Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди шимоли Тоҷикистон аз бӯҳрони молӣ берун шуд?


Дар 10 моҳи соли равон корхонаҳои саноатии Суғд ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд, ки ба идаои мақомот 145 дар сади нақшаро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки корхонаҳои саноатии манотиқи дигари Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде, аз ҷумла бӯҳрони молӣ ва бебарқӣ рӯбарӯ ҳастанд, дар шимоли кишвар вазъи беҳтаре ҳукмрон будааст.

Таҳаввулоти дигар ин аст, ки, ба қавли мақомоти маҳаллӣ, дар бисёр корхонаҳои истеҳсоливу кишоварзӣ ҷавонони муҳоҷири корӣ ё депортшуда ба кор ҷалб шудаанд.

Таҳлилгари муқими Хуҷанд Неъматулло Мирсаидов рӯзи 15 ноябр гуфт, ки дар рушди фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии Суғд дар баробари омилҳои дигар, нақши сармояҳои хориҷӣ хеле муҳим аст. Ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, "Суғд бештар ба ҷалби сармоя ва роҳандозии корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ муваффақ шуда ва интизор меравад дар соли оянда ду корхонаи оҳангудозӣ дар шаҳраки Истиқлол ба фаъолият оғоз кунанд."

Ҳосили сармояҳои хориҷӣ?

Неъматулло Мирсаидов.
Неъматулло Мирсаидов.

Мирсаидов афзуд, феълан саноати шимоли Тоҷикистон дар канори маъданҳои нодир ба мисли сурбу руҳ, тилло ва нуқра ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ низ оғоз кардааст. Аммо тибқи қонунҳои кишвар, тилло ва нуқраи истеҳсолшуда моли давлат ва ширкати тавлидкунанда мебошад. Чун соҳибони бештари корхонаҳои истихроҷи маъдан ширкатҳои чинӣ ҳастанд, бахши аслии маҳсулоти истеҳсолшуда моли ин ширкатҳо мешавад.

Неъматулло Мирсаидов бовар дорад, ки раҳбарияти вилоят ва тоҷирон бо дарназардошти вазъи ороми кишвар ва вуҷуди манбаъҳои табиӣ тавонистаанд миқдори чашмраси сармояҳои хориҷиро барои рушди иқтисодӣ ҷалб созанд. Вале ҳамзамон мегӯяд, давлати Тоҷикистонро зарур аст, барои ихтисоси имтиёзҳо дар пардохти андоз ва таъсиси шароити муносибтаре ба тоҷирон иқдом кунад. Дар ин сурат метавон дар вилояти Суғд рушди бештари иқтисодиро интизор шуд.

Муҳоҷирони собиқ муҳоҷири дохилӣ шуданд

​Таҳаввулоти дигар ин аст, ки, ба қавли мақомоти маҳаллӣ, дар бисёр корхонаҳои истеҳсоливу кишоварзӣ ҷавонони муҳоҷири корӣ ё депортшуда ба кор ҷалб шудаанд. Аз нерӯи ин ҷавонҳо ҳоло аксаран соҳаи сохтмони маҳаллӣ, аз ҷумла тарҳҳои бунёди шаҳракҳои нави мисли Сайҳун тақвият меёбад. Дар ҳамин ҳол, як муассиси ширкати хусусӣ дар вилояти Суғд гуфт, соле пеш дар корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзиаш танҳо 20 нафар машғули кор буданд. Аммо соли ҷорӣ вай тавонистааст, дар корхонааш ҳудуди 70 муҳоҷири собиқро ба кор гирад. Вай гуфт, ки ин сокинон дар канори кори муассири худ маоши баландеро талаб намекунанд.

Музаффар Юнусов, сухангӯи ҳукумати вилояти Суғд, рӯзи 15 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳам таҷдиди сохторӣ шуданд. Ба гуфтаи вай, тақрибан 63 ҳазор нафар соҳиби қитъаҳои замин шудаанд ва ҳамзамон тасмим шудааст, дар минтақаи Сомғор, ки масоҳаташ беш аз 5 ҳазор гектар мебошаду асрҳо бекорхобида дониста мешуд, боғҳои нав бунёд шаванд.

Тақсими замин ба довталабон

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров

​Сухангӯи ҳукумати Суғд афзуд, "ба ин хотир ба ҳар як довталаб ройгон 5 гектар замин тақсим шуда, онҳо метавонанд ниҳолҳои боғи худро аз тариқи системаи қатраӣ обёрӣ кунанд. Барои занҳои хонашин раҳбарияти вилоят аз чанд сол ба ин сӯ шуғли адрасбофии дастиро таблиғ мекунад ва ҳоло теъдоди зиёди бонувон аз ин кор даромад ба даст меоранд."

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, дар шарҳи омилҳои рушди бештари саноатӣ ва тиҷорат дар шимоли кишвар гуфт, як сабаб ба шеваи суннатии зиндагии сокинонаш марбут аст. Вай гуфт, мардуми шимоли Тоҷикистон асосан шаҳрнишин ва тӯли асрҳо машғули истеҳсоли саноатӣ буданд. Аммо дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон сокинон бештар рустонишину дунболи кишоварзӣ будаанд.

Чаро шимол рушд кард?

​Умаров вуҷуди сатҳи камтари фасодкорӣ дар шимоли кишварро як омили дигари рушди саноатӣ дар вилояти Суғд унвон кард. Вай гуфт, "ҳатто дар замони Шӯравӣ бахши аслии синфи коргар дар марказ ва ҷануби Тоҷикистонро русзабонҳо ташкил медоданд. Дар шимоли Тоҷикистон ҳам русзабонҳо буданд, вале панҷоҳ дарсади коргаронро намояндаҳои маҳаллӣ ташкил мекарданд. Ин ҳам як омили дигари рушди тиҷорату саноат дар шимоли Тоҷикистон мебошад."

Музаффар Юнусов, сухангӯи ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, то ду соли оянда шаҳраки Истиқлол ба маркази саноатии шимоли Тоҷикистон табдил мешавад. Вай гуфт, то ҳол шимоли Тоҷикистон минтақаи кишоварзӣ ва саноатӣ дониста мешуд, вале нишондодҳои соли ҷорӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки вилояти Суғд тадриҷан ба минтақаи комилан саноатӣ табдил меёбад.

XS
SM
MD
LG