Қонуни, ба истилоҳ “афви тилоӣ”-и Тоҷикистон садҳо оиларо шод, аммо ба камияш як шаҳрванди кишварро сахт андӯҳгин кард. Мирзо Муродов мегӯяд, “дигар ба ягон қонун ва қонунмандӣ бовар надорад” ва қонун дар дасти қонунсозон “бозича” шудааст.
Ин мард, шавҳари Зеварбону Пирова, зани кӯчарӯб аст, ки дар бомдоди 28 сентябр ҳангоми кор дар наздикии меҳмонсарои “Ҳаят Реҷенсӣ” зери чархи мошини Фирӯз Холиқзода -- ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт монда, ҷон дод ва қонуни афв Холиқзодаро аз ҳама гуна ҷавобгарӣ дар робита ба ин фоҷиа озод кард.
Ба ақидаи Мирзо Муродов, таҳқиқи парванда ба таври сунъӣ кашол дода шуд, то амрҳои Қонуни афв муайян шаванд. Дар додситонии шаҳри Душанбе шароити қатъи парвандаро шаҳр надоданд ва маълум нест, оё ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ танҳо ба беэҳтиётӣ айбдор мешуд ё ҳамчунин во гузоштани ҷабрдида дар ҳолати хатар низ.
Ба нақли шоҳидони ҳодиса, суръати “Мерседес”-и Холиқзода ҳангоми зарба ба тани зани 53-сола ба андозае баланд буда, ки ҷисми зан ба қисмҳо ҷудо шудааст. Ду ҳамкори Зеварбону Пирова бо дидани воқеа аз ҳуш рафтаанд. Баъд аз зарба ронанда мошинро бознадошта, аз ҷойи воқеа фирор кард. Шахсияти ронанда танҳо баъд аз як рӯз ошкор гашт ва зоҳиран, расонаӣ шудани воқеа мақомотро водор кард, парванда боз кунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз қазияи хабари расмӣ нашр накард ва ҷузъиёти онро низ эълом надошт.
Боз ҳам расонаҳои ахбори ом ошкор карданд, ки Фирӯз Холиқзодаи 31-сола ёвари додситони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Улфат Ҳусейнзода, писари декани пешини факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Нашрияҳо бар ин буданд, ки анъанаи беҷазо мондани фарзандони мансабдорон, ки дар садамаҳои маргбор муҷрим дониста мешаванд, ин бор дар намунаи Холиқзода мешиканад. Вале Қонуни афв ин қазияро низ амалан ба садамаҳое шабеҳ сохт, ки аз ҷумла писари хурдии раиси собиқи ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ гунаҳкори он шумурда мешуд.
Ин хабар аҳли хонаводаи Зеварбону Пироваро дилсард кард, аммо вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Саодат Амришоева мегӯяд, қонуни афв на парвандаҳои ҷудогона, балки анвои ҷиноятҳоро дар назар дорад. Вай меафзояд: “Хуб, акнун қонун қабул шуд ва ҳоло чизе гуфтан мисли он аст, ки ҳавопаймо ба ҳаво параду шахси дермонда даъво кунад. Қонун ҳамаи ҷиноятҳоеро, ки аз беэҳтиётӣ содир шудаанд, яксара бахшид ва ин парванда ҳам зери қонуни афв рафт.”
Ҳамзамон хонуми Амиршоева гуфт, хуб аст, агар гунаҳкори фоҷиа пеши наздикони Зеварбону Пирова равад ва аз рӯйи инсонгарӣ узрхоҳӣ кунад ва ба ин оила кӯмаки модӣ расонад.
Ақидаи ҳуқуқшиноси мустақил Файзинисо Воҳидова дар ин маврид фарқ мекунад. Вай мегӯяд, мақомоти додситонӣ мебоист, дар канори парвандаи садама ва ҳалокати инсон ҳамчунин даъвои ҷуброни зарари модӣ ва маънавиро низ ба додгоҳ месупурданд. Дар он ҳол, афв нисбати Фирӯз Холиқзода танҳо замоне қонунӣ буда метавонад, ки ин зарарро ҷуброн намояд. Мақомоти додситонӣ то ҳол қазияро шарҳ надодаанд ва аз ҷузъиёти он наздикони Зеварбону Пироваро дар ҷараён нагузоштаанд.
Ба ақидаи ҳарду ҳамсӯҳбати мо қонунгузории Тоҷикистон ҷуброни зарари модӣ ва маънавиро дар чунин ҳолатҳо дар назар гирифтааст ва муҳим аст, ки тарафҳо аз ин бандҳои қонун истифода кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳарчанд бо талаби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як ҳайате барои баррасии иҷрои Қонуни афв таъсис ёфта ва мансабдорон гуфтаанд, ки сарнавишти ҳар яке аз парвандаҳои марбут ба ин қонун дар алоҳидагӣ ҳал мешавад ва ба ягон амали коррупсионӣ дар ин мавриди роҳ дода намешавад, шавҳари Зеварбону Пирова бар ин аст, ки афви Фирӯз Холиқзода ғайриқоннуӣ сурат гирифтааст: “Агар чунин ҳодиса дар Русия мешуд, айбдоршаванда камаш 15 то 20 сол ҳукми ҳабс мегирифт.”
Ба ақидаи ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова, афв шудан аз сӯе ҳам ба манфиати Фирӯз Холиқзода нахоҳад буд: “Мо бояд дар назар гирем, ки Қонуни афв нисбати кӣ татбиқ мешавад? Нисбати ашхосе, ки ба гуноҳи худ иқрор ва аз карда сидқан пушаймонанд. Бино бар ин, вақте ки шахс аллакай худро гунаҳкор эътироф карду нисбати вай Қонуни афв татбиқ гардид, ин чунин маъно дорад, ки вай дар ин садама гунаҳкор аст ва ҳамин чиз асос мешавад, то ӯ ҳадафи аризаи даъвоӣ барои пардохти ҷуброн қарор гирад.”
Ин ҳуқуқшинос афв шудани ёвари додситонро ба он бастагӣ медиҳад, ки пешнависи Қонуни афвро Додситонии кулли Тоҷикистон таҳия кардааст ва дар он ба афв шудани кормандони риштаи додситонӣ диққати зиёд дода шуда, дар канори онҳо ҳамчунин кормандони додгоҳ, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои марзбон ба гунаи алоҳида зикр ёфтаанд.