Абдулҳай Усмонов, сокини ҷамоати Муродтеппа-Амурзои ноҳияи Қабодиён 17-уми декабр ба «Озодӣ» гуфт, ки тайи 9 сол аст, ки фарзандаш Валӣ Усмоновро ҷустуҷӯ дорад, аммо аз ӯ дараке нест.
Абдулҳай Усмонови 70-сола меафзояд, ки фарзандашро дар моҳи октябри соли 2003 ба артиш даъват карданд ва ӯ дар қисми ҳарбии шумораи 23441-и ноҳияи Дарвоз хизмат мекард, аммо пас аз якуним моҳ хабар доданд, ки ӯ аз қисми низомӣ фирор кардааст. Абдулҳай Усмонов мегӯяд, ки агар писараш мегурехт, албатта ба хона бармегашт, вале на он сол ва на солҳои дигар аз фарзандаш хабаре нашуд.
Гарнизомии ҳарбии Додситонии низомии Хоруғ алайҳи Валӣ Усмонов бо ҷурми худсарона тарк кардани ҳисми ҳарбӣ парванда боз кард, аммо тайи ин чанд сол таҳқиқи парванда натиҷае надод ва маълум нашуд, ки Усмонов чӣ гуна ва бо мусоидати кӣ даст ба чунин коре задааст.
Абдулҳай Усмонов таъкид мекунад, ки мехоҳад зинда ва ё мурда будани фарзандашро донад. Вай ба номи вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев нома навишта хоҳиш мекунад дар пайдо кардани фарзандаш кӯмак кунад, аммо танҳ пас аз ду моҳ посух дарёфт мекунад. Дар нома гуфта шуда, ки волидони Валӣ Усмонов ба фарзандашон мусоидат кардаанд, ки аз қисми ҳарбӣ фирор намояд ва ҳамчунин барои паноҳ бурдани ӯ ба Узбакистон мусоидат кардаанд.
Абдулҳай Усмонов мегӯяд, ки аз ин посухҳои мақомоти масъул дар шубҳа афтодааст ва дар зинда будани фарзандаш шак дорад. Дар соли 2007 пас аз шикояти волидони Валӣ Усмонов, Додгоҳи низомии Тоҷикистон дубора барои рӯшан кардани сарнавишти аскари қисми ҳарбии 23441 ноҳияи Дарвоз, таҳқиқи парвандаро таҷдид кардааст.
Абдулҳай Усмонов мегӯяд, ки ҳамроҳи вакилони мудофеъ, ки ройгон барояш хизмат мекунанд, тамоми ариза ва санадҳои лозимаро рӯзи 13-уми декабр ба додгоҳ пешниҳод кардааст. Вай меафзояд, ки ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ нома навишта хоҳиш кардааст, ки барои рӯшан кардани сарнавишти фарзандаш мусоидат кунад.