Як сокини ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мегӯяд, писараш бо номи Аскаралӣ Саидов ду соли пеш аз қисми ҳарбии "2711"-и нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Дарвоз берун рафта, то ҳоло аз худ дарак надодааст.
Сафаргул Саидова, сокини ноҳияи Бохтар, рӯзи 24 март аз Радиои Озодӣ барои пайдо кардани писараш кумак хост ва гуфт, ду сол боз ҷустуҷӯяш бенатиҷа буданд ва мақомоти нерӯҳои марзбонӣ низ бо ирсоли шаш номаи ҷавобӣ ба дархостҳои ӯ қазияро рӯшан накардаанд. Ба қавли ӯ, мақомот дар номаҳои ҷавобии худ фақат ин нуктаро зикр кардаанд, ки Аскаралӣ ҳамроҳи ду ҳамхидмати худ бо силоҳ ба дидбонгоҳ ва аз он ҷо ба самти номаълум рафта, гум шудааст.
Саидова мегӯяд, хабари гум шудани писарашро 19 феврали соли 2013 тавассути комиссариати ҳарбии ноҳияи Бохтар шунида, то кунун ба худ наомадааст ва чашмонаш аз гиря хирабин шудаанд.
Вай талош дорад, барои худ муайян кунад, ки фарзандаш оё дар куҷое дармондааст, мурдааст ваё зинда. "Ягон хабар мешуд, ба ин ҷустуҷӯҳо ва хавотириҳо поён медод. Одам умедашро меканд. Вале ҳоло номаълум аст, ки ӯ дар чӣ вазъе қарор дорад. Ё бо ӯ чӣ кор кардаанд,"- гуфт мусоҳиби мо.
Ин сокини ноҳияи Бохтар афзуд, нопадид шудани писараш замоне иттифоқ уфтод, ки барои анҷоми хидмати сарбозии ӯ ҳамагӣ 40 рӯз боқӣ монда будааст: "Рӯзи 14 феврали соли 2013 бо писарам телефонӣ суҳбат кардам ва баъд панҷ рӯзи он - 19 феврал аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Бохтар мактуб омад, ки писарам гум шудааст."
Сафаргул Саидова гуфт, баъд аз шунидани ин хабар таҳаммули дар хона нишастанро надошт ва ҳамроҳи ду бародараш барои фаҳмидани асли воқеа 23 феврали 2013 ба ноҳияи Дарвоз ба қисми ҳарбӣ рафтааст.
Мақомоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, Аскаралӣ Саидов, сокини ноҳияи Бохтар, дар моҳи феврали соли 2013 барои навбатдорӣ ба дидбонгоҳ рафта, дигар ба қисми ҳарбӣ барнамегардад. Феълан гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғ нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда ва ҷустуҷӯи сарбоз Аскаралӣ Саидов идома дорад.
Модари Аскаралӣ мегӯяд, фарзандаш сиҳату саломат буд ва ӯро кормандони комиссариати ҳарбӣ дар соли 2011 аз "Тахтабозор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа гирифта, ба хидмати сарбозӣ бурдаанд.
Сафаргул Саидова мегӯяд, дар интизорӣ ва ҷустуҷӯи фарзанд нури чашмонашро гум кардааст ва ҳоло ба охирин умеди худ - рӯзноманигорон муроҷиат мекунад. Вай мегӯяд, шояд аз ин тариқ хабаре дар бораи писараш бифаҳмад ва қалбашро оромиш бахшад.