Раиси порлумон: "Саноати Тоҷикистон мелангад". ВИДЕО

Баррасии тарҳи қонуни "Сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат" баҳси доғеро дар порлумон ба по кард. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии порлумон – рӯзи 1 феврал бо изҳори нигаронӣ аз вазъи саноат ва ҳолати ногувори аксар корхонаҳои кишвар гуфт, "соҳаи саноат мелангад". Ӯ афзуд, "соҳаи саноат дар Тоҷикистон тараққӣ накардааст. Корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар кишвар нестанд. Хеле кам ҳастанд."

Сӯҳбати видеоӣ бо Шариф Раҳимзода:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раҳимзода: "Ояндаи Тоҷикистон аз пешрафти саноат вобаста аст"

​Интиқоди раиси Маҷлис аз он ҷо шурӯъ шуд, ки барои муаррифии тарҳи қонуни нав на вазир, балки муовини вазири саноат ва технологияи нав назди вакилони порлумон ҳозир шуд. Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти ин вазорат интиқод кард ва гуфт, барои беҳбуди вазъи соҳаи саноат тадбирҳои муассир наандешидааст. Ҳатто лоиҳаи қонуни “Сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат”-ро на мутахассисони вазорат, балки вакилони маҷлисҳои миллӣ ва намояндагон таҳия кардаанд.

Акрам Рӯзиев, муовини вазири саноат.

Акрам Рӯзиев, муовини вазири саноат гуфт, дар соли гузашта саҳми маҳсулоти саноатӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 15 дарсадро ташкил дода ва бар асоси барномаи “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030”, ин рақам бояд то 35 дарсад афзоиш ёбад. Аммо вакилони парлумон ба иҷрои ин дурнамо шубҳа карда ва гуфтанд, дар ҳоле ки вазорати саноат ва технологияи нав стратегия ва дурнамои рушди саноатро таҳия накардааст, аз кадом тариқ метавонад ба ин ҳадаф даст ёбад.

Ба гуфтаи раиси порлумон, таъсиси 5-10 корхонаи бузург роҳи ҳалли мушкил набуда, то соли 2030 ҳадди ақал 1000 корхонаи хурду миёна бунёд ва кадрҳо тайёр шаванд. Ин нуқта дар қонуни “Сиёсати давлатӣ

Баррасии тарҳи қонуни "Сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат", баҳси доғеро дар порлумон ба по кард.

​дар соҳаи саноат” дарҷ ёфта ва дар он стратегияи рушди соҳаи саноат, дастгирии давлат аз бахши хусусӣ аз тариқи ҷудо кардани грантҳою пешниҳоди қарзҳо ва бунёди садҳо корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ аз ҳадафҳои аслӣ унвон шудааст.

Ба гуфтаи Дилрабо Мансурӣ, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат ва сохтмон, “барои табдил ёфтани Тоҷикистон аз кишвари агарарии саноатӣ ба саноатии аграрӣ, сиёсати ягонаи давлат дар соҳаи саноат ва ҳамкории ҳукумат бо бахши хусусӣ лозим аст, то ин амр ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мунҷар шуда ва дар харидории давлатӣ низ ба маҳсулоти ватанӣ тарҷеҳ дода шавад”.

Дилрабо Мансурӣ, вакили парлумон.

​Феълан бештари маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ҳатто дар бозори дохил дар баробари молҳои хориҷӣ, бахусус, чинӣ рақобатпазир нестанд. Умдатан Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ маҳсулоти хом, мисли нахи пахта ва алюминиюмро содир мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2005-2015”, коркарди бахши аслии нахи пахта ва алюминиюм бояд дар дохили кишвар коркард мешуд. Аммо ин нақша иҷро нагардид.

Ба эътиқоди вакилони порлумон, ҳатто дар сурати коркарди ними ашёи хом дар дохили кишвар, ба будҷаи Тоҷикистон миллионҳо доллар ворид шуда ва садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мешуданд. Онҳо ба унвони мисол гуфтанд, ки ҳоло дар бозори ҷаҳонӣ нархи 1 килограмм нахи пахта 1,5 доллар буда ва дар сурати коркарди ин миқдор нах ду куртаи пахтагӣ истеҳсол хоҳад шуд, ки нархаш 200 доллар аст.

Шариф Раҳимзода, узви парлумон гуфт, чун Тоҷикистон саноати пешрафта надорад, ашёи хом ба хориҷа содир шуда ва фоидааш дар хориҷа мемонад. “Арзиши изофии молҳои содиротии Тоҷикистон 8-10 дарсадро ташкил медиҳанд, ки аз молҳои саноатии хориҷӣ ба маротиб кам аст. Масалан, арзиши изофӣ аз телефони мобилии “Айфон-6” беш аз 300 дарсад аст. Мо онро харидорӣ мекунем ва пулҳои зиёд аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ меравад. Танҳо роҳи раҳоӣ аз ин бумбаст тарҷеҳ додан ба рушди саноати пешрафта ва бунёди корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон аст”.

Шариф Раҳимзода, вакили парлумон.

Ин ҳарфҳо дар ҳолест, ки яке аз муҳимтарин дардҳои иқтисод ва саноати Тоҷикистон – камбуди нерӯи барқ аст, ки як сабаби муҳими бозистодани кори даҳҳо корхонаҳои саноатӣ шудааст. Таъсири омилҳои берунаи мисли бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ҳам билофосила ба вазъи саноати Тоҷикистон таъсиргузор шудааст.

Танҳо дар вилояти Суғди Тоҷикистон, биноба омори расмӣ, аз 330 корхонаи саноатӣ бар асари бӯҳрони иқтисодӣ дар як соли гузашта 100 корхона аз фаъолият бозмондааст. Дар вилояти Хатлон аз ҷумлаи 557 корхонаи саноатӣ, дар соли гузашта 161-тои он умуман кор накарда ва 146-тои дигар тавлиди маҳсулотро кам кардаанд.

Бо вуҷуди баҳси зиёд, рӯзи 1 феврал Қонуни “Сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” аз ҷониби аъзои маҷлис қабул шуд ва Маҷлиси намояндагон масъулони Вазорати саноат ва технологияи навро муваззаф кард, то бо дарназардошти вуҷуди ашёи хом дар минтақаҳои мухталифи кишвар барои бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар ҷудо кардани қитъаҳои замин ва қарзҳои имтиёзнок, содда кардани сабти номи давлатии корхонаҳо ва додани сабукиҳо дар пардохти андозу боҷи гумрукӣ барои воридоти таҷҳизоти муосир мусоидат кунанд.