба таври ҷиддӣ бояд ҳади ақал дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва ё раҳбарони ҳар ду кишвар баррасӣ ва ҳал шавад?
Ниёзов: "Ман фикр мекунам, ки кумиссиюни муштарак ба раҳбарони давлатҳо бояд нусхаи созиши ҳар ду ҷонибро пешниҳод намоянд. Раҳбарон бояд масъулиятро бар дӯши худ бигиранд ва ин масъаларо як ҷо ҳал кунанд. Чаро? Барои он ки кори ин кумиссиюнҳо амалан пеш намеравад. Роҳҳои созиш вуҷуд дорад ва бояд ба чунин роҳҳо такя кард."
Озодӣ: Ҷаноби генерал, баъзе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки моҷарои рӯзи 7-уми май дар марзи миёни ду кишвар махсус ташкил карда шуда буд. Шумо ба ин бовар доред?
Ниёзов: "Ман дар ин бора маълумот ва далел надорам. Вале онро истисно намедонам, ки шояд он таҳрикотест, ки хостаанд муносиботи байни ду кишварро мушкилтар кунанд, гузашта аз ин, муносиботи ҷонибҳоро барои таъйини хати марз вориди бунбаст созанд. Имкон дорад, ки ин ба касе судманд бошад. Вале такрор мекунам, ки ман далел дар даст надорам, вале ин корро тистисно намедонам.