Занҳо мардонро ба худкушӣ водор мекунанд?

Мақомот мегӯянд аксари онҳое, ки соли гузашта дар минтақаи Кӯлоб даст ба худкушӣ задаанд, мардон ҳастанд.
Наздик ба 50 нафар дар минтақаи Кӯлоб соли гузашта даст ба худкушӣ задаанд, ки назар ба соли 2011 дуюним баробар бештар аст ва аксари онҳое, ки ба ҷони худ қасд кардаанд, мардҳо будаанд.

Беҳрӯзи Садриддин, яке аз онҳое, ки худкушӣ кардааст, пеш аз видоъ бо зиндагӣ ба ҳамсараш занг зада, чизе гуфт ва сипас худро ба дор кашид. Беҳрӯз 22-сола буд.

Садриддин Сангмадов, падари ин ҷавон, дар марги писараш ҳамсар ва чанд узви оилаи ӯро гунаҳкор дониста, аз болои онҳо ба додситонии Шӯрообод шикоят бурдааст. Ин парванда дар ҳоли баррасист ва айбдоршавандагон иттиҳомро рад карданд. Яке аз волидони ин зан, ки нахост номи худу духтараш зикр шавад, гуфт, он ҷавон дар охирин тамоси телефонӣ танҳо бо завҷааш худоҳофизӣ кардааст ва миёнашон ҷангу ҷидоле набуда, ки он боиси худкушӣ гардад. Беҳрӯз бо он зан никоҳи мусалмонӣ дошта, зиндагӣ мекардааст, аммо волидайни писар ба ин никоҳ ҳеҷ гоҳ розӣ набудаанд.

Дар як худкушии дигар низ зане ба он айбдор мешавад, ки шавҳарашро то ба ҷое расондааст, ки розӣ ба марг шудааст. Инҳо нахустин парвандаҳое мебошанд, ки занонро дар худкушии мардҳо муттаҳам мекунанд. Одат ин буд, ки ғолибан касеро дар худкушии мардон айбдор намекарданд. Касе намехост, сирри оила берун равад ва дар аксар маврид худкушии мардонро ба шикасти рӯҳӣ ё бемориҳои равонӣ бастагӣ медоданд. Аммо Абдулваҳоб Искандаров, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, ҳангоми тафтиши чунин воқеаҳо маълум шуд, ки бештари мардон дар паи муноқишаҳои оилавӣ ва зери фишори мушкилоти зиндагӣ қасд ба ҷони худ карда, шумораи беморони рӯҳӣ миёни худкушҳо зиёд набудааст: «Ҳангоми тафтиши ҳодисаҳо маълум шуд, ки шумораи мардоне, ки бемории рӯҳӣ доштаанд, даҳ понздаҳ нафарро ташкил медиҳад, дигарон бештар бо сабаби муноқишаҳои оилавӣ, ки аз якдигарнофаҳмӣ дар оила сар мезанад, даст ба ин амал задаанд. Нисбати ҳамаи ин ҳолатҳо хоҳ, худкушии занҳо бошад, хоҳ худкушии мардон мо мавод тартиб дода, ба прокуратура супоридем».

Мардон дар Тоҷикистон бештар тариқи ба дор овехтан худкушӣ мекарданд, аммо соли гузашта ҳолатҳои дар дохили нақлиёти шахсӣ худро оташ задан ва истеъмоли доруҳои гуногун аз ҷониби мардон, ки дар гузашта хоси худкушии занҳо буд, низ ба қайд гирифта шудааст. Аммо мардоне, ки бо қасди худкушӣ дору хӯрдаанд, бо кӯмаки пизишкон наҷот ёфтаанд ва онҳое ба ҳалокат расидаанд, ки худро ба дор овехта ё оташ задаанд.

Кӯлоб яке аз минтақаҳои вилояти Хатлон аст ва саросари ин вилоят дар соли 2012 зиёда аз 130 ҳодисаи худкушӣ сабт шуда, танҳо дар 4 маврид парвандаи “то ба худкушӣ расондани инсон” боз гаштааст.

Низомиддин Ёқубов, як вакили мудофеъ, мегӯяд, чунин парвандаҳо гумон аст, то ба мурофиаҳои додгоҳӣ расанд, зеро исботи ҳолати ба худкушӣ расонидани кас хеле мушкил аст. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин ҳолатҳо шоҳиди аслии ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва наздикону пайвандони ҷониби гунаҳкор, ки аксаран шоҳиданд, манфиатдор нестанд, баёноти дуруст бидиҳанд: «Масалан, мард ба худкушӣ даст задаст ва фарзандон ё хусур хушдоман медонанд, ки ба ин кор ӯро зан тела додааст, аммо онҳо намехоҳанд, дубора зарар бинанд. Ҳам мард аз даст рафтааст ва аз ҳабс шудани зан касе манфиатдор нест. Ё зан дар хонаи шавҳараш худкушӣ кардааст. Падару хонаводаи писар манфитадор нестанд, ки барои ҳабси писарашон шоҳидӣ диҳанд. Баъдан дар миёни мо тоҷикон расме ҳаст, ки мегӯянд, писар ё духтарамон ҳалок шудааст ва бо баҳсҳои судӣ намешавад, ӯро зинда кард. Барои ҳамин аз идомаи баҳси худ даст мекашанд».

Минтақаи Кӯлоб яке аз қафомондатарин гӯшаҳои Тоҷикистон аст, ки корхонаҳо дар ин ҷо кор намекунанд ва заминҳои кишт камҳосиланд. Зиндагии аксари сокинони ин минтақа, ки беш аз 1 миллион нафаранд, аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ дар Русия мечархад. Аслан, ранҷи муҳоҷиратро мардон мекашанд ва мувофиқи ҳисоби расмӣ беш аз 300 ҳазор сокини минтақа муҳоҷирони мавсимиянд.

Бахтиҷамол Мирзоева, равоншиноси маҳаллӣ, бо назардошти мушкилоти мавҷуда мегӯяд, таъминоти зиндагӣ мувофиқи урфи тоҷикон бар дӯши мард аст. Ӯ мегӯяд, мардон ҷои кор ва музди доимӣ надоранд ва барои он ҳамеша бо ҷанҷолу хархашаҳои оилавӣ рӯбарӯянд, ки гоҳе ба худкушии мард ё зан меанҷомад: «Мард рӯзи дароз кору маблағ мекобад. Бегоҳ хаста ба хона меояд, ки зан аз ӯ талаб мекунад, ки чаро баъзе аз чизҳои рӯзгорро наовардӣ? Занҳо ҳолати рӯҳии мардҳоро дар ин вазъият намефаҳманд. Намефаҳманд, ки мард дар чунин ҳолат эҳтиёҷ ба навозиш дорад ва бояд зан фаҳмад, ки ӯ дар чӣ ҳолате қарор дорад. Аз ҳамин ҷо баҳсҳои хонаводагӣ ба зарбу лат меанҷомад, ки ахиран дар бисёр ҳолат боиси худкушии зан ё мард мегардад. Зан талаботаш қонеъ намешавад бар ивази талаб кардан латту куб ё ҳақорат мешунавад ва мард ҳам талаботи занро иҷро накарда, худро гунаҳкору дар ҷомеа нолозим медонад. Ин сабабҳои худкушиву ҷанҷолҳои оилавист».

Ҳанӯз рӯшан нест, тафтиши парвандаи худкушии Беҳрӯзи Садриддин бо чӣ хоҳад анҷомид. Агар зан дар ин қазия муттаҳам ва муҷозот шавад, аз эҳтимол дур нест, ки парвандаҳои нави ҳамсон боз хоҳанд шуд.