Ҷасади Сафарбек Хонов – сарбози 20-солаи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро – баъди зӯҳри шанбе дар зодгоҳаш ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон ба хок супурданд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Хонов рӯзи 25-уми август пас аз тақрибан се соати гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ дар ҳудуди деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кушта шудаааст.
Тақрибан се соат бо ӯ аз масофаи дур барои таслим шудан ва раҳо кардани “прапоршик” гуфтугӯ сурат гирифт, аммо сарбоз натанҳо таслим нашуд, балки ба сӯи дигарон низ тир холӣ кард. Маҷбур шуданд, ки ӯро безарар гардонанд
Анзурат Абдусаломзода, як масъули ҳукумати ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади сарбоз шаби гузашта ба дасти хонаводааш расид.
Идибек Хонов, падари сарбоз, мегӯяд, ки писараш ду рӯз қабл аз ин ҳодиса бо ӯ телефонӣ суҳбат дошт ва дар бораи таҳсили ояндааш дар донишгоҳ гап задааст. “Ба ман гуфт, ки ҳуҷҷатҳояшро дуруст кунам. Аммо дишаб ҷасадашро оварданд. Командираш аз Сафарбек таъриф кард ва гуфт, ки бачаи қобил буд. Фақат гуфтанд, ки дар як тирпарронӣ кушта шудааст, вале нагуфтанд, ки дар куҷо. Як тир дар дилаш зада буд”, - афзуд ӯ.
Шодибек Хонов, бародари Сафарбек гуфт, ки зоҳиран ҳодисаи гаравгонгирӣ ва кушта шудани бародараш тасодуфӣ набуд. Ӯ иддао кард, ки гӯё бародараш дар суҳбатҳои қаблӣ бо ӯ аз озори як прапоршик шикоят кардааст. “Гуфта буд, ки прапоршик пул мехоҳад. Як бор яке аз бародарон барояш пул дода будааст. Аз ҳамон як нафар шикоят дошт”, - гуфт Шодибек.
Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 26-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Сафарбек Хонов тақрибан соати 10-и рӯзи ҷумъа як “прапоршик”-и қисми ҳарбиро гаравгон гирифтааст. Далели чунин рафтори Сафарбек Хонов то ҳол шарҳ дода намешавад ва маълум нест, ки ҳадафи ӯ аз гаравгонгирии “прапоршик”-и қисми низомӣ чӣ буд. Баъзе манобеъ мегӯянд, ӯ бо худ норинҷак ҳам дошт.
“Тақрибан се соат бо ӯ аз масофаи дур барои таслим шудан ва раҳо кардани “прапоршик” гуфтугӯ сурат гирифт, аммо сарбоз натанҳо таслим нашуд, балки ба сӯи дигарон низ тир холӣ кард. Маҷбур шуданд, ки ӯро безарар гардонанд”, - гуфт манбаи Радиои Озодӣ.
Ин манбаъ исми “прапоршик”-и захмиро зикр накард, аммо гуфт, ӯ низ ҳангоми тирпарронӣ аз гарданаш захм бардошта, феълан дар беморхонаи шаҳри Хоруғ бистарист. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, Сафарбек Хонов моҳи майи соли 2016 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда ва то анҷоми хидматаш шаш моҳи дигар боқӣ монда буд.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми август дар сӯҳбати телефонӣ вуқӯи ҳодиса дар Дарвозро тасдиқ кард, вале аз шарҳи бештар худдорӣ намуд. Ӯ гуфт, “ҳодиса тафтиш мешавад. То тафтишот пурра маълум накунад, чизе гуфта наметавонем.”
Маҳмудҷон Бердиев, раиси ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз, ки ҳодиса дар онҷо рух додааст, гуфт, дар пайи тирпарронӣ ягон сокини маҳаллӣ осеб надидааст.
Дар Тоҷикистон дар як сол ду бор – баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи артиш баргузор мешавад. Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад.